Нашрияи Омӯзгор

Кӯдакон фардои моянд

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 818        Шарҳ: 0

 

Дар «Боғи кӯдакон»-и шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии идонаи фарҳангию фароғатӣ баргузор шуд, ки дар он  намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, кӯдакону наврасон ширкат варзиданд.

Нахуст меҳмонон аз намоишгоҳи дастранҷи хонандагону тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабию миёнаи умумӣ ва марказҳои таҳсилоти иловагии пойтахт зери унвони «Душанбе-шаҳри орзуҳо» диданд карданд.  Дар расми ифтитоҳи ҳамоиш  муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ кӯдакону наврасонро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрику таҳният гуфта, паёми табрикии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ироа намуд.

Ба ғолибони озмуну мусобиқаҳои зеҳнию маърифатӣ ва варзишӣ диплому ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои арзишманд тақдим карда шуд.

Барномаи бошукӯҳи фарҳангию фароғатии идона зери унвони «Кӯдакон дунёи моянд», ки аз ҷониби тарбиятгирандагони болаёқату боистеъдоди марказҳои эҷодии кӯдакону наврасони пойтахт ва ансамблҳои кӯдакона пешниҳод гардид, ба ҳозирин писанд омад.

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш