Нашрияи Омӯзгор

Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Тоҷикистон як гӯшаи биҳиштосои замин буда, сайёҳону меҳмонони зиёде мафтуну шефтаи он гаштаанд. Тоҷикон бо забони тавоно, фарҳанг ва ҳунарҳои қадима дар арсаи олам маълуму машҳуранд. Дар кишвари мо солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст. Ин боиси боз ҳам афзудани шумораи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистони офтобрӯя гардидааст.

Воқеан, тоҷикон дар рушди фарҳанги миллӣ, ки як ҷузъи фарҳанги ҷаҳонист, нақши босазо гузоштаанд. Мардуми тоҷик аз давраи бостон то ба имрӯз ҳунарҳои зиёдеро доро будаанд ва аксар суннату анъанаҳои миллӣ то айёми мо боқист.

Ҳунарҳои мардумии тоҷик, ба монанди чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ, бофандагӣ, шерозабофӣ, рӯймолдӯзӣ, тоқидӯзӣ, ҷомадӯзӣ, қолинбофӣ, ҷӯроббофӣ, қуроқдӯзӣ, кешбофӣ, дегдонсозӣ, сандуқсозӣ, косибӣ, рассомӣ ва монанди инҳо хеле шуҳрат доранд ва мо вазифадорем, ки онҳоро ба наслҳои ояндаи миллат пешкаш намоем, омӯзонем ва ба тарбияи фарҳангии эшон саҳми босазо гузорем. Сайидои Насафӣ нақши ҳунармандро хеле барҷаста таҷассум менамояд:

Рӯ намеорад ба хони ҳеҷ кас соҳибҳунар,

Боғбон ризқи худ аз пушти гулистон мехӯрад.

Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба илму ҳунаромӯзӣ диққати ҷиддӣ дода, таъкид мекунад:

 Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест,

 Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест.

Чеҳраҳои фарҳангии халқи тоҷик дар ҳунарҳои мардуми он равшантар инъикос меёбад. Аз ин рӯ, ҳунарҳои мардумиро ҳифз бояд кард ва ба равнақи онҳо шароити созгор муҳайё бояд намуд.

Вобаста ба ин, моро мебояд, ки байни шогирдон тавсифу тарғиби ҳунарҳои мардумиро пурзӯр намоем ва ҷараёни ҳунаромӯзии онҳоро вусъат бубахшем. Бояд ба насли наврас дар бораи ҳунарҳои мардумӣ маълумоти саҳеҳу ҷолиб дастрас кард ва вобаста ба истеъдоду майлу хоҳишашон ба онҳо дар омӯзиши ҳунарҳои писандида мадад расонд.

Яке аз ҳунарҳои бисёр ҷолиб ва диққатҷалбкунанда, махсусан, барои бонувон, гулдӯзӣ мебошад.

Гулдӯзӣ таърихи хеле қадима дорад ва бостоншиносон таъкид кардаанд, ки он ба асри санг тааллуқ дорад. Гулдӯзӣ дар Тоҷикистон ҳунари мақбулу рушдёфта маҳсуб меёбад. Санъати гулдӯзии тоҷиконро мувофиқи услуб ба ду навъ ҷудо кардаанд: гулдӯзии тоҷикони кӯҳистон ва гулдӯзии тоҷикони водинишин. Сокинони кӯҳистон бештар либос, аз ҷумла, курта, хилъат, камзӯлчаҳо, шерозаҳои занона, миёнбанд, тоқӣ, гаҳворапӯш, рӯйпӯши чойник, чодари арӯсӣ, рӯҷо ва монанди инҳоро гулдӯзӣ мекунанд.

Гӯлдӯзони ҳунарманди водинишин бештар сӯзанӣ, зардевор, ҷойнамоз, рӯймол, пардаи тирезаю таҳмон ва амсоли инҳоро гулдӯзӣ мекунанд.

Умуман, байни халқи тоҷик беш аз 700 навъи гулдӯзӣ маълум аст.

Дар айёми мо барои ба роҳ мондани ҳунари гулдӯзӣ аз дастгоҳи техникии дӯзандагӣ истифода мебаранд, ки он бо номи “попурдӯзӣ” маъмул мебошад. Санъати гулдӯзии тоҷик пайваста инкишоф меёбад ва намунаҳои барҷастаи ин санъат дар бисёр намоишгоҳҳои байналмилалӣ роҳ ёфтаву бинандагонро мафтун месозад.

Хулоса, Тоҷикистони биҳиш-тосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

Мавҷигул ДАВЛАТОВА,

омӯзгори таърих ва ҳуқуқ,

мактаби №6-и ноҳияи Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш