Модари ҷон, гаштаӣ аз ман ҷудо,
Мондаам бе ҳастият бемуттако.
Дигар акнун, чун шавам озими раҳ,
Кӣ ба ман бардорадо дасти дуо?!
Чеҳраат чун оварам пеши назар,
Чашмҳоям тар шавад, рухсора – тар.
Кӣ дигар бо меҳр сӯям бингарад?!
Кӣ дигар гӯяд маро ҷону ҷигар?!
Ёди ту ҳар лаҳза бошад дар сарам,
Зикри ту андар дилу дар дафтарам.
Ҷои ту бодо биҳишти ҷовидон,
Модарам, ҷон модарам, ҷон модарам!
Абдуқуддуси ҚАЮМПУР,
омӯзгори мактаби №12, ноҳияи Деваштич
Иловакунӣ
Иловакунии фикр