Нашрияи Омӯзгор

Истеҳсоли биогаз душвор аст?

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Бо шогирдонам И.Давлатов ва Ғ.Насратшоев оид ба истеҳсоли биогаз тадқиқот гузаронидем. Барои гузаронидани тадқиқот аз таҷҳизоти зерин истифода намудем: зарфи пластмассии 5 - литраи сарпӯшдор,  найчаи резинии 0,05 - миллиметра ба андозаи 50 сантиметр, сим барои бастани найча, 0,5 миллиметр плёнкаи полиэтиленӣ, 0,5 кг. ахлоти тари гов ва 0,5 литр об.

Тарзи иҷрои кор чунин буд: Ба зарфи пластмассӣ 0,5 кг. ахлоти тари говро андохта, аз болояш 200 – 300 грамм об рехтем. Ахлот ва обро омехта намудем. Ба сарпӯши зарф найчаро тавре маҳкам намудем, ки аз паҳлуҳои найча ҳаво нагузарад. Сарпӯши зарфро мустаҳкам намуда, барои боз ҳам ҳавоногузар шудан бо плёнкаи полиэтиленӣ бастем.

Барои зери хок намуданаш аз ҳаҷми ин зарф ба андозаи 20 см чуқур чоҳ кандем. Зарфи омоданамударо ба он ҷо карда, бо хок рӯйпӯш намудем. Найчаи сарпӯши зарфро бошад, аз хок берун карда, бо сим бастем, то ки аз он ҳаво набарояд.

Ҳамин тариқ, ҳар ҳафта найчаи қатъшударо кушода, гӯгирдчӯби сӯхтаистодаро ба он наздик намудем. Мушоҳида намудем, ки баъди ҳафтаи 5 –ум гази аз найча баромада месӯзад. Маълум шуд, ки аллакай биогаз ҳосил шудааст.

Тавсияҳо оид ба истеҳсоли биогаз

Барои тайёр намудани биогаз дар минтақаи Бадахшон ва дигар манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон шароит ва имконият фаровон аст. Барои ин чуқуриеро ба андозаи 10 метри кубӣ, яъне бо дарозии 2,5 метр, бари он 2 метр ва баландии он ҳам 2 метр канда, деворҳои чуқуриро ба андозаи 20 сантиметр бетон кунед. Аз боло онро тавре пӯшонед, ки ҳаво набарояд. Гирдогирд ва болои он бо хок рӯйпӯш шавад. Ҳамин тариқ, чоҳи газҳосилкунӣ тайёр мешавад. Аз боло дар як кунҷи чоҳ дарича монда шавад, ки тавассути он ба чоҳ метавонед ахлот резед ва баъди истифодаи биогази истифодашуда ахлоти дохили онро тоза намуда, барои аз нав истеҳсол намудани биогаз ба он ахлоти нав партоед. Дар кунҷи дигари чоҳ қубури диаметраш 0,20 - миллиметраи дорои ҷумак насб кунед.

Ин амалро метавонед дар дилхоҳ даври сол иҷро намоед. Ба чоҳи омодашуда метавонед то 5 метри кубӣ ахлоти чорво андозед, ки он 40 – 50 фоизи ҳаҷми чоҳро пур мекунад. Агар намнокии ахлот кам бошад, ба дохили он 30 – 40 литр об илова карда, омехта намоед. Намнокии он на бояд аз ҳад зиёд бошад. Даричаи чоҳро тавре маҳкам кунед, ки аз даруни он газ ба берун набарояд. Баъди 4-5 моҳ ҷумакро кушода, эҳтиёткорона бо гӯгирд санҷед, ки газ ҳосил шудааст ё не? Вақте ки биогаз ҳосил шуд, ҷумакро ба қубури дастгоҳи (печи) газӣ пайваст намуда, биогазро истифода баред.

Миқдори биогази дар чунин чоҳ ҷамъшударо мумкин аст, ки ҳар як оила аз 4 то 5 моҳ истифода барад.

Нодиршо ДАВЛАТОВ,

омӯзгори химияи мактаби №35, ноҳияи Роштқалъа, Аълочии маорифи

Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш