Нашрияи Омӯзгор

Илм сафобахши ҳаёт аст

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Аз таърихи инкишофи табиатшиносӣ бармеояд, ки дар ҳама давру замон ин соҳа яке аз воситаҳои асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб мерафтааст. Кашфиёти илмӣ ва татбиқи амалии онҳо ба  тақдиру сарнавишти инсон таъсири беандоза калон дорад.

Кашфи қонунҳои механика дар асри 17, сохтани  мошину механизмҳо, кашфи мавҷҳои электронӣ ва бунёди эдектротехника дар асри 19, радиотехника ва радиоэлектроника, пешниҳоди назарияи  ядрои атом, кашфи асрори ирсият дар нимаи 2-юми асри 20 ва ин гуна мисолҳоро бисёр овардан мумкин аст, ки  аз  пешрафти  илмҳои  дақиқ  шаҳодат медиҳад. Ман дар дарсҳои худ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ин нишондодҳо хуб истифода мебарам.

Дар айни замон, инсони асри 21  ба экология, ки як ҷузъи муҳими фанни табиатшиносӣ мебошад, аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Инсон ва табиат ба ҳодисаҳои он на танҳо бо ҳисси шавқу завқ ва эҳтиром, балки бо тарсу ҳарос  низ менигарад.  Мегӯянд, ки илми табиатшиносӣ ба инсон  на танҳо хайру манфиат, балки шинохти бештар  ва асрори онро меомӯзад. Бояд омӯзиши мо аз  табиат  ҷанбаи  қавии илмӣ дошта бошад. Ҳамаи донишҳои мо  дар бораи табиат ва олами атроф илман  асоснок бошанд.

Мафҳуми  илмро таҳлил намуда, профессор А.В. Малко қайд менамояд,  ки дар зери  мафҳуми мазкур  фаъолият оид ба омӯзиши донишҳои нав ва ҳамчунин, натиҷаи  ин фаъолият, низоми донишҳои  дар ҳамин лаҳза ба даст омада  фаҳмида мешавад. Илм кӯшиш менамояд, маълумоти навро ба даст оварад, ақидаҳоро пешкаш намояд.

Инсон бояд ҳодисоти аслӣ, низоми тарзҳо, усулҳои истифода бурдани  ин донишҳоро дар ҷамъият   пешкаш намояд, табиат ва ҷомеаи  ба вуҷуд ояндаро бифаҳмад ва онро шарҳ диҳад.  Дар ин роҳ инкишофи ақлии инсон, яъне  ривоҷёбии  шуури  ӯ  мавқеи хоса пайдо карда, бо дарккунии  ин ҳодисаҳо донишҳояш  ривоҷ меёбанд ва он ба пайдошавӣ ва рушди гурӯҳи илмҳои алоҳидаи  иҷтимоӣ оварда мерасонад.

Илм яке аз шохаҳои  фарҳанги инсоният буда, ба рушду инкишофи ҷамъият вобастагии зич  дорад. Мушкилоту  ихтилофи вазъи имрӯза гувоҳи он аст, ки илму дониш,  дар ҳақиқат,  ба зуҳуроти  проблемаҳои экологӣ ва масъалаҳои  дигари ҳалталаби замон  сабабгор аст.  Дар айни замон, ҳалли ин проблемаҳо бидуни илм ва инкишофи минбаъдаи  он ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, нақши илм дар ҷомеаи  инсонӣ  рӯз аз рӯз меафзояд ва дониставу надониста  паст задани мақоми илм дар ҷамъият ба оқибатҳои нохуш  хоҳад овард.

Қонунҳои табиӣ, ки  дар табиат новобаста аз ирода ва шуури одамон  вуҷуд доранд, мавзӯи омӯзиши  илми табиатшиносӣ  мебошад. Албатта, ҳодисаҳои табиӣ ба монанди заминларза, вазидани шамол, бориши барфу борон, тӯфонҳои шадид, раъду барқ, хурӯҷи  баъзе бемориҳо, новобаста аз ирода ва хоҳиши одам ба вуҷуд меоянд. Аммо вақте ки инсонҳо ба қонунияти ба амал омадани онҳо сарфаҳм раванд, онҳоро ба манфиати худ метавонанд истифода баранд. Масалан, дар Конибодом, як мавзее ҳаст бо номи Работ ва он ҷо ҳамеша, дар ҳар чаҳор фасли сол  шамол мевазад ва он ҳам  фақат аз самти шарқ ба тарафи ғарб.  Азбаски дар ҷумҳурии мо истеҳсоли неруи барқ  аз масъалаҳои доғи вақт аст, аз ин ҳодисаи табиат метавонем ба манфиати мардум истифода намоем. Ин гуфтаҳо ба  ин маънист, ки дар ҳамин мавзеъ неругоҳҳои бодӣ сохтан мумкин аст, ки ҳам хеле  арзон меафтад  ва ҳам  аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.  Яъне, чунин  усул  натиҷаи  заҳмати  мутахассисони  соҳаи  физика  хоҳад  буд, ки  дар  пешрафти  рӯзгори  мардум  ҳиссаи  худро  мегузоранд.

Гулбаҳор Ниёзматова,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби хусусии ба номи О. Ҷӯраеви шаҳри   Конибодом


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш