Нашрияи Омӯзгор

Ҷаҳон аз нигоҳи аксбардор

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 842        Шарҳ: 0

 

Дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе намоиши аксҳои Заур Дахте, филмбардор ва аксбардори шинохта  баргузор шуд, ки дар он доираи васеи аҳли фарҳангу ҳунар ва корпусҳои дипломатии мустақар дар Душанбе ширкат варзиданд.

Заур Дахте аввалин намоишгоҳи аксҳояшро соли 2003 дар шаҳри Душанбе гузаронида буд. Сипас, осори аккосиаш дар кишварҳои Чин, Ҳиндустон, Япония, Федератсияи Россия, Фаронса, Олмон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Беларус пешкаши тамошобинон гардонида шуданд ва аз ҷониби мутахассисон баҳои баланд гирифтанд.

Номбурда соли 1936 дар Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия ба дунё омада, солҳои 1937-1951 дар Ҷумҳурии Эрон зиндагӣ кардааст. Вай то синфи 6-ум дар яке аз мадрасаҳои шаҳри Теҳрон ва солҳои 1955-1958 дар парваришгоҳи байналмилалии шаҳри Ивановои Россия таҳсил ва зиндагӣ кардааст. Барои кор ба студияи “Тоҷикфилм”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, пас аз муддате ба Донишгоҳи синамои шаҳри Москва (ВГИК) дохил гардидааст. Рисолаи дипломии Заур Дахте филми кӯтоҳи ҳунарии «Лола» буд, ки бар асоси достони ҳамноме аз нависандаи шинохтаи эронӣ Содиқ Ҳидоят сохта шудааст. Пас аз намоиши филм ӯ ба унвони филмбардор ва таҳиягар шуҳрат пайдо карда, силсилаи филмҳои «Вохӯрӣ дар назди масҷиди куҳна», «Чор нафар аз Чорсанг», «Паланг зарур аст», «Шераки ҷасур»-ро ба навор гирифт. Ҳамкории Заур Дахте бо коргардони шинохтаи тоҷик Борис Кимёгаров дар фаъолияти эҷодияш ҷойгоҳи хосса дорад. «Одам пӯсташро иваз мекунад» ва «Рустам ва Суҳроб» беҳтарин филмҳои сохти «Тоҷикфилм» маҳсуб мешаванд, ки на танҳо дар қаламрави Шӯравии собиқ, балки дар хориҷ аз он ҳам бинандаи зиёд доштанд. Филмҳои Заур Дахте дар бораи зиндагӣ ва сарнавишти шоирони бузурги тоҷику форс Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҳофизи Шерозӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ба хазинаи тиллоии синамои миллии Тоҷикистон ворид шудаанд.

Дилафрӯз Қурбонӣ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш