Нашрияи Омӯзгор

Таълими биология масъулияти муштарак мехоҳад

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 817        Шарҳ: 0

 

Эълони «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» такони бузург барои рушди фанҳои мазкур буда, дар заминаи он ҷудо гардидани қариб 2,5 млн сомонӣ барои озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат», ҳавасманд гардонидани волидон ва омӯзгорони насли наврас, ки дар ин озмунҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, нишони таваҷҷуҳи пайваста ва бевоситаи роҳбарияти олии кишвар аст.

Ҷиҳати омӯзиши самараноки фанни биология дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хоса дар мавриди омӯзиши анатомия ва физиологияи инсон усули таълим ва фазои аёнӣ тозагӣ мехоҳад.

Имрӯз мактабҳо ба омӯзгорони биология ва китобҳои дарсии ҷавобгӯ ба талаботи замон таъминанд. Ҳатто дар коллеҷи омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ мутахассисони ин соҳа тайёр карда мешаванд, ки макотиби ноҳия ва ҳатто берун аз ҳудуди онро бо муаллимони биология таъмин карда истодаанд.

Ҷиҳати омӯзиши амиқтари фанни биология дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбӣ, ба пиндори инҷониб, тадбирҳои муосири саривақтӣ заруранд, ки ҳалли онҳо на ба дӯши мақомоти марказӣ, балки вазифаи мақомоти маҳаллӣ, пеш аз ҳама, волидон, мутахассисони барномасоз дар самти компютерҳо, саховатмандон ва омӯзгорони фанни мазкур аст. Замоне ки дар мактаби миёна биологияро ба мо таълим медоданд, ҳатман дар баробари иттилои назарӣ тавассути ашё ва асбоби биологӣ дарси амалӣ ҳам доир мегашт (масалан, заррабин, устухони пластмассии одам, шакли чармии майнаи инсон, дил ва шарёнҳо). Дар ин росто, хонандаи (донишҷӯи) закӣ ва ҳушманди имрӯзи мо тавассути сайтҳои интернетӣ иттилои марбути фанро зуд ва бештар аз мо дарёфт карда, танҳо ба дарси амалӣ ниёз дорад. Дар ин замина, пешниҳод менамоям:

1. Тавассути ҷалби волидон, мутахассисони барномасоз дар самти компютерҳо, саховатмандон (соҳибкорон) ва омӯзгорони фанни биология тамоми дарсҳои амалӣ дар барномаҳои компютерӣ ҷой дода шаванд. Масалан, ҳангоми нотоза гардидани хун дар бадани инсон чӣ пайомадро ба вуҷуд меорад, чӣ гуна ғалаён мекунад, таркиби хун чӣ гуна аст, чӣ тавр оксигенро мешаконад? Имрӯз қудрати барномаҳои компютерӣ ба дараҷаест, ки метавонанд ба мисле, ки инсонро дар ҳақиқат, ҷарроҳӣ карда истодаанд, амали ҷарроҳӣ гузаронанд, ёрии аввалии тиббиро намоиш диҳанд ва амсоли инҳо.

2. Харидории таҷҳизоти лабораторӣ барои таълими фанни биология хубтар ба роҳ монда шавад.

3. Усули фаъоли таълим пурра ба роҳ монда шуда, аз лексия камтар истифода шавад.

4. Аз рӯйи имкон ҳамбаста-гии таълими мавзӯъҳои анатомия ва физиологияи одам дар муассисаҳои миёнаи касбӣ бо бунгоҳҳои тиббӣ ба роҳ монда шавад. Зеро дар клиника ва бунгоҳҳои тиббӣ бевосита ба асбобу анҷоми лабораторӣ ва воситаҳои дигари аёнӣ мувоҷеҳ мешавем, ки албатта, барои омӯзиши амиқи фанни мазкур дар замони муосир заруранд.

Ҳамин минвол, метавон омӯзиши амалии олами вуҳуш ва набототро дар ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ, боғи ҳайвонот, хоҷагиҳои занбӯриасалпарварӣ ва моҳидорӣ ба роҳ монд. То он ки даҳ соат дар бораи сохти моҳӣ лексия хонем, беҳтар аст, ки хонанда бо дасти худаш моҳиро дошта, онро чок карда, узвҳои онро мавриди омӯзиш қарор диҳад ва ҳамзамон, аз мутахассис-моҳипарвар бемориҳои моҳӣ ва роҳҳои табобати онро шунавад.

Абдуаҳад ШАРИФОВ,

омӯзгори коллеҷи омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш