Нашрияи Омӯзгор

Ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 833        Шарҳ: 0

 

Дар доираи робитаҳои судманди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо муассисаҳои касбии олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқоти онлайнии ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода ва ректори Донишкадаи молиявии шаҳри Тошканд, профессор Тулкин Тешабаев баргузор гардид. Дар мулоқоти онлайнӣ муовинони ректор, намояндагони шуъбаҳои робитаҳои байналмилалии ҳар ду муассиса ширкат варзиданд.

Ректори ДДҲБСТ М. Шарифзода аз ҳамкориҳои ҳар ду муассисаи касбии олӣ изҳори қаноатмандӣ карда, пешниҳод намуд, ки ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо Донишкадаи молиявии шаҳри Тошканд боз ҳам густариш бахшида шаванд. Ин пешниҳод аз ҷониби раҳбарияти донишкадаи кишвари дӯсту ҳамсоя бо мамнуният истиқбол гардид.

Директори Донишкадаи молиявии шаҳри Тошканд, профессор Тулкин Тешабаев дар навбати худ қайд намуд, ки факултаи муштараки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи молиявии шаҳри Тошканд барои таҳкими дӯстии ду халқи ба ҳам дӯсту бародар заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Ҳадафи асосии вохурӣ таҳлили масъалаҳои ташкилию таълимӣ дар самти оғози фаъолияти факултаи муштараки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи молиявии шаҳри Тошканд дар соли хониши нав ва тасдиқи шартномаи тарафайн оид ба тайёр намудани мутахассисон дар факултаи муштарак маънидод шуд.

Ёдовар мешавем, ки тайи солҳои охир ҳамкориҳои байналмилалии ДДҲБСТ бо муассисаҳои касбии олии кишварҳои дуру наздик, махсусан бо донишгоҳҳои ҷумҳурии ба мо дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон беш аз пеш тақвият меёбад. Дар доираи сиёсати «Дарҳои боз» ва гуфтушунидҳо муайян гардидани самтҳои афзалиятноки робитаҳои байналхалқӣ дар соҳаи илму маориф, имкон фароҳам овард, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолияти байналмилалиро бо шарикон ва ҳамкорони хориҷӣ густариш бахшад. Дар ин раванд бо зиёда аз 70 муассисаи таълимиву марказҳои илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.

Дар асоси ҳамкориҳои мутақобила бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон байни Вазоратҳои илм ва маорифи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расида, дар ҳамкории Донишкадаи ҳуқуқшиносии Тошканд, Донишкадаи молияи Тошканд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар пойгоҳи ҷониби тоҷикистонӣ сохтори нави таълимиӣ ташкил карда шудааст. Дар асоси шартномаи тарафайн ба факултаи муштарак ба миқдори баробар шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд. Факултаи муштарак аз рӯи ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва ҳуқуқшиносии байналхалқӣ, кори бонкӣ, молия ва қарз мутахассисонро омода менамояд. Бояд зикр намуд, ки донишҷӯёни хориҷӣ бо ҳисси баланди масъулият дар чорабиниҳо ва озмунҳои мухталиф ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. 

 

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

Сино ҒАФУРӢ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш