Таърихи куҳандиёри тоҷикон саршор аз воқеоти бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар сарнавишти халқи мо нақши тақдирсоз бозидаанд. Ҳар яки мо муваззафем, ки аз имрӯзу дирӯзи таърихи ниёкони хеш бохабар бошем. Ба ин маънӣ Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ фармудаанд:
Ба ибрат зи пешиниён ёд кун,
Дил аз ёди пешиниён шод кун.
Ҳоло вобаста ба ин таъкид китобҳои таърихиро варақ мезанем, то бидонем, ки Ориён чӣ маънӣ дорад? Аз рӯйи омӯзиши китобу дастурҳои таърихӣ дарёфтам, ки як муҳаққиқи ҳамзабони мо Абдулазим Ризоӣ навишта: “Решаи вожаи «айриа», ки дар Авасто омада, ба маънои пок, покзод, покнажод ва арҷманд аст. Ва дар аҳди биринҷ дар Осиёи Марказӣ таҳаввулоти этникии муассир падид омадаанд, ки ин ҷараён боиси рушду такомул ва ояндаи дурахшони мавзеи ҷуғрофӣ гардид. Айни замон ин такон кишварҳои ҳаммарз - Ҳиндустон то Аврупои Ҷанубӣ - Шарқиро, ки масоҳати бузургеро дар бар мегирифт, ба ҷунбиш овард, дар густариши ин ҷараён, чи тавре ки аз давраи оғози таърих, аз мадракоти қиёсии таърихию забоншиносӣ ва ҳафриёт маълум мешавад, қавму тоифаҳои эронинажод: суғдиён, бохтариён, марғиёниҳо, хоразмиҳо, портҳо, қабилаҳои гуногуни сакоӣ ва дигарон саҳмгузоранд”. Донишманди бузурги Шарқ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров дар асари машҳури худ “Тоҷикон” менависад: “Ҳоло дар натиҷаи кофтуков ва бозёфтҳои ҷудогонаи археологӣ ба дасти олимон матнҳои ба чандин забони эронӣ навишташуда расидаанд, ки ин забонҳо дар давраҳои қадим ва асрҳои миёна дар Осиёи Марказӣ ва ноҳияҳои сарҳадии он паҳн гардида буданд. Инҳо забонҳои суғдӣ, хоразмӣ ва хутану сакоӣ буданд, ки ба гурӯҳи забонҳои шарқиэронӣ дохил мешаванд. Забони портӣ ба гурӯҳи забонҳои ғарбиэронӣ дохил шавад ҳам, вале бештар таҳти таъсири забонҳои шарқиэронӣ қарор гирифта буд, низ аз ҳамин қабил забонҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешуд. Дар нимаи аввали ҳазораи якуми қабл аз мелод дар яке аз вилоятҳои Осиёи Марказӣ ва атрофи он лаҳҷае мустаъмал буд, ки дар асоси он китоби муқаддаси оини Зардуштӣ – “Авасто” иншо шудааст”.
Дар асоси маъхазҳои таърихӣ соли 2006 дар Тоҷикистон Соли тамаддуни Ориёӣ эълон гашт. Вобаста ба ин тадбири ватандӯстона, сару садоҳои муғризонае низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баланд шуданд, ки хеле бебунёду аз воқеият фарсахҳо дур буданд. Ба фаҳмиши ин зумра, гӯё тамаддуни ориёӣ ва арзишҳои он ба эҳсоси динии мардуми мусалмон халал ворид мекарда бошад. Пешвои миллатамон аз ин лиҳоз, дар китобашон бо номи “Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ” навиштаанд; “Чунин гузориши масъала аз воқеият дур аст. Воқеият ин аст, ки тамаддуни ориёҳоро ҳамчун падидаи сирф фарҳангӣ баррасӣ карда, ба наслҳои имрӯзу оянда омӯхтани онро ба хотири шинохти беҳтар ва амиқтари баромади миллати тоҷик талқин менамоем. Ва ин амал пояҳои дини мубини Исломро, ки аксари мардуми мо пайрави онанд, заррае халалдор нахоҳад кард. Зеро дини мубораки ислом дар давоми асрҳои дароз ба тарзи ҳаёт ва як қисми таркиби зиндаги мардуми мо табдил ёфтааст”.
Сарнавишти хат ба сарнавишту ҳаёти мардумаш хел вобаста мебошад. Зеро ҳар миллату халқиятро бештар аз рӯйи осори хаттиаш баҳо дода мешиносанд. Аз рӯйи ин осори хаттӣ, ки аз давраи қабл аз мелод мондаанд, ошкор мешавад, ки қавми Ориёиҳо аз рӯзи мавҷудияташ аз илму дониш бархурдор будааст, ки сабаби бақои тамаддуну фарҳангаш низ ҳамин донишу илму хирад доштанаш мебошад.
Нақши мардуми ориёинажод дар бунёди кохи бегазанди тамаддуни фарҳанги ҷаҳонӣ беназир аст. Яке аз бузургтарин китобҳои дунё, ки дар замони Ориёиҳо навишта шудааст, “Авасто” аст, ки қадимтарин ва комилтарин манбаи хаттии гузаштагони мост.
Мувофиқи хулосаи олимон бахшҳои гумшудаи ин китоби бузург мавзӯъҳои ғайридиниро низ дар бар мегирифтанд, ки аз заковату донишмандии мардуми ориёӣ дарак медоданд. Яке аз илмҳое, ки дар китоби “Авасто” нақши барҷаста дорад, илми тиб дониста мешавад.
Насли хушбахти замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз бояд аз пайи бештар ва амиқтар омӯхтани гузаштаи ниёкони худ бошад.
Ин насли ҳумоюнбахт имкон дорад, ки озодона ва бемонеа китобҳои таърихиро дастрас намояд ва аз онҳо баҳравар шавад, то сиришти худро ба зару зевари маърифату дониш ва ифтихори миллӣ биёрояд.
Барои ин насл корномаҳои Абӯмуслими Хуросонӣ, Муқаннаъ, Сумбод, Беҳфарин, Исмоили Сомонӣ, Абулфазли Балъамӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Абӯалӣ Сино...-ро донистан муҳим аст, то бо сари баланд бигӯянд, ки аз авлоди ин бузургмардонем. Ва ҳамеша дар зеҳнаш ин мисраъҳоро нигоҳ бидоранд:
Ифтихорам аз гузашта бо дами шамшер нест,
Ифтихорам тохтан не, сӯхтан не, ғорату тасхир нест.
Се ҷиҳозам буд аз рӯзи азал дар рӯзгор,
Се силоҳи зиндагонӣ: хомаю ною сипор.
Матлуба САТТОРОВА,
омӯзгори мактаби №3,
ноҳияи Фирдавсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр