Нашрияи Омӯзгор

Маърифати илми Аҷам

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Илму дониш зодаи табъу завқи қавму нажоди ҷудогона набуда, дар зимни ҷустуҷӯҳои  муҳаққиқони халқу миллатҳои мухталиф сурат гирифтааст ва ба ин маънӣ, аз аввал тамоюли байналмилалӣ дошт. Ин нуктаро дар мисоли таърихи ташаккули афкори илмии форсу тоҷик шарҳу тафсир додан мумкин аст.

Ҳафриёти археологҳо дар Суғд, Хоразм ва Марв аз инкишофи маданияти моддӣ дар давраи пеш аз аҳди исломӣ далолат мекунад. Маълумоте, ки илми бостоншиносӣ то кунун андӯхтааст, собит мекунад, ки дар Осиёи Қадим бунёду бунёни хоҷагиро кишоварзии обёришаванда ташкил медод. Илми ҳайат низ аз эҳтиёҷ ва махсусияти кишоварзии обёришаванда сар задааст. Назар ба ҳуҷҷатҳои кӯҳи Муғ, суғдиён тақвими хосеро ихтироъ карда буданд, ки нуфузи он то Ҳинду Чин расидааст.

Бостоншиносон боқимондаҳои чанд мушоҳидагоҳ ва олати расадро кофта ёфтанд, ки хосса аз савияи баланди тараққиёти агрономия дар қаламрави қавмҳои форсу тоҷики Осиёи Миёна дарак медиҳад. Дар тамаддуни асримиёнагии тоҷику форс дар қатори илмҳое, ки барои инкишофи онон шароити мусоиди таърихӣ фаро расида буд, математика ва астрономия ба авҷи тараққиёт расида буданд. Дарвоқеъ, сардафтари фанни алгебра, олими барҷастаи Аҷам Муҳаммади Хоразмӣ (асри IX) буд. Худи номи риёзӣ аз асарҳои ӯ «Китоб-ул ҷабр-ва-л-муқобала» баромадааст. Математикҳои машриқӣ низ асосгузорони тригонометрия буданд, ки он илми мусалласот ном дошт.

Аз тарафи онҳо бештар аз 100 ҷадвали дақиқи тригонометрӣ мураттаб сохта шудааст. Аз силсилаи кашфиётҳои риёзиётдонони форс-тоҷик, махсусан, сетояш дар таърихи математика нақши равшан гузоштааст. Яке кашфи истилоҳ - биноми Нютон барои ҳар гуна нишондиҳандаи натуралӣ мебошад, ки аз тарафи Умари Хайём, Насриддини Тӯсӣ ва Ғиёсиддин Кошонӣ собит карда шудааст. Дигар-кашфи касрҳои даҳист, ки низ ба Ғиёсиддин Кошонӣ муясар гардидааст. Сеюмӣ-исботи пастулати V-и Евклид мебошад, ки ба назарияи хатҳои мувозӣ оид аст.

Танҳо аз Мовароуннаҳр дар арзи ҳафт аср (IХ-ХV) аз 100 нафар мунаҷҷими заковатманд по ба арсаи илми ҷаҳонӣ ниҳодааст. Ибни Сино ҳамчун табиатшинос пешгӯии офатҳои табииро дар замин аз рӯи сайёраву ситораҳо дар осмон бо далелу бурҳони боварибахш собит мекард.

Алӣ Қӯшчии Самарқандӣ низ яке аз донандагони илми риёзӣ будааст. Дар байни рисолаҳои математикии Алӣ Қӯшчӣ, алалхусус, «Китоб-ул-Муҳаммад» машҳур аст, ки дар вақташ тавассути Рум ба Аврупои Ғарбӣ роҳ ёфта, ба мақоми муайяни илмӣ расида буд. Худи мафҳумҳои пешниҳоднамудаи Қӯшчӣ - ададҳои мусбат ва манфӣ бошанд, дар истилоҳоти илми тоҷикӣ ва ӯзбекӣ то рӯзҳои мо боқӣ мондаанд. Маҳз арзиши баланди илми ҳайатшиносони Самарқанд буд, ки ба асари Алӣ Қӯшчӣ «Рисолае дар фалакиёт» шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид.

Мунаҷҷимони аҷамӣ на фақат дар таҳия ва такмили ҷадвалҳои нуҷумӣ, балки дар муайян намудани шаклу андозаҳо, ҳисобу китоби нуқтаи эътидоли баҳорӣ ва тирамоҳӣ, чен кардани кунҷи моили минтақатулбурҷ (эклиптика) ба экватор, дар мураттаб сохтани тақвимҳои аниқ ва дар ихтироъ ва такомули дастгоҳҳои мушоҳида ва андозагирии астрономӣ ба комёбиҳое муваффақ шудаанд, ки мислашро таърихи илми ҳайъат надида буд. Олимони Шарқи Наздик ва Миёна, аз ҷумла, Аҷам дар илмҳои тиб, ҷарри асқол (механика) манозир ва маро (оптика), табақотуларз (геология), маодину ҷамодон (минералогия) ва ҷуғрофия (география) низ як силсила кашфиётҳои муҳимро ба амал баровардаанд.

Бори аввал дар таърихи илмҳои тиб ва биология Ибни Сино тахмин кард, дар об ва ҳаво организмҳои ба чашм ноаён зиндагӣ мекунанд: ба фикри табиби маъруф, онҳо ангезандаи бемориҳои сироятӣ мебошанд. Ин фарзияи илмӣ фақат пас аз ҳашт қарн баъди аз ҷониби Левен Гук сохта шудани микроскоп дар таҷриба собит карда шуд.

Шаш аср пеш аз Томас Уилис, Ибни Сино аломатҳои диабети қандро илман тавсиф карда буд:

Ба миқдори зиёд ва тез – тез шошидани бемор, ташнамонии ҳамешагӣ, беҳолии ӯ.

Абӯрайҳони Берунӣ ва Умари Хайём дар ташаккули мафҳумҳои вазни қиёсӣ ва услубҳои муайян кардани онҳо саҳми калон доранд. Абӯрайҳони Берунӣ аввалин касест, ки ақидаи ҷойивазкунии уфуқии қисматҳои рубъи маскунро баён намудааст. Бо мурури замон «хушкӣ ҷои баҳр ва баҳр ҷои хушкиро гирифтааст» мегӯяд. Олим биёбони Арабистонро мисол меорад, ки аз рӯи тахмини ӯ, пеш он ҷо баҳр мавҷ мезад ва ҳоло регзорест. Ба қавли Берунӣ, маҳз дар натиҷаи чунин ҷойивазкуниҳо ҷариву дараҳои азим ва кӯҳҳои сарбафалак ба вуҷуд омадаанд.

Қобилҷон ҲАБИБУЛЛОЕВ,

омӯзгори мактаби рақами 19, ноҳияи Муъминобод,

Аълочии маорифи Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш