Нашрияи Омӯзгор

Ояндаро имрӯз бояд сохт

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

«Омӯхтан ва фикр накардан ин беҳуда гузаронидани вақт аст, вале фикр кардан ва наомӯхтан кушанда аст», - мегӯяд Конфутсий. Омӯзиши пайваста ба шахс «нақб»-ро мекушояд, ки барои расидан ба ҳадафҳои шоиста василаи олии таҷриба аст. Ҷараёни ҷаҳонишавии андешаҳо исбот месозад, ки бе омӯзиши технологияҳои муосир инсон пеш намеравад. Самараи илмҳои андӯхтаи табииву риёзии мо аст, ки дар инқилоби азими технологӣ аз худ дарак медиҳем. Ҳатто кӯчактарин амали имрӯз тавассути техника сомон меёбад. Мисол А. Фейербах мегӯяд, ки: «Инсон танҳо он вақт ба чизе мерасад, ки ба қувваи худ боварӣ дорад». Пас, қувваи ҳофизаи ҷавонони имрӯзаи тоҷик аст, ки дар дунёи техникиву табиӣ кашфиёт мекунанд.

 Ман андеша мекунам, ки агар шахс аз донишҳои муосири илми техникиву экологӣ огоҳ бошад, пас дар ҷомеа чун узви пешбари як табақае саҳми бориз мегузорад. Масалан, имрӯз дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишвари мо омӯзиши илмҳои номбурда ба роҳ монда шудааст, ки ин то як андоза нақшаи дурнамои рушди соҳаи технологии мамлакатро (гарчанде қисмати зиёдашон назариявӣ бошанд ҳам), пур месозад. Олами имрӯзаи мо дунёи маҷозиеро ташкил медиҳад, ки интернет дар он мавқеи марказӣ дорад. Вале ҳар касе тибқи завқ, гӯё онро барои «вақтгузаронӣ» ва ё «дилхушӣ» истифода мекунад, ки ин аз дониши кофии соҳавӣ надоштани онҳо, махсусан, толибилмон шаҳодат медиҳад. Барои ин, гарчанде дар мактабҳо омӯзиши дарси технологияҳои иттилоотӣ ба роҳ монда шуда бошад ҳам, фикр мекунам, ки ин мувофиқи талабу мақсади замона нест. Зеро аксарияти истифодабарандагони интернет, махсусан, хонандагон фарҳанги чӣ гуна истифода намудани онро намедонанд. Аз ин рӯ, ман пешниҳод менамоям, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии қаламрави мамлакат соати дарсии наве бо номи «Фарҳанги истифодаи интернет»-ро ба роҳ монда шавад.

 Квинтилиан мегӯяд: «Шогирдон касеро думболагирӣ мекунанд, ки ба онҳо роҳ нишон диҳанд, на онеро ки хатоиро мефаҳмонанд». Аз ин рӯ, бояд роҳбалади шоҳроҳи ирфон низ малакаи хуби корӣ ва саводи кофии техникиро балад бошад. Ҳамзамон, ба аҳли аудитория аз ҳикмати ватандориву дарси мардонагӣ сабақ омӯзад. Ин суханҳоро ба он хотир мегӯям, ки дар як маҷлиси ботантана як шахсияти бисёр соҳибфазилат аз як ҷавони «донишҷӯи хушлибос» пурсид, ки фарқи «Ватан» аз мафҳуми «миллат» дар чист, ӯ надонист. Аз ин ҳол бошад, ман дар зери борони шарму хиҷолат монда, бисёр нороҳат шудам ва хостам, ки дар ин нукта ба хулосае омада, иброз намоям, ки агар хуб мешуд, боз барои баландтар бардоштани савияи маърифати толибилмони мо дар мактабҳо дарси «Худшиносӣ»-ро низ ба роҳ монанд.

 Бузурге мегӯяд, ки донистан хуб аст ва агар аз рӯи дониста амал намоӣ, пас, зафар хоҳӣ ёфт. Бинобар ин, донистани илмҳои дақиқу табиатшиносӣ метавонад насли навраси имрӯзро ба ояндаҳои дурахшони олами техникӣ ворид созад ва бистсолаи омӯзиши ин фанҳо бошад, як таҳкурсии мустаҳкам барои зафармандии эшон аст. Ҷавонони имрӯзаи мо маҳз ба тариқаи хеле олӣ огоҳ шудан аз илмҳои риёзиёту табиатшиносӣ метавонанд, ки кашфиётҳои чашмрасеро ба бор оваранд. Барои ин бошад, пеш аз ҳама, ҷавонони моро тафаккури хуби дарккуниву фаҳмиш лозим аст. Вобаста ба ин раванд, ҷиҳати ташаккули системаи фикрронии насли наврас бояд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна машғулияту машваратҳои амалиявӣ вуҷуд дошта бошад, то хонандаро ба фикр кардан водор намояд, то толибилм дарк карда тавонад, ки ӯ чӣ мехонад ва чӣ омӯхта истодааст ва омӯзгорро низ зарур аст, то хонандаро ба фикр кардан водор намояд. Роҷеъ ба ин масъала агар дар мактабҳо «Машғулияти иловагии фикрронӣ» ба роҳ монда шавад, ин барои ояндаҳо як падидаи неке мегардад оид ба пешбурди ҷомеаи тафаккураш солими дунявӣ.

 Тасаввур мекунам, ки ояндаи Тоҷикистон бо ҷавонони соҳибдилу матиниродааш хеле равшанзамиру дурахшон аст. Чуноне ки Эйнштейн мефармояд: «Агар кореро тасаввур карда тавонӣ, пас карда ҳам метавонӣ» ва ман фикр мекунам, ояндаи ҷавонони пас аз ин гуна бистсолаҳои дигаре чун савсани аз гулшани маънавиёт руста аз худ накҳати фархундагӣ хоҳанд дод ва ҷомеаро обод хоҳанд кард.

 

Умедҷон ЮНУСАЛИЕВ,

донишҷӯи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи

Мирзо Турсунзода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш