Нашрияи Омӯзгор

Устоди арҷманди мо

Сана: 2018-07-25        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17-и деҳаи Ҷавонӣ 37 нафар омӯзгори ихтисосманд ва пуртаҷриба ба таълиму тарбияи насли наврас  машғуланд, ки яке аз онҳо омӯзгори химия ва биология Нуриддин Шарифов мебошад.

Устод Нуриддин Шарифов омӯзгори асил, серталаб ва кордон аст. Ӯ аз рӯзҳои аввали кори худ барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар мактаби азизаш кӯшиш менамояд. Ин аст, ки дар давраи фаъолияти ӯ дараҷаи дарсазхудкунии хонандагон беҳтар гардида, онҳо дар озмунҳои мактабӣ, ноҳиявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро соҳиб гардиданд. Дар баробари ин, ҳар сол шогирдони зиёди муаллим тавассути низоми тестии имтиҳонсупорӣ ба донишгоҳҳои ҷумҳуриамон дохил мегарданд. Соли 2015 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.

Дар ин рӯзи муборак шогирди устод Ф.Катаева, ки тавассути квотаи Президентӣ донишҷӯи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино гардидааст, дар назди Пешвои миллат суханронӣ намуд ва Пешвои миллат ба устод Шарифов аҳсант хонданд.

Айни ҳол устод Н.Шарифов роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилоти муассисаро ба зимма дорад. Банда низ тӯли се сол мешавад, ки дар муассисаи мазкур аз фанни забон ва адабиёт ба хонандагон дарс мегӯям. Бо кумаку маслиҳатҳои устод Шарифов мушкилиҳои пешомадаро дар раванди таълиму тарбия рафъ менамоям.

Устод бо ҳунару маҳорати хуби омӯзгорӣ шогирдонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, покдилӣ ва инсондӯстӣ тарбия менамояд.

Мо, шогирдон, аз кору пайкори ин омӯзгори собиқадор дарси ибрат гирифта, барои ободии Ватан ва диёри хеш ҳамеша кӯшиш мекунем.

 

Файзулло ИБРОҲИМЗОДА,

омӯзгори забон ва адабиёти мактаби №17-и

шаҳри Роғун


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш