Нашрияи Омӯзгор

Довталабони беҳтарин қадрдонӣ гардиданд

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино маросими туҳфасупорӣ ба довталабони беҳтарин дар ИМД-2020 баргузор гардид, ки дар он кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонони фахрӣ, донишҷӯёни фаъолу пешқадам бо волидонашон ширкат карданд.

Муовини якуми директори маркази номбурда Сабзалӣ Ҷаъфарзода меҳмононро ба ҳозирин шинос намуда, гуфт, ки сабаби ҷамъ омадани мо дар ин маҳфил донишҷӯёнанд, аммо на донишҷӯёни муқаррарӣ, балки донишҷӯёне, ки беҳтарин аз беҳтаринҳо гардидаанд. Мақсад аз баргузории ин ҷаласа қадрдонӣ аз он донишомӯзонест, ки ҳангоми супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2020 натиҷаҳои баландтаринро нишон додаанд.

Хуршед Икромӣ довталабонро барои дастовардҳои беназирашон табрик гуфта, афзуд, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  пайваста барои тарғибу ташвиқи бештари донишандӯзӣ, ки яке аз омилҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот аст, кӯшиш мекунад. Марказ дар ҳамин робита ва бо мақсади дастгирии иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандӯстии ҷавонон ва ҳавасмандсозии онҳо, аз ҷумла, ҳар сол даҳгонаи беҳтарини довталабонро дар ИМД, ки дастовардҳо-холҳои баландтаринро соҳиб мешаванд ва тибқи рейтинги ҳамгиро (интегралӣ) аз ҳамаи субтестҳо дар ҷойҳои аввал қарор мегиранд, муайян ва қадр менамояд. Имсол марказ тасмим гирифт, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиятшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм эълон намудани солҳои 2020-2040» довталабонеро, ки аз рӯйи дастовардҳо-соҳиб шуданашон ба шумораи имконпазири ҳадди аксари холҳо (ШИҲАХ) аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо аз ҷумлаи беҳтаринҳоянд, қадрдонӣ кунад...

Мувофиқи рейтинги ҳамгиро аз рӯйи натиҷаҳои ИМД-2020 ба 10-гонаи беҳтарин 14 нафар дохил гардиданд, зеро натиҷаҳои бадастовардаи ду гурӯҳи довталабон (гурӯҳи якум-довталабони 3-юму 4-ум ва гурӯҳи дуюм-довталабони аз 5-ум то 14-ум) аз рӯйи чунин рейтинг ҳамсон буданд.

Аз 14 ғолиб 12 нафарашон аз кластери 5-ум (тиб, биология ва варзиш) ва 2 нафари дигар аз кластери 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) мебошанд. Инчунин, барои ҳавасмандгардонӣ аз рӯйи номинаи дуюм аз кластери 1-ум (табиӣ ва техникӣ) 5 довталабе, ки аз ду фанни равияҳои риёзӣ ва табиатшиносӣ-математика ва физика ШИҲАХ-ро соҳиб шудаанд ва аз кластери 5-ум (тиб, биология ва варзиш) 10 довталабе, ки аз ду фанни равияи табиатшиносӣ-химия ва физика ШИҲАХ-ро соҳиб шудаанд, интихоб гардиданд. Азбаски дар доираи кластери 2-юм (иқтисод ва география) ягон довталаб ҳамзамон аз ду фанни равияҳои риёзӣ ва табиатшиносӣ-математика ва география ШИҲАХ-ро соҳиб нашудаанд, аз рӯйи номинаи дуюм аз кластери мазкур 5 довталабе интихоб гардиданд, ки аз фанҳои математика ва география нисбат ба дигар довталабон аз ШИҲАХ холҳои бештарро ба даст овардаанд. Дар умум, ба 34 довталаби ИМД-2020, ки айни замон донишҷӯянд, Сипосномаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои арзишманди кумитаи тадорукот супурда шуд.

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор» 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш