(Ба ёди устод А. Пиримов)
Салом устод, устоди гиромӣ,
Баландовозае дар некномӣ!
Салом устод, устоди зафарманд,
Ба ҳар хурду калон гардида дилбанд, -
Чунин будӣ маро ҳар субҳ одат,
Чӣ одат, балки бахтеву саодат!
Ҳама рӯзам пур аз пардоз мешуд,
Чу бо дидоратон оғоз мешуд.
Шумо файзи саҳар будед, устод,
Азизу муътабар будед, устод.
Саропо донишу фазлу муҳаббат,
Дарахти пурсамар будед, устод.
Дареғо, бармаҳал рафтед аз мо,
Дигар пурҳасратему ғам саропо.
Нагирад ҷоятонро ҳеҷ фарде,
Аё, устоди маҳбубу тавоно…
Маъруфи Ҳисом
Иловакунӣ
Иловакунии фикр