Нашрияи Омӯзгор

Ободии Ватан аз баракати ваҳдат аст

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 836        Шарҳ: 0

 

Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997) собит сохт, ки мо набояд чунин сабақи таърихро фаромӯш кунем: касе ба Ватану халқаш, модараш, бародару хоҳараш содиқ набошад ва ба тақдири онҳо масъулият ҳис накунад, мисли одамест, ки Ватан дораду беватан аст. Ҷанг, куштору сӯхтор, кашмакашиҳои бемаънӣ Ватанро хароб, халқро пароканда, миллатро ба даҳсолаҳо ақиб партофта, кишварро тобеи бегонагон мегардонад. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хотима додани ҷанг, наҷоту сарҷамъ намудани халқи парешонгашта ва ба имзо расонидани Созишномаи сулҳ чӣ қадар заҳмат кашиданд, бо ватандӯстиву фаъолияти сулҳҷӯёна эътибору эҳтироми миллати тоҷикро дар дохилу хориҷи кишвар баланд бардоштанд.

Албатта, бо гузашти солҳо бисёр душвору аламовар аст ба хотир овардани ҳодисаҳои пурдаҳшати он замон, давраеро, ки дар натиҷаи кашмакашиҳои бемаънии аҳзобу гурӯҳҳои гуногун ва таъсири қувваҳои беруна, кишвар ба гирдоби ҷанг кашида шуд. Мардум аз сӯхтору куштор, ваҳшату харобкориҳо ба ташвишу таҳлука афтода, ҳазорон шукр, ки ақли солим ғолиб омаду баъди 8 даври вохӯриҳо ва 21 даври гуфтушинидҳо ниҳоят, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин Созишнома моро аз вартаи ҳалокату парокандашавӣ наҷот дода, барои зиндагии осоишта, рушди минбаъдаи кишвар ва бунёди давлатдории навин роҳ кушод. Бо имзои ин санад тарафҳо манфиатҳои умумидавлатию умумимиллиро аз манфиатҳои гурӯҳию ҳизбӣ, минтақавию маҳаллӣ боло дониста, ҳамин тариқ бо роҳҳои қонунӣ ҳаллу фасл намудани камбудиҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа, иқтисодӣ, маънавӣ, пурра барқарор кардани раванди сулҳ, якдигарфаҳмию ваҳдати миллӣ асос гузошта шуд. Ин қадами ҷиддию устувор баҳри инкишофи низоми давлатдории миллӣ, мустаҳкам кардани боварию якдигарфаҳмии мардум мусоидат кард ва сулҳу ваҳдат имкон дод, ки мардум даст ба даст дода, барои обод кардани сарзамини аҷдодӣ талош варзанд. Бояд гуфт, ки бунёду тарҳрезӣ шудани бисёр иншооти муҳимми дорои аҳамияти сиёсию стратегидошта, инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, шукуфоию ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтани симои кишвари азиз меваҳои ширини Созишномаи сулҳ мебошанд.

Шарафи бузург аст, ки созмонҳову давлатҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро омӯхта, онро дар ҳалли муноқишаҳои дохилиашон истифода мекунанд ва дар ин асос сулҳу ваҳдатро дар олам тарғиб менамоянд. Тавассути ваҳдати миллӣ бисъёр нофаҳмиҳо аз миён бардошта шуда, муносибати давлат бо шаҳрвандон мутобиқи қонунҳои амалкунанда ба роҳ монда шуд. Бо саъйю талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувваҳои солими кишвар дар атрофи ҳукумати қонунӣ ва давлат муттаҳид шуда, дар ҷомеа муҳити озод ва дӯстию якдигарфаҳмӣ ба вуҷуд омад. Ҳамагон эътироф мекунанд, ки сулҳу ваҳдат, дӯстию якдигарфаҳмии солҳои соҳибистиқлолӣ натиҷаи ана ҳамон Созишномаи сулҳ мебошад, ки ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишварро ба таври шинохтанашаванда тағйир дода, сохтмони нақбу роҳҳо, роҳҳои оҳану пулҳо, корхонаҳои саноатӣ, неругоҳҳои обии барқӣ, иншооти гуногуни маданию иҷтимоию фарҳангӣ рӯи кор омад ва бо анҷоми онҳо зиндагии мардум беҳтар гардид. Аз ин рӯ, агар боз даҳсолаву садсолаҳо ҳам гузарад, дар ҳофизаи таърих ва хотираи мардуми шарифи тоҷик аҳамияти Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамчун санади тақдирсоз то абад боқӣ хоҳад монд.

 Ҷамила ҶӮРАЕВА,

 устоди ДТТ ба номи академик М. Осимӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш