Нашрияи Омӯзгор

Ҳиҷоб - моли бегона

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Имрӯзҳо аъзо ва пайравони ташкилоти террористии собиқ Ҳизби мамнуи наҳзати ислом ва дигар гурӯҳҳои динӣ-экстремистӣ дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба зарурати пӯшидани сатру ҳиҷоб аз ҷониби занҳои Тоҷикистон ҳар гуна маълумоти бардурӯғу беасосро паҳн карда истодаанд. Маликушшуаро Баҳор бар он буд, он чӣ ки марбут ба шарму ҳаё аст, дар чашм аст. Ҳазор сатру ҳиҷоб пӯшонӣ, то вақте ки ботини инсон музайян ба ахлоқи одии одамӣ набошад, наметавонад монеи фасоди ахлоқӣ ва фисқу фуҷур шавад.  Зоҳирпарастӣ ва ҷилванамоии мазҳабӣ ҳеҷ умумият на ба ислом дорад ва на бо раванди шахсиятсозӣ. Занҳои кӯҳистони тоҷик то имрӯз ҳам ҳиҷоб намепӯшанд ва рӯймоле, ки ба сар мегиранд, онҳоро аз тамоми нуқсонҳои дунё ҳимоя мекунад.

Гурӯҳҳои динмаоб акнун барои зани тоҷик меъёри сарулибос таъйин кардаанд, ки ба ҷуз тарғиби фарҳанги бегона чизе нест. Сиёҳпӯшӣ иснод ба фарҳангу суннати қадимии миллӣ аст.

Дар кишварҳое, ки аксари сокинонашон мусулмонанд, монанди Тунис, Шри-Ланка, Босния ва Герсеговина пӯшидани ҳиҷоб манъ карда шуда, мувофиқи қонун  ҷазо низ пешбинӣ гардидааст. Ҳатто дар баъзеи ин давлатҳо барои пӯшидани ҳиҷоб ба миқдори калон ҷарима татбиқ мешавад. 

Имрӯз барои Тоҷикистон на меъёри арзёбии департаментҳои хориҷӣ, балки зиндагии мардуми шарифаш меъёри ҳаётан муҳим аст.   Ҳамасола ташкилотҳои байналмилалии ба ном «Ҳифзи ҳуқуқ» оид ба ҳуқуқи инсону озодиҳои динӣ вобаста ба сатру ҳиҷоб гузоришҳо пахш  мекунанд, ки ҷанбаҳои ҳаёти имрӯзаи занҳои тоҷикро ба инобат намегиранд.    Ҳамин тариқ, гузоришҳо дар бораи динситезӣ, ки аз ҷониби ҳизби наҳзат ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ пахш мешавад, як ҳадаф доранд: халалдор сохтани сулҳу субот дар Тоҷикистон, амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки худ.

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари дунявист, ки дар он мақоми тамоми дину мазҳабҳо яксон аст.  

Чунин андешаҳои иғво-ангези ба ном «ҳомиёни дин» ва «озодӣ»  чун ҳубоб бар рӯйи об буда,  ба  ҳован об кӯфтан ва ба бод гиреҳ заданро мемонад, ки вой бар онҳо!

Кайхусрави Субҳонзод,

ходими илмии АМИТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш