Нашрияи Омӯзгор

Кори неку кардан аз пур кардан аст

Сана: 2021-06-17        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Муаллим як-як дафтарҳои шогирдонро аз назар мегузаронду дар дил хурсанд мешуд. Рӯз ба рӯз дастаашон ба навиштани ҳарфҳо рост мешавад. Вале навиштани писаракеро дида, табъаш хира гашт.

-Чаро худатон наменависед? –пурсид аз ӯ, дар ҳолате ки сар ба болои дафтар хам карда, аз ҳарфҳо чашм намеканд.

-Медонед, агар дигар кас нависад, ёд намегиред. Падару модар ё бародар ҳангоми навиштан ёрӣ расонанд ва ё дастатонро дошта ҳамроҳ як-ду бор ҳарфро нависанд, аз манфиат холӣ нест. Вале вазифаашонро ба ҷо оварда, нияти бо ин роҳ «аълочӣ» кардани фарзандро дошта бошанд, хато мекунанд.

Писарак суп-сурх шуда, дигар чизе нагуфт. Муаллим шогирдонро як-як ба назди тахтаи синф хонда, ба ҳар кадоме навиштани ҳарфи навро ёд дод. Сипас, дар дафтари ҳар як шогирд ҳарфи калону хурди «З»-ро сабт намуда гуфт:-Ана, ҳамин хел, чунон ки навиштам, машқи ҳарф мекунед. Оҳиста оҳиста ёд мегиред ва хушхат мешавед.

Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Воҳидҷон Лоиқов пас аз он ки филиали омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Раштро дар ноҳияи Нуробод хатм кард, қарор дод, ки маълумоташро дар Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт, дар шуъбаи ғоибона такмил диҳад. Ҳамин тавр, соҳиби маълумоти олӣ гашт.

Муаллими ҷавону ботаҷриба нағз медонад, ки таълиму тарбия дар синфҳои ибтидоӣ душвориҳои худро дорад. Маҳз дар ҳамин зинаи таълим таҳкурсии дониши хонандагон гузошта мешавад. Шогирдоне, ки дар синфҳои поёнӣ саводу дониши хуб ҳосил намекунанд, ҳатто озодона хондаву навишта наметавонанд ва оянда ба душвориҳо рӯ ба рӯ мегарданд.

Ба фикри ин омӯзгори соҳибтахассус,  барои ислоҳи норасоиҳо дар синфҳои ибтидоӣ бояд муаллимони таҷрибадор ва масъулиятшинос ба кор ҷалб шаванд ва аз назорат дур набошанд.

 Воҳидҷон Лоиқов дар байни падару модарон обрӯ ва қадру қимати баланд дорад. Аз дигар мактабҳо фарзандонашонро ба назди ӯ овардани баъзе падарон нишонаи қадршиносии баланди омӯзгорӣ, ҷӯяндаю дӯстдори касби худ мебошад.

-Бе кӯшиши муаллим, бе ёрию ҳамкории падару модарон,-меафзояд Воҳидҷон, - дар ин кор ба муваффақият ноил шудан ба назар душвор менамояд. Чунки шогирдон вақти худро дар муҳити хонаводагӣ пушти сар менамоянд. Бояд ба хотири ояндаи фарзанд волидайн бештар чораҷӯӣ кунанд.

… Садои занги мактаб баланд мегардад. Боз шогирдони хурдсол чун кабӯтарони навбол ҷониби лонаҳо-синфхонаҳо болу пар мезананд. Пас аз танаффус аз нав дарс оғоз меёбад. Ин дарс дарси саводу дониш, сабақи одамгарӣ хоҳад буд. Омӯзгори хушсалиқа бо ҳисси масъулият, бо як ҷаҳон шавқу завқ машғулиятро идома мебахшад.

Шафоат Назаров,

омӯзгори мактаби  №12,

ноҳияи Нуробод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш