Нашрияи Омӯзгор

Таъминот бо ҷойи кор

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 817        Шарҳ: 0

 

Яке аз масоили нигаронкунандаи имрӯз бо ҷойи кор таъмин гардидан ва ё ба ҷойи кор ҳозир шудани хатмкунандагони муассисаҳои олии кишвар мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксаран хатмкунандагон аз таъмин набудан бо ҷойи кории тахассусӣ изҳори норозигӣ мекунанд. Дар асл худи онҳо ба ҷойи кори раҳнамоикардаи муассисаи олӣ ҳозир нашуда, баҳонаҳои гуногунро пеш меоранд. Вобаста ба ин масъала, бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷамъомад баргузор гардид.

Дар он Садафмоҳ Сафарзода, сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳбуба Абдураҳмонова, мутахассиси пешбари раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми ҶТ Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Ҷамшед Шукурзод, сардори раёсати кадри ДДБ ва Диловар Ҷабборов, ҳуқуқшиноси донишгоҳ ва намояндагони маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, донишҷӯён иштирок ва суханронӣ карданд.

Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ дар хусуси тақсимоти мутахассисон ва бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон изҳори андеша намуд.

Садафмоҳ Сафарзода, сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шакл, нафъ ва муҳтавои тақсимоти мутахассисон ва бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон суханронӣ кард.

Диловар Ҷабборов, ҳуқуқшиноси донишгоҳ дар баромади худ зикр кард, ки мутобиқи банди 8-и Қоидаҳои баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки тибқи роҳхат ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд, маблағҳои хароҷотшуда ба тариқи суд рӯёнида мешаванд. Даъвои судӣ аз ҷониби муассисаи таълимӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳамчунин, мутобиқи банди 9-и қоида гуфта мешавад, ки бе пардохти маблағ диплом ба мутахассиси ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намуда, вале тибқи роҳхат ба кор ҳозир нашудааст, дода намешавад.

С.АЗИЗӢ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш