Нашрияи Омӯзгор

Саноат – рушдбахши мамлакат

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Дар пешрафти ҳар як кишвару давлат, дар баробари омилҳои дигар, соҳаи саноат нақши бағоят бузург мебозад. Саноат иқтидорафзои мамлакат буда, некуаҳволии мардум, рушди тамоми соҳаҳои дигари ҳаёти ҷумҳурӣ аз он вобастагии амиқ дорад. Вақте ки дар кишвар саноат вусъат пайдо мекунад, заминаи қавию имконоти фаровон барои ғанигардии хазинаи миллат низ ба вуҷуд меояд.

Такомули бомарому нерумандгардӣ ва дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи шоиста ёфтани аксар мамолики олам бо пешрафту комёбиҳо дар соҳаи саноат иртиботманд аст. Махсусан, дар ҷаҳони муосири мо нақш ва аҳамияти саноат дар фаъолияти кишварҳо ҳамчун муҳимтарин омили боэътимодии иқтисодиёту иҷтимоиёт ҳамвора меафзояд. Аз ин ҷост, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо раванди батадриҷ неру гирифтану бештар гардидани таваҷҷуҳ ба саноат солҳои охир бештар ба мушоҳида мерасад. Бунёди давлати навин дар пояҳои истиқлол (он ҳам вақте ки ин давлат дар нахустмарҳилаи созандагиҳояш ба ихтилофоту даригириву мушкилот бархӯрд мекунад) саҳл коре нест ва фидокорию ҷидду ҷаҳд, ҷустуҷӯҳову вақти муайян тақозо дорад. Дар кишвари мо дар марҳилаҳои аввалу баъдии соҳибистиқлолӣ вобаста ба ворастан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлоли энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавории аҳли мамлакат корҳои зиёде анҷом дода шудаанду ҷумҳурӣ қомат рост кард, зиндагию некуаҳволии мардум рӯ ба такомул овард. Вобаста ба ин, вақти он фаро расид, ки ҳадафҳои навини давлат муайян карда шаванд. Дар иртибот ба вазъи баамаломада ва фарорасии марҳилаи тозаи тараққию пешрафти мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи таҳлилу баррасии амиқу дақиқи марҳилаҳои ҳаёти кишвар вобаста ба фаъолияти минбаъдаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва аҳли мамлакат ибрози назар карданд. Сарвари кишвар дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2018) вобаста ба таҳлилу баррасии вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат ба таври хулосаву пешниҳод чунин арз доштанд: «Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ- индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ амалӣ гардонда истодаем. Дар робита бо ин ва бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоем, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад».

Ин суханҳои таърихии Пешвои миллат марҳилаи навинеро дар ҳаёти мамлакатамон ифтитоҳ бахшиданд ва инак, соли сеюм аст, ки аҳли кишвар баҳри татбиқи барномаи саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ ҷидду ҷаҳд доранд ва давра ба давра ба комёбиҳо ноил мегарданд.

Айни замон дар Ватани маҳбуби мо беш аз 2000 корхонаи саноатӣ амал мекунанд, ки асосан марбут ба саноати истихроҷ, саноати коркард ва истеҳсоли неруи барқ, газ ва об мебошад. Барои рушди саноат, чунонки таҷрибаи мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад, таълим бо энергияи электр (неруи барқ) омили муҳим ба шумор меравад. Хушбахтона, Тоҷикистон дар масъалаи истеҳсоли неруи барқ пайваста ба комёбиҳои назаррас ноил мегардад ва минбаъд аз ин лиҳоз ба яке аз кишварҳои тавонманди минтақа табдил хоҳад ёфт. Ҳоло дар ҷумҳурӣ ба қадри кофӣ неруи барқ истеҳсол мешавад ва Тоҷикистон тадриҷан ҳамчун мамлакати содиркунандаи фаъоли неруи барқ дар паҳнои ҷаҳон мавқеъ устувор пайдо хоҳад кард. Бояд гуфт, ки саноатикунонии босуръат ба такомулу вусъати металлургия мусоидати комил дорад ва ҳамчунин, омили муҳими коркарду истихроҷи маъданҳои пурарзиши кӯҳӣ мебошад. Чунонки аз нақшаҳои сатҳи давлатӣ вобаста ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар бармеояд, минбаъд барои рушдбахшӣ ба саноат маҷмӯи азими тадбирҳо бояд амалӣ карда шаванд. Ин, пеш аз ҳама, тақозо дорад, ки дар ҷумҳурӣ ҳар чӣ бештар мутахассисони варзидаву бомаҳорати муҳандисию техникӣ омода карда шаванд. Бо ин ҳадаф зарур аст, ки мактабҳои олии омодасози чунин мутахассисон дар ҷумҳурӣ аз лиҳози базаи моддию техникӣ ба таври замонавӣ муҷаҳҳаз ва таъмин гарданд. Дар таълимгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ низ тайёр кардани кадрҳои мумтози илмию педагогии техникӣ мувофиқи мақсад аст. Ба рушди саноати мамлакат ҷалби бештари маблағҳо ва сармоягузории ватанию хориҷӣ барои омоданамоии кадрҳои варзида, муҳандисони эҷодкору дилсӯз, таъсиси корхонаҳои хурд ва миёнаи саноатӣ таъсири мусбат хоҳад расонд. Ҳамчунин, ташкили таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони дар корхонаҳои саноатӣ фаъолиятдошта дар муассисаҳои саноатии хориҷи кишвар мувофиқи мақсад ва манфиатбор хоҳад буд.

Минбаъд зарур аст, ки ба фаъолияти корхонаҳои хурди саноатӣ вусъат бахшида, теъдоди онҳо бештар карда шавад. Дар заминаи фаъолияти ин корхонаҳо ба роҳ мондани коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, боғдорӣ ва чорвопарварӣ боиси боз ҳам афзудани неруи иқтисодии мамлакат хоҳад гашт. Бисёр муҳим аст, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар барои расидан ба ҳадафи чоруми рушди ҷумҳурӣ ҳиссагузорӣ намояд; масалан, соҳаи маориф бо омодасозии кадрҳои баландихтисос, соҳаи сохтмон бо сохтани инфрасохтори ҷойгиршавандаи корхонаҳои саноатӣ, соҳаи роҳу нақлиёт бо таъмини корхонаҳои саноатӣ бо маводи зарурӣ – ашёи хому нимтайёр…

Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам ба масъалаи саноатикунонии босуръати кишвар дахл намуда, аз ҷумла, таъкид карданд: «Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шуд». Дар баробари ин, Пешвои миллат дар Паём ёдовар гардиданд: «Бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнок мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудем». Аз таҳлилҳои асосманду амиқи Сарвари ҷумҳурӣ дар Паём метавон ба хулосаи қатъие расид, ки вобаста ба ҳадафи чорум дар дарозои се соли охир дар мамлакат корҳои зиёде анҷом дода шудаасту аҳли кишвар дар ин самт бомаром пеш мераванд ва соҳаи саноат ҳар чӣ бештар вусъат пайдо мекунад, ҳаҷми истеҳсолот, махсусан, дар конҳои истихроҷи ашёи хоми маъданию ғайримаъданӣ, дар соҳаи энергетика ва дар коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мунтазам меафзояд.

Халқи тоҷик таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами хеш шебу фарози зиёдеро дар марҳилаҳои устуворгардии истиқлоли миллӣ бо сарбаландӣ паси сар кард, аз ҷумла, дар остонаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба фатҳи се ҳадафи стратегии иқтисодию иҷтимоии худ сарбаландона ноил гардид. Он рӯз дур нест, ки ин халқи саодатманд қуллаи навини марҳилаҳои рушд-ҳадафи чорумро низ фатҳ хоҳад кард.

 

Абдуҳафиз АБДУҚОДИРОВ,

номзади илми таърих, устоди Донишкадаи кӯҳию металлургии

Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш