Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар мавриди арзёбӣ қарор гирифта, роҳҳои беҳтар намудани рушди ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мамлакатро нишон дода шуданд. Мусаллам аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати беҳбудии ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳрвандони мамлакат ҳамеша талош меварзад.
Дар Паём масъалаи бунёди роҳҳо ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани онҳо, таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати озуқа ва ба бозори истеъмолии кишвар ворид намудани маводи баландсифати ватанӣ ҳамаҷониба таъкид гардид.
Гуфтаҳои сарвари давлатамон оид ба сайёҳӣ, чун «яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ» саривақтӣ ва судманданд.
Агар масоили ҳалталаби рушди сайёҳӣ ва баланд шудани сатҳу сифати хизматрасонию мусофиркашонӣ ҳал шаванд, кишвари мо, албатта, кишвари пешрафтаи сайёҳӣ хоҳад гардид ва ба иқтисодиёти мо манфиати калоне хоҳад расид.
Матлуба Ниёзова,
омӯзгори мактаби №68-и ноҳияи Рӯдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр