Нашрияи Омӯзгор

«Сандуқчаи иқлимӣ» дари худро кушод

Сана: 2018-07-25        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Дар муассисаи таълимии давлатии махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқати ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 -2028» конфронси илмӣ-бадеӣ баргузор гардид. Дар он профессор Абдулҳамид Қаюмов - корманди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок намуд. Ӯ, ки яке аз муаллифони дастури «Сандуқчаи иқлимӣ» мебошад, дар конфронс ба муҳассилини муассиса доир ба ҳифзи муҳити зист, манбаъҳои об суханронӣ намуд. А.Қаюмов ба як силсила  суолҳои толибилмон посухҳои мушаххас дод. Чанде аз хонандагон оид ба  гармшавии иқлим, ки  яке аз масъалаҳои муҳимми ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, суханронӣ намуданд. Хусусан, фаъолияти хонандагон тавассути «Сандуқчаи иқлимӣ» хеле ҷолиб буд. Ин дастурамал ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» бахшида шуда, бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба табъ расидааст. Дар маҷмӯаи   таълимӣ ба ҷуз аз иттилоот оид ба иқлими ҷаҳон маълумот ва мисолҳо оид ба Тоҷикистон низ ҷой дода шудааст. Истифодаи ин дастур баҳри ҳифзи захираҳои обӣ, муҳити зист ва таъсири самаранок ба табиат заминаи мусоид мегузорад.

Конфронси мазкур бо ҳунарнамоии толибилмон, суолу ҷавобҳои ҷолиб, бозиҳои шавқовар, намоиши либосҳои миллӣ басо хотирмон сурат гирифт.

 

Дилором ҶАЛОЛОВА,

омӯзгор,

ноҳияи Б. Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш