Нашрияи Омӯзгор

Иҷозатнома барои 14 ихтисоси нав

Сана: 2018-07-25        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода нахуст оид ба дастоварду комёбиҳо ва мушкилоти мавҷуда маълумоти фишурда ироа намуд. Ректор  зикр кард, ки таҳсилот дар донишгоҳ дар 16 факулта ва 72 кафедра ба роҳ монда шудааст.

Донишгоҳро дар соли таҳсили 2017-2018 4546 нафар аз рӯи 66 ихтисос хатм намуданд.

Соли ҷорӣ донишгоҳ барои тадриси 14 ихтисоси нав, аз ҷумла, санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ-ҳунарҳои халқӣ, забон ва адабиёти тоҷик-рӯзноманигорӣ иҷозатнома гирифт. Давоми шаш моҳи соли равон 22 маҷмӯаи илмӣ, 10 монография, 12 китоби дарсӣ, 18 дастури таълимӣ ва беш аз 1400 мақолаи илмӣ ба нашр расид. Ҳоло дар донишгоҳ 5 Шӯрои диссертатсионӣ амал мекунад ва дар нимсолаи аввали соли 2018 ҳафт нафар унвонҷӯ рисолаҳои номзадии худ-ро сарбаландона дифоъ намуданд.

Ректори донишгоҳ ба саволҳои рӯзноманигорон оид ба ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазъи хобгоҳҳо, таҳсилоти фосилавӣ, бо ҷойи кор таъмин гаштани хатмкунандагон, дастоварду комёбиҳои донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳо, таҳсил дар хориҷи кишвар ва ғайра посух гуфта, аҳли қаламро ба ҳамкории бештар даъват намуд.

Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш