Нашрияи Омӯзгор

Марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ

Сана: 2021-06-09        Дида шуд: 841        Шарҳ: 0

 

Ба таваҷҷуҳи хоҳишмандони иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) дар соли 2021, ки худро дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) номнавис карда натавонистаанд, расонида мешавад, ки марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2021 аз 10-уми июн оғоз мегардад.

Марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирии танҳо шаҳри Душанбе то 30‑юми июн ба роҳ монда мешавад. Шахсони хоҳишманди бақайдгирӣ бояд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ муроҷиат кунанд.

Довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10-ум то 30-юми июн) худро номнавис мекунанду боз интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, имкон доранд, ки барои ин кор аз нав аз қайд гузаранд. Азнавбақайдгирии чунин довталабон ҳамзамон, бо марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад ва чунин довталабон ба нуқтаи бақайдгирие бояд муроҷиат кунанд, ки худро қаблан дар он номнавис кардаанд.

Дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои як довталаб вобаста аз зинаи таҳсилоти доштааш чунин муқаррар гардидааст:

- 240 сомонӣ – барои довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ (яъне, хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 11‑ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ доранд;

- 180 сомонӣ – барои довталабоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ доранд (яъне, хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9‑ум);

- 25 сомонӣ – барои азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввала (барои довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10‑ум то 30‑юми июн) номнавис карда мешаванд).

Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони зерин дар пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД имтиёз пешбинӣ гардидааст:

1) шахсони то 21-солае, ки ятими кул ё бепарасторанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озоданд;

2) шахсони зерин аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озоданд:

- шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд;

- маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”.

Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё “кӯдаки маъюб” бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озод аст.

Шахси аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озодбуда, агар дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) бошад, 80 сомонӣ ва агар шахси мазкур дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёни касбӣ бошад, 105 сомонӣ пардохт мекунад. Шахсони дорои имтиёзҳои зикргардида ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.

ТАВАҶҶУҲ! Довталабоне, ки худро дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10‑ум то 30-юми июн) номнавис мекунанд ё дар марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ (аз 10-ум то 30‑юми июн) интихобҳои аввалаи худро иваз мекунанд, имтиҳонҳоро дар даври иловагӣ (12-уми июл) дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе месупоранд.

 Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ барои марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ

Р.т.

Муассисаи таълимие, ки нуқтаи бақайдгирӣ дар он ҷойгир аст

1.

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 70-и  ба номи 15-солагии Конститутсияи Тоҷикистон

шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, 15

2.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и ба номи Убайд Раҷаб

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 59

 

  Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш