Нашрияи Омӯзгор

Роҳи биҳишт

Сана: 2021-06-17        Дида шуд: 832        Шарҳ: 0

 

Евгений Чеширко

-Шумо оҳангаред?

Ин овоз пушти сари оҳангар чунон ногаҳонӣ садо дод, ки як қад парид.

Ӯ нашунид, ки касе дарро боз кардаву вориди устохона шуда.

-Намешуд, ки дарро тақ-тақ мекардед,- дағалона гуфт оҳангар, дар ҳоле ки аз худу аз вуруди меҳмони нохонда нороҳатиеро эҳсос мекард.

-Дар кӯбидан? Ҳм…Не, наозмудам.

Оҳангар латтапораро аз рӯи мизи корӣ бардошта, дастҳои коркӯфтаашро пок карда, оҳиста тоб хӯрд ва дар мағзаш маломату сарзанишеро, ки барои ин ношинос омода карда буд, ба тартиб меовард. Вале он ҳама маломату дашноми ногуфта дар ким-куҷои мағзаш дармонд, зеро дар пешорӯи ӯ корафтодаи комилан ғайриодӣ бо либоси сиёҳи дароз, рӯяш бо чеҳрааш нонамоён, дар даст доси куҳнаву фарсудаву зангхӯрдае  меистод.

-Шумо метавонед доси маро дуруст кунед?-бо овози занонаи каме хиррӣ пурсид ношинос.

-Тамом шуд? Барои қабзи ҷони ман омадед? Ба охири хат расидем?-латтапораро як тараф ҳаво дода, оҳе кашид оҳангар.

-Ҳанӯз тамом нашудааст, -ҷавоб дод Марг.

Хайр, пас ҳоло ман бояд чӣ кор кунам?-пурсид оҳангар.

-Досро дуруст кунед, -бо таҳаммул такрор намуд Марг.

-Баъд?

-Баъд чарх мекашеду тез мекунед, агар имкон бошад.

Оҳангар ба дос чашм дӯхт. Дар ҳақиқат, дами дос гаштаву каҷиҳои зиёде дошт.

-Фаҳмо, пас ман ҳоло кадом корро анҷом диҳам? Дуо хонам ё васоиламро ҷамъ оварам? Охир, ин барои ман, чунонки мегӯянд, бори аввал пеш омадааст.

-А-а-а. шумо дар бораи мурдан мегӯед,-китфҳои Марг аз хандаи паст ларзиданд. -Не, ман барои досамро дурусту тез кардан омадам. Метавонед?

-Худатонро чӣ гуна ҳис мекунед?

-Ба назарам, ҳама чиз хуб аст.

-Дилатон намешӯрад, сарчархӣ надоред, дардро ҳис мекунед?

-Не-не, -каме нобоварона ҷавоб дод оҳангар.

-Пас, барои шумо ҳеҷ ҷои ташвишу нигаронӣ нест, - гуфт Марг ва досро ба ӯ дароз намуд. Оҳангар бо дастҳои кайҳо аз тарс бемадораш досро гирифта, ба он зеҳн монд. Дар дигар маврид тезу рост кардани дос шояд дар ним соат анҷом меёфт, аммо ҳоло ки пушти сари  оҳангар касе истода буд, боис мешуд, ки ин кор шояд то ду соат тӯл бикашад.

Оҳангар бо пойҳои бемадораш қадам зада, назди сандон омаду чакушро ба даст гирифт.

-Шумо чиз, э-э, метавонед бишинед. Тамоми ин хама вақт рост меистед магар?-оҳангар бо ин таклифаш кӯшиш намуд меҳмоннавозиву ҳусни нияташро нишон диҳад. Кор ба анҷом мерасид. Дами досро то қадри имкон рост карда, оҳангар ба тез кардани он оғоз намуд ва ба меҳмон нигарист.

-Шумо маро бубахшед, ки каме бепарда гап мезанам, вале ман наметавонам бовар намоям, асбоберо дар даст дорам, ки ба воситаи он ҳаёти одамони зиёде қатъ гардидааст. Ҳеҷ силоҳе дар дунё наметавонад бо он баробар бошад. Ин, дар ҳақиқат, ғайри қобили тасаввур аст.

Марг, ки дар курсӣ роҳат менишасту асбобу анҷоми устохонаро аз назар мегузаронд, якбора такон хӯрду ҷониби оҳангар рӯй гардонд.

-Шумо чӣ гуфтед? – оромона пурсид ӯ.

-Мегӯям, боварам намешавад, ки дар дасти ман силоҳест, ки …

-Силоҳ? Шумо гуфтед силоҳ?

-Шояд ман фикрамро дуруст баён карда натавонистам…

Оҳангар ҳанӯз суханашро тамом накарда, Марг барқосо аз ҷо ҷаҳида, дар як лаҳза пешорӯи оҳангар қарор гирифт. Лаби кулоҳаш сабук пар-пар дошт.

-Ба фикри шумо,  ман чӣ қадар одам куштаам?-аз пушти дандонҳояш фишшос зад Марг.

-Ман… Ман намедонам,-нигоҳашро ба сӯи фарш равон карда, овоз баровард оҳангар.

-Ҷавоб деҳ!-Марг ба манаҳи оҳангар чанг зада, сарашро боло бардошт.-Чӣ қадар?

-На… Намедонам…-Чӣ қадар?-рӯёрӯи оҳангар фарёд кашид Марг.

-Ман аз куҷо медонам, онҳо чӣ қадаро будаанд?-бо  садое, ки хосаш набуд, ҷавоб дод оҳангар ва кӯшиш намуд нигоҳашро гурезонад. Марг манаҳи ӯро раҳо кард ва лаҳзае хомӯш монд. Сипас, каме хам хӯрда, баргашту оҳи вазнине кашида, рӯи сандалӣ нишаст.

-Яъне ту намедонӣ, куштагон чӣ қадар будаанд, - паст-паст садо баровард ӯ ва мунтазири ҷавоб нашуда идома дод: - Чӣ мешавад, агар ман ба ту гӯям, ки ҳеҷ гоҳ, мешунавӣ, ҳеҷ гоҳ ягон нафареро накуштаам.

-Ту ба ин чӣ мегӯӣ?

-Вале… Пас, чӣ тавр…?

-Ман ҳеҷ гоҳ касеро накуштаам. Чӣ лозим ин ҳама куштор барои ман, вақте худатон хеле хуб ин корро анҷом медиҳед? Шумо ҳамдигарро мекушед! Шумо! Шумо метавонед ба хотири коғазпорае, ба хотири бадбиниву нафрат, ба хотири вақтхушиву саргармӣ ҳамдигарро бикушед. Ва ҳангоме ин ҳама бароятон кам бошад, ҷангҳоро роҳандозӣ мекунед ва ҳазорҳо нафарро мекушед. Шумо ин шуғлро хеле дӯст медоред. Шумо ташнаи хуни ҳамдигаред. Ва медонед, дар ин кор аз ҳама нафратовар чист? Шумо наметавонед иқрор шавед, ки муртакиби  ин ҳама куштор худатон ҳастед. Барои шумо аз ҳама осон он аст, ки дар ин кор маро гунаҳкор намоед.

Ӯ каме хомӯш монд.

-Ту медонӣ қаблан ман чӣ гуна будам? Як духтари нозанине будам, рӯҳи одамонро бо гулу гулдаста пешвоз мегирифтам ва то макони охират гусел мекардам. Ба онҳо табассум мекардам, кумак мекардам, то талхии ҷон канданро фаромӯш кунанд. Ин ҳама кайҳо буд.

Бубин, ҳоло ман чигунаам! Марг ин суханонро фарёдзанон гуфту аз ҷо бархост.

Пеши чашмони оҳангар чеҳраи харошхӯрда, пур аз чину ожанги аҷузи пире ҷилвагар шуд. Мӯйҳои сафедаш ба ҳам печидаву рӯйи шонаҳояш овезон буданду кунҷҳои кафидааш ба таври ғайритабиӣ ҳам хӯрдаву дандонҳои поёнии каҷашро намоён мекарданд. Вале аз ҳама даҳшатнок чашмонаш буданд. Мутлақо беранг гашта, чизеро ифода намекарданду ба оҳангар менигаристанд.

-Бубин, ман ба кӣ мубаддал гаштаам. Ва медонӣ барои чӣ?-ӯ ба самти оҳангар қадам гузошт.

-Не,-зери нигоҳи пайвастаи Марг хурд шуда сар ҷунбонд оҳангар.

-Албатта, намедонӣ,-зархандае намуд Марг.

-Шумо маро ба ин ҳол расондед!

Ман медидам, чӣ тавр модар фарзандонашро мекушад, медидам чӣ тавр бародар бародарро мекушад, медидам, ки чӣ тавр одам дар як рӯз метавонад сад, дусад, сесад одами дигарро бикушад. Ман ба ин куштор нигариста, нола мекардам, фарёд мекашидам, аз ғайри мумкин будани ин ҳама рӯйдод, аз ваҳшат наъра мезадам…

Чашмони Марг барқ заданд.

-Ман либоси зебори худро ба пироҳани сиёҳ иваз намудам, то дар он доғи хуни одамоне, ки гусел мекардам, намоён набошад. Ман кулоҳ ба сарам кашидам, то одамон ашкҳоямро набинанд. Дигар ба одамон гулдаста намедиҳам. Шумо маро ба як ҳаюло табдил додед. Ва баъд дар ҳамаи гуноҳҳоятон маро айбдор намудед. Албатта, ин кори хеле осон аст… Марг нигоҳи собиташро ба оҳангар дӯхт.-Ман танҳо шуморо ба охират мегуселонаму роҳро нишон медиҳам, ман одамро намекушам…

-Досамро бидеҳ, аҳмақ!

Аз дасти оҳангар досашро гирифта Марг сӯи дар қадам ниҳод.

-Мумкин аст як суол бидиҳам?-садо баровард оҳангар.

-Ту мехоҳӣ пурсӣ, ки пас ин дос ба ман чӣ даркор аст? - назди дар истода пурсид Марг.

-Бале.

-Роҳи биҳишт… Кайҳо онро алаф зер кардааст.

Тарҷумаи Азимхон Малахов,

омӯзгори мактаби №45, ноҳияи Рӯдакӣ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш