Нашрияи Омӯзгор

Роҳи мушкили расидан ба истиқлол

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 826        Шарҳ: 0

 

30 сол боз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари мустақил, озод, демократӣ, дунявӣ ва ягона қомат рост карда, барои расидан ба ҳадафҳои воло ва ҷойгузин шудан дар радифи кишварҳои пешрафтаи дунё гомҳои устувор мегузорад. Дар ин муддат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои кӯтоҳмуҳлату дарозмуддати стратегии рушду тараққиёт қабул шуда, пеш аз ҳама, муноқишаҳои дохилӣ хотима ёфтанд ва барои рушди ҳамаҷонибаи кишвар заминаҳои воқеӣ муҳайё гардид.

Маҳз бо роҳнамоии Пешвои миллат барномаҳои ҳаётан муҳими тараққиёт-таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қабул шуда, дар як муддати на он қадар дарози таърих мо ба ин ҳадафҳо расидем. Албатта, ин барои кишваре, ки баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ қариб чизе ба мерос нагирифта ва ҷанги дохилӣ иқтисодиёти онро харобу валангор сохта буд, осон ҳам набуд. Нангу номуси миллӣ дар ин масир боз ҳам вусъат ёфт, мардуми мо амиқан дарк кард, ки тақдири ояндаи Ватану миллат ба худи онҳо вобаста аст, на каси дигар. Шук-ри ин даврон, ки мо дар рушди аксар соҳаҳои хоҷагии халқ аз даврони Шӯравӣ пеш гузашта, ҳоло Тоҷикистон бо рушди устувори иқтисодие, ки дорад, дар минтақа яке аз кишварҳои рӯ ба рушд ва содироткунанда шинохта шудааст.

Барои муаррихони ватанӣ лозим ва зарур аст, ки марҳилаҳои мухталифи расидан ба истиқлолияти комил ва заминаҳои воқеии онро дар ду-се қарни гузашта ва зиёда аз чоряк асри онро мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор бидиҳанд, то равшан гардад, ки тоҷикон дар ин замина чи заҳмате кашидаанд, кадом иқдомҳои бузургу шоистаро пайгир будаанд. Бояд возеҳ бошад, ки равобити тиҷоратию фарҳангии тоҷикон дар ҳавзаи фарохи сукунати дигар миллату қавмҳо чӣ нақше бозидааст? Дар он замони дур, ки Аврупо сиёсати истеъморгаронаи хешро дар Шарқ тавсеа мебахшид ва қудрати дигари ҷаҳонӣ– Россияи подшоҳӣ дасташро болои Осиёи Марказӣ дароз карда буд, дар тафаккури мо шарораи мафҳуми мустақилияту истиқлолият медурахшид ё на? Ба андешаи мутафаккири бузург Аҳмади Дониш ҷомеае дар муқобили императории Россия қарор дошт, ки дар фикри зистан буд ва рӯшноиро дар тулӯъи абрӣ меҷуст. Тафаккури истиқлолхоҳии мо дар ҳар давру замон ба ҳар шева зуҳур кардаву дурахшида, вале бо шурӯи забткориҳои Россияи подшоҳӣ ин масоили ҳаётан муҳим то ҷое ба хомӯшӣ рафтааст, зеро тоҷикон дар паҳнои Осиёи Марказӣ паҳну парешон буданд.

 Аз ин рӯ, дар қарни нуздаҳ, ки тақсимоти ҷаҳон миёни абарқудратҳо хеле тезутунд гардида буд, таваҷҷуҳи Россияи подшоҳӣ ва истеъморгарони Аврупо, бахусус, Инглистон ба Осиёи Марказӣ (хонигариҳои он) хеле боло гирифт, ки ин рӯйдоди он замон яке аз масъалаҳои хеле печида ва муҳими илми таърихи муосир мебошад. Аз таҳқиқи маводи таърихӣ бармалост, ки ҳам Россия ва ҳам Аврупо дар ин давра мехостанд роҳҳои тиҷоратии Осиёи Марказиро на танҳо ба даст оранд, балки тасарруф намоянд. Осиёи Марказӣ дар тиҷорат миёни Аврупо ва Шарқ мавқеи муҳими стратегӣ дошт, зеро тиҷорат бо Чину Ҳиндустон маҳз тавассути роҳҳои Осиёи Марказӣ сурат мегирифт. Ин роҳҳо ҳанӯз дар ҳазораҳои қаблӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳонкушоёну забткорон қарор дошт. Дар ин бора муаррихи шинохтаи ҷаҳон Ҳеродот (асри V то мелод) гузориш ва маълумоти мукаммал дода, ишора ба юриши Искандари Мақдуниро ба Осиёи Марказӣ марҳилаи аввалини шиносоии мардуми Аврупо аз ин сарзамин унвон кардааст. Дар забткориҳои Искандар олим ва муаррихи машҳур Птоломей ширкат намуда, шоҳиди воқеаҳои он замон буд ва вай дар ситоди юнониҳо кору фаъолият анҷом медод. Юнониҳо баъди забти ҳудуди Балхи тоҷикнишин нахустин бор харитаи ин минтақаро тартиб доданд.

Аз маъхазҳои таърихӣ бармеояд, ки Чин ҳам дар он замон ҳавасмандии тасарруфи Осиёи Марказиро доштааст, аммо сиёсати онҳо забткорона набуда, танҳо бо ифтитоҳи Роҳи Бузурги Абрешим чиниҳо имкон пайдо мекунанд, ки тиҷоратро ба Осиёи Марказӣ ҷоннок намуда, тавассути ин роҳҳо ба Аврупо ҳам равобит пайдо кунанд. Роҳи Бузурги Абрешим то кашфи роҳҳои баҳрӣ ягона роҳи тиҷорат маҳсуб меёфт, ки Шарқро ба Ғарб мепайваст. Академик В. В. Бартолд қайд кардааст, ки Роҳи Бузурги Абрешим, асосан зери таъсири империяи Сосониҳо зуҳур кард ва кулли тиҷоратро бо Ҳиндустон ва Хитой зери даст доштанд, аммо таъсири римиҳо ва византиягиҳо, ки дар забткориҳо худро аллакай нишон дода буданд, камтар ба назар мерасид.

 Мисолҳое, ки мо дар боло овардем, порае аз таҳаввулоти сиёсии он замон буда, бо чеҳра намудани эраи нав, ташаккул ёфтани равобити тиҷоративу фарҳангӣ миёни кишварҳо, бахусус, зуҳур намудани номи тоҷик ба ҳайси як қавми бофарҳангу соҳиби хатту китоб дар Мовароуннаҳру Хуросон ва берун аз он, ба ташаккул ёфтани миллати мо оҳиста-оҳиста замина гузошт. Дар асри 10-и мелодӣ давлати неруманди тоҷикон – Сомониён таъсис ёфт, ки тӯли зиёда аз сад сол онро хонадони Оли Сомон роҳбарӣ кард. Бо пошхӯрии империяи Сомониён забони тоҷикӣ, ки яке аз рукнҳои асосии давлату давлатдорӣ аст, боқӣ монд. Дар тӯли сад соли ҳукмронии Сомониён нишонаҳои муттаҳидсозии қавмҳои тоҷик аз Бухорою Самарқанд то Хатлону Бадахшон, Балху Ҳирот, Кобул, Ғӯр, Самангону Хуросон ва як қисмати Ҳиндустон зуҳур намуд, ҳатто дар осори таърихӣ ва адабиёти хаттӣ вожаи «тоҷик» мустаъмал гардид, ки ин як падидаи хушҳолкунанда барои мо ояндагон ба ҳисоб мерафт.

Дар қарнҳои 12-13 бо оғози истилои муғул даврони хунбортарин барои тоҷикон буд. Истилогарони муғул дар баробари кушторҳои дастаҷамъонаи тоҷикон боз то тавонистанд мероси ғании фарҳангии моро ба нестӣ баранд; китобхонаҳоро сӯзонданд, шаҳрҳои ободон-ро ба харобазор табдил дода, бадтар аз ҳама ҳар фардеро, ки дастгир мекарданду ӯ худро тоҷик мегуфт, бераҳмона ба қатл мерасонданд. Дар ин масир Чингизхони хуношом ба писараш Тӯлӣ чунин панд медиҳад: «Ман, хони бузургу ҷаҳонгир, ба ту, фарзандам– Тӯлӣ чунин панд медиҳам, то ҳалқа ба гӯшат бошад: – бо ҳафтод ҳазор савор ба Хуросон мефиристонамат, то билод ва диёри тоҷиконро бигирӣ ва ба захми теғи обдор дар он диёр осор нагузорӣ. Ва зинҳор, ки ҳушёру бедор бошӣ ва бар тоҷикон эътимод накунӣ, ки бар ақолими ҷаҳон ба далериву кин хостан ва шабравию камин андохтан ба сар омадаанд». Аз ин панди Чингизи хунхор маълум мегардад, ки тоҷикон дар қарнҳои 12-14 яке аз қавмҳои аз нигоҳи этникӣ ташаккулёфта ва дар ҷаҳон шинохта будаанд ва тарси муғулони истилогар аз мо, тоҷикон, бештари бештар будааст.

Аз нимаи дуюми асри XVI сар карда, дар муносибатҳои Осиёи Марказӣ ва Россияе, ки аз нигоҳи забткорӣ муносибатҳояшро бо чандин хонигарии ин минтақа ҳанӯз асрҳои Х111–Х1У ба роҳ монда буд, марҳилаи нав оғоз ёфт. Русҳо сиёсати забткориҳоро идома дода, дар ин давра хонигариҳои Қазон, Аштархон, Сибирро ба давлати худ ҳамроҳ карданд. Акнун ба ғайр аз алоқаҳои тиҷоратӣ байни Россияи подшоҳӣ ва хонигариҳои Осиёи Миёна, инчунин, муносибатҳои дипломатӣ низ барқарор ва ба роҳ монда шуд. Албатта, дар саргаҳи муносибатҳои хонигариҳои Осиёи Марказӣ бо Россияи подшоҳӣ тоҷикон ҳамчун ашхоси бофарҳангу босавод, тоҷирони маъруф ва корчаллон қарор доштанд. Ҳама гуна муносибатҳои хориҷӣ ва ҳуҷҷатҳои дипломатӣ бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуда буд. Арқом ва маъхазҳо нишон медиҳанд, ки аввалин дипломатҳо (элчиҳо) аз Осиёи Марказӣ худи тоҷикон буданд. Онҳо дар як вақт ба тиҷорат низ машғул мегаштанд.

Дар асри ХУ11, бахусус, замони зимомдории Пётри I Россияи подшоҳӣ кӯшиш мекард дар Осиёи Марказӣ бештар нуфуз дошта бошад, зеро нияти Англия, ки дар ин минтақаи стратегӣ ва аз сарватҳои зеризаминӣ ғанӣ ва дорои ашёи хоми фаровон бештар манфиат дошта бошад, ба русҳо мисли рӯз равшан буд. То ҷое маълум аст, нахустин экспедитсияҳои ҳарбии Пётри 1 соли 1714 ба муқобили хонигариҳои мо ба шикаст мувоҷеҳ ва ноком гардид.

Ибтидои асри XIX барои Россияи подшоҳӣ масъалаи бозори ашёи хом дар хориҷ рӯ ба инқироз овард. Барои саноати бофандагии Россия пахта чун ашёи хоми пурқимати саноатӣ мисли обу ҳаво зарур буд. Бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ дар Амрико воридоти пахта ба Россия қатъ шуд. Доираи ҳукмронии Россияи подшоҳӣ роҳи халосӣ аз буҳрони саноатиро танҳо дар забти Осиёи Марказӣ медонистанд ва инро манфиатҳои тоҷирон ва сармоядорони Россия низ тақозо мекард. Аммо стратегҳои ҳарбии рус ҳамларо ба хонигариҳои Осиёи Марказӣ хеле ҳам махфӣ нигоҳ медоштанд, тарс аз Англия ва қавмҳои мухталифи ин ҳавза буд. Вазири корҳои хориҷии Россия Горчаков 21 ноябри соли 1864 фаҳмида ё нофаҳмида таъкид мекунад, ки гӯё «онҳо дар Осиёи Марказӣ бо мардуми нимваҳшие сару кор доранд, ки на дорои ҷамъият ва на дорои ҳукумат ҳастанд». Забти Осиёи Марказӣ аз ҷониби Россия барои чунин мардум гӯё кори хайру савобе аст. (З. Д. Кастельская. Из истории Туркестанского края (1865-1917) –М. , 1980. -с. 11.) Бо ҳамин Россияи подшоҳӣ аз зиддиятҳои байни хонҳои Осиёи Марказӣ хеле моҳирона истифода бурда, марзу буми онҳоро ба зудӣ зери тасарруфи худ даровард. Соли 1868 генерал-губернатори Туркистон бо марказаш дар шаҳри Тошканд таъсис ёфт. Ин шаҳр маркази генерал-губернатории давлати Россия расман эълон гардид. Бо ҳамин дар муддати зиёда аз 125 сол тақдири мо, тоҷикон, бо тақдири мардуми Россия сахт пайванд гашт. Зеро мо дар ҳудуди империяи Россия сукунат доштем.

 Забт  карда шудани кишвари мо аз тарафи Россия ҳарчанд ҷанбаҳои мусбӣ ва манфиатбахшро ҳам доро буд, вале аз нигоҳи рӯҳӣ-равонӣ барои қавмҳои минтақа асосан таъсири манфӣ дошт. Дар қадами аввал роҳҳои тиҷоратро, ки худи тоҷикон бозоргонони муваффақ буданд, бе хавфу хатар ва тохтутози кӯчманчиҳо ба маҳалҳои аҳолинишин қатъ гардид. Роҳи оҳан аз шаҳрҳои марказии Россияи подшоҳӣ то ба Бухорои тоҷикнишин ба фаъолият оғоз кард. Почта, телеграф ва нахустин рӯзномаву маҷаллаҳо нашр шуданд. Мактабҳои русии таҳҷоӣ ба фаъолият пардохтанд, ҳарчанд ангуштшумор ҳам буданд, вале мазмун ва мундариҷаи дунявӣ доштанд. Онҳо шакли ҷадиди мактабдорӣ буданд. Заводу фабрикаҳои зиёди муштарак аз тарафи сармоядорони рус ва тоҷирони тоҷики Бухорову Самарқанд таъсис дода шуд, ки дар онҳо мардуми маҳаллӣ кор мекарданд ва диду назарашон ба оламу атроф дигар мешуд. Сармоягузорӣ рӯз то рӯз дар иқтисодиёти Бухоро авҷ мегирифт, ин боиси болоравии иқтисодиёти аморат гашт. Аз ҳама муҳим, тоҷикон дар баробари дигар қавмҳои сокини минтақа вориди ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии империяи пуриқтидори Россия гардиданд. Дар ин марҳила тадриҷан маркази ҳаракатҳои инқилобӣ аз Аврупо ба Россия кӯчид, ки он ба бедории мардуми мо таъсиргузор буд. Як марҳилаи муҳими он Инқилоби буржуазӣ - демократии солҳои 1905-1907 Россия буд, ки ба ақидаи В. И. Ленин «Осиёро бедор кард».

(Давом дорад)

 

Амиршоҳ ЁРМУҲАММАДОВ,

дотсенти ДМТ, Аълочии маориф ва

илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш