Нашрияи Омӯзгор

Наҳзат ва хиёнат

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Раҳбари ташкилоти террористӣ ва экстремистии наҳзати исломӣ, ки чун гуреза дар мамолики исломиву аврупоӣ қарор дорад, зимни мулоқоту вохӯриҳояш бо аксар созмону муассисаҳои давлативу ғайридавлатии исломиву аврупоӣ барои ҳамкорӣ бо наҳзати ифротгаро ва шиносонидан ба ҷамъияти он кишварҳо гуфтугӯйҳо анҷом медиҳад. Вай дар суханрониҳо аз муваффақияту дастовард ва имкониятҳои ҳизби наҳзат ёдовар мешавад, дар баъзе ҳолатҳо худро ҳомии асосии дини ислом ва ҳокими мутлақ ҳисобида, бори туҳмату буҳтонро бар сари давлату миллат ва мардуми Тоҷикистон мерезад.

Ҳангоми мулоқот бо ашхоси гуногун перомуни наҳзатиҳои фирорӣ, ки чун одати ҳамешагӣ баъди ба шӯр овардани ҷамеа роҳи гурезро пеш мегиранд (замони ҷанги шаҳрвандӣ низ ба Афғонистон фирор карда буданд), сухан мекунад ва бо тамаллуқ аз аҷнабиён изҳори қаноатмандӣ менамояд, ки дар давраи барои наҳзатиҳои фирорӣ душвор ба онҳо кумак мерасонданд. Чунин сипосгузориҳо танҳо ба хотири дастгирии «дӯстонаш» аз ТТЭ ҲНИ аст, чунки роҳбарону аъзои гурезаи ҳизби мазкур ҳоло дар Аврупо маскан гирифта, бо ҳар роҳу восита ба давлату миллати тоҷик бо чашми хашму хусумат менигаранд.

Ҳоло сарвари ҳизби мамнуъшуда худро ба ҳар дар мезанад, ки «ёридиҳандае» ё «хайрхоҳе» пайдо кунад. Инро ҳама медонанд ва дар хотир доранд, ки раҳбарони қаблии наҳзат низ бо ҳамин роҳ ба ҳукумат даст ёфта буданд. Ва бо кумаки хоҷагони худ вазъи кишварро табоҳ намуданд.

Воқеан ҳам, стратегияи асосии ҳизби наҳзатро ислоҳи ҷомеа номанд ҳам, аслан, стратегияи ҳизби тундгарои наҳзати исломӣ ислоҳи ҷомеа набуда, балки исломикунонии ҷомеа аст. То имрӯз наҳзат дар ҷомеа ягон ислоҳоте нагузаронидааст, ки ҳамчун ислоҳгар шинохта шавад.

Ташкилоти террористӣ ва экстремистии наҳзати исломӣ дар сиёсат барои худ исломро, чунонки мехоҳад, тағйир медиҳад ва инро падидаи нав дар ҳаёти наҳзатиҳо мешуморад. Гоҳо худро исломи сиёсӣ меноманд, гоҳи дигар исломи фарҳангӣ, гоҳҳо исломӣ гурӯҳиву гоҳи дигар исломи оилавӣ. Хусусияти хоси исломгароии сиёсии онҳо дар он зоҳир мегардад, ки муносибати мусулмон ба мушрикон ва ғайримусулмононро ба принсипи дохилиисломӣ табдил дода, аз ҷониби як мусулмон такфир хондани мусулмони дигарро раванди нав дар ҷомеа меҳисобанд.

 

Ф. ҒАФФОРЗОДА,

омӯзгори мактаби №15,

 шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш