Нашрияи Омӯзгор

Барандаи лоиҳаи «Беҳтарин олими ҷавон – 2021»

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Бо ибтикори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил амали лоиҳаи «Беҳтарин олими ҷавон – 2021», ки ба таблиғи илм ва муваффақияти шахсии олимони ҷавони тамоми ИДМ ва Аврупо нигаронида шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Дар ин лоиҳа олимони ҷавони то 35-сола аз 12 давлат ширкат варзиданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳрулло Файзализода, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав дар он иштирок намуд.

Зимни ҷамъбасти лоиҳа Е. Ешим, роҳбари Бунёди Ҷамъиятии «Ассотсиатсияи байналмилалии олимони Молдова» ва Е. Абиев, роҳбари Ассотсиатсияи шахсони ҳуқуқӣ дар шакли иттиҳодияи «Ҳаракати миллии «Бобек», Баҳрулло Файзализода, дотсенти ДДБ ба номи Носири Хусравро бо дипломи дараҷаи 1 ва бо медали «Беҳтарин донишманди ҷавон – 2021»-и ИДМ барои саҳмгузорӣ дар рушди илм ва маориф мукофотонида шуданд.

Комрони Бахтиёр, сардори маркази матбуоти донишгоҳи мазкур дар робита ба ин, афзуд, ки аз тарафи маъмурияти донишгоҳ нисбат ба олимони ҷавон таваҷҷуҳи махсус равона гардидааст ва доиман мавриди дастгирӣ қарор доданд. Чорабиниҳо ва озмунҳои гуногун ва қадрдониҳои олимони ҷавон пайваста сурат мегирад. Маҳз ин боис гардида, ки олимони ҷавони донишгоҳ пайваста кор карда, донишҳои худро боз ҳам баландтар бардоранд. Ин аст, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аксаран ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд.

С.АЗИЗӢ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш