Вобаста ба тақсимоту бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон бо иштироки муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси вазорат Файзиддин Расулзода, ректори ДДХ ба номи М. Назаршоев, профессор Гулзорхон Юсуфзода, намояндагони сохторҳои маорифи кишвар, устодон ва хатмкунандагони таълимгоҳ дар толори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев ҷамъомад доир гардид. Дар донишгоҳи мазкур 3872 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. 945 нафари онҳо хатмкунанда буда, аз ин шумора 422 нафар дар гурӯҳи буҷавӣ таҳсил дошта, 236 - то хатмкунанда аз равияи омӯзгорианд.
Намояндагони сохторҳои шуъбаҳои маорифи вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ перомуни шароит, имконоти таълиму тадрис ва буду боши кадрҳои ҷавон дар минтақаҳои худ ҳарф заданд. Тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон тибқи моддаи 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» амалӣ гардид.
Ҷ. Қозибеков,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр