Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба рушди тафаккури техникӣ

Сана: 2021-06-17        Дида шуд: 818        Шарҳ: 0

 

Барои рушди илмҳои дақиқ дар кишвар танҳо таблиғ ва сайқал додани тафаккури техникӣ кифоя нест. Омӯзиши фанҳои дақиқ ва ташкили озмунҳои сатҳи баланд ҷиҳати фарогирии хонандагон ба илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ, пеш аз ҳама, омӯзгорони соҳибзавқро тақозо мекунад. Агар омӯзгори фанҳои дақиқ дар густариши тафаккури техникӣ ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ сахткӯш бошад, хонандагон ба омӯзиши ин фанҳо ҷалб мешаванд.

Исмоилзода Баҳром Мансур пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Мавсуф аз 5-уми марти соли 2021 инҷониб сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аст. Қаблан ба ҳайси омӯзгори информатика дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳияи Шоҳмансур (1997-2000), литсейи №55-и ноҳияи Шоҳмансур (2000-2005) кор карда, дар вазифаҳои директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ (2005-2009), директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Шоҳмансур (2009-2015) ва директори литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015-2021) фаъолият намудааст. Ӯ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, раиси ташкилоти “Орифон” – и ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур мебошад.

Бояд гуфт, ки сафи ашхосе, ки рисолаҳои илмӣ дар улуми гумнитарӣ дифоъ кардаанд, аз теъдоди унвондорон дар самти илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ бештар мебошанд. Бо дарназардошти масъулият доштани омӯзгори информатика имкони таъмин намудани шароити мусоид барои фарогирии фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ба вуҷуд омада, шаффофият зимни баргузории озмунҳое чун “Илм-фурӯғи маърифат” таъмин мешавад. Озмуни мазкур барои наврасону толибилмон ва ҷавонони болаёқат пешбинӣ шудааст ва ҳадаф аз баргузории он густариш додани тафаккури техникӣ буда, ҳамзамон мусоидат ба такмил ёфтани ҷаҳонбинии илмӣ маҳсуб меёбад. Баҳром Исмоилзода бошад, чун омӯзгори информатика барои роҳандозӣ шудани чунин ҳадафҳои стратегӣ мунтазам талош менамояд.

Ҷоиз ба тазаккур аст, ки Б.Исмоилзода аз зумраи афроди ватандӯстест, ки барои татбиқи барномаи электронии “eDonish” дар мактабҳои шаҳри Душанбе саҳмгузор аст. Гузашта аз ин, зимни роҳбарӣ дар литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифта буд, ки дар назди муассисаи мазкур кӯдакистон ва гурӯҳҳои омодагии томактабиро бунёд намояд ва дар ин замима корҳо бомаром идома доранд.

Дар ҷодаи хидмат ба миллат ва арҷгузорӣ ба давлатсозии тоҷикон ба ҷавони соҳибфикру бомасъулият Баҳром Исмоилзода комёбиҳо таманно дорем.

 

Ширин ҚУРБОНОВА,

собиқадори маориф


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш