Нашрияи Омӯзгор

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сана: 2021-06-17        Дида шуд: 838        Шарҳ: 0

 

Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

қабули довталабонро ба докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) барои соли таҳсили 2021-2022 бо ихтисосҳои зерин эълон мекунад:

6D010200 - Педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ;

6D010300 - Педагогика ва психология;

6D012000 -Таҳсили касбӣ (аз рӯйи соҳаҳо);

6D012400 -Арзёбии педагогӣ.

1.Шартҳои қабул ба докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD):

1. Шахсоне, ки дорои дараҷаи академии «магистр» ҳастанд;

2. Шахсони миллаташон тоҷик, ки шаҳрванди давлати хориҷианд, барои гирифтани таҳсилоти баъдидипломӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқанд;

3. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетобеият, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD), доктори фалсафа таҳсил намоянд.

4.Шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) дохил мешаванд, иловатан аз фанни забони тоҷикӣ имтиҳони дохилшавӣ месупоранд.

5.3абони таҳсил: тоҷикӣ ва русӣ

6. Имтиҳоноти қабул ба докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) аз 01 августи соли 2021 гузаронида мешавад.

Имтиҳон аз рӯйи фанҳои махсус дар ҳаҷми барномаи таҳсилоти олии касбӣ (дараҷаи магистратура) дар шакли хаттӣ ё шифоҳӣ, ҳамчунин, бо салоҳдид дар шакли тестӣ гузаронида мешавад.

2. Барои дохил шудан ба докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба номи директор;

- нусхаи шиноснома;

- пурсишномаи дохилшаванда ба докторантура;

- нусхаи нотариалии тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва замимаҳои он (дипломи бакалавр ва магистр);

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ карда шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ);

- сертификати супурдани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ, дар сурати мавҷуд будан (ТОЕFL ва ғайра);

- мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);

- рӯйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар ҳолати надоштан пешниҳод намудани реферат аз рӯи ихтисос бо тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);

- асосномаи таҳқиқоти диссертатсионии ба нақша-гирифташуда дар мувофиқа бо мушовири илмии ватанӣ ё хориҷӣ (тибқи дархости муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ);

- тасдиқномаи тиббии шакли 086-У;

- 6 расми андозаи 3x4.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 30 июли соли 2021. Маълумоти иловагиро оид ба тартиби қабул ва таҳсил ба докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) бевосита аз бахши докторантураи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мегиред.

 

Суроғаи мо: ш.Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 126.

Тел.: 225-84-05, 225-84-06.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш