Нашрияи Омӯзгор

Инсони покзамир

Сана: 2021-06-17        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Соли 2006. Маро ба вазифаи  директорӣ лоиқ донистанд. Моҳи июн ин  вазифаи пурмасъулиятро қабул кардам. Айни авҷи такопӯи кори мактаб. Таъмир, имтиҳонҳо, навиштани шаҳодатномаи хатм, захираи ангишт барои  зимистон ва  чандин ташвиши дигар. Такя ба пирони кор, устодон кардам. Ёр аҳлу кор саҳл.  Ҳоло  ҳам мушкилоти ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, маблағ намерасид. Рангу бор барои таъмир камёфт буд. Рӯҳафтода нашудам, дили пурам насли калонсоли таълимгоҳ буд. Он замон маоши омӯзгоронро директорон меоварданд. Маро  низ ин амал пеш омад. Бори аввал бо пул сари кор мегирифтам. Аз  ҳисоб кардану додани музди  меҳнати омӯзгорон дастонам меларзиданд…

Дари дафтари корам тақ-тақ шуд ва устод Абдурауф Пиримов рухсати ворид шудан пурсиданд. Ба пешвозашон  хестам, табассум гирди лаб доштанд. Таклифи нишастан кардам. Гуфтанд, ки  табели маошро бин, ҳаққи ман чанд аст? Рақами 660-ро хондам. Пурсиданд:- Ту ба ман чанд  сӯм (ҳоло сомонӣ) додӣ? -Гуфтам: -Фалон  қадар. -Не, -инкор  каданд устод. -  400 сӯм зиёд додаӣ. Иштибоҳ кардӣ. Саросема нашав.

Пас  аз ин рухдод таъкиди муҳосиби маориф ба ёдам  омад, ки гуфта буд: -Муаллим, шумо шахси навкор, баъзан пулҳои нав ба ҳамдигар мечаспанд, вақти додани маош дурусттар ҳисоб кунед, ки аз ин ҳисоб ғалат шуданаш мумкин аст.  Ин таъкидро ба ёд оварда, ба устод арзи сипос намудам. (Аз хотироти яке аз муаллифони ин мақола – Маъруфи Ҳисом).

…Абдурауф Пиримов устоди мо, хатмкардаи шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аввалин тарҷумон аз деҳаи Урметан  дар кишвари Афғонистон, баъди расидан ба синни нафақа низ бо хоҳиши ҳамкорону волидон дар мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 2 ба номи Шоири халқии  Тоҷикистон Қутбӣ Киром пешаи омӯзгориро идома доданд… Соҳибтаҷриба будан, педагогикаи халқиро бо равандҳои таълими замон ҳамоҳанг кардан, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва омӯзгорӣ доштан, доир ба ихтисоси худ донишу маълумоти кофиро соҳиб буданашон буд, ки шуъбаи  маорифи ноҳия эшонро ҷонишини директор  оид  ба синфҳои ибтидоӣ таъйин намуд. Соле чанд ин вазифаи масъулиятборро пеш бурданд ва таълиму тарбия дар ин самт  пурсамар гардид.

Боре дар яке аз ҷаласаҳои назди  директор масъалаи рафти таълими «Алифбо»-ро ба миён  гузоштанд. Саволи асосӣ он буд, ки  чаро тӯли  ним соли омӯзиш  сафи  ҳиҷохонҳо ҳамоно зиёд аст? Пас аз баррасӣ ва таҳлили амиқи ҳайати санҷишгарон аз рӯи таҷриба  бо  ба ҳисоб гирифтани шароити зеҳнию иҷтимоии чунин шогирдон дарсҳои иловагӣ ташкил карда шуд. Дар рафти  санҷиши вазъи таълими фанни математика устод Абдурауф   Пиримов пайхас карданд, ки бархе аз омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар ҳалли мисолу масъалаҳо душворӣ мекашанд ва  аз ин рӯ бо таклифи муаллимону талаби ҷонишини директор бозомӯзии дохилимактабии  омӯзгорони зинаи аввали таҳсилот гузаронида шуд, ки натиҷаҳои дилхоҳ дод.

Он замон   ҳанӯз дар боби таълими тафриқа гапе набуд. Усулҳои фаъоли таълимро касе ёд надошт. Баъдтар таълими ҳамгиро пайдо шуду  ба таълими салоҳиятнок низ,  рӯ ба рӯ омадем. Бо шеваи гилаомез устод ба мо, қаламбадастони маҳаллӣ,  гуфтанд, ки ҳамаи ҳамин роҳҳои  додани донишро аслан дар ин ё он дарси хуби муаллимони худамон мушоҳида кардан мумкин аст, пас чаро наменависед? Тарғиби  озмуни «Муаллими сол» аз мактаб то вилояту ҷумҳурӣ чӣ хел мегузарад, чӣ натиҷа медиҳад, танҳо ба ҳайати ҳакамон равшан асту бас. Маҳорати омӯзгори ғолиб ба  таври дилхоҳ на аз поён ва на аз боло ташвиқ  намешавад, то дигарон огоҳ аз асрори комёбиҳои он шахс шаванд, баҳрабардорӣ кунанд. Устод аз ин боб низ гилаҳо доштанд.

  Дар шӯрои омӯзгорон  боҳадаф сухан мегуфтанд. Орому бодалел. Хоса ба тафтиши дафтар ва муносибати муаллиму хонанда  ба он эътибор медоданд. Покизакор буданд ва аз зердастон  низ тозакориро талаб менамуданд, чунки асли комёбӣ аз ҳамин зина оғоз меёбад.

Худ барвақт ба мактаб меомаданд. Ҳолати синфҳоро аз назар мегузарониданд. Эродҳояшонро  дар ҷояш изҳор мекарданд. Дӯстдори  тозагию тартибот буданд.

Устодро ҳамагон ҳамчун таълимдиҳандаи мумтози алифбои ниёгон ва донандаи хуби асрори он мешинохтанд. Хонандагон  ба ин фан маҳз ба шарофати маҳорати устод  шавқи зиёд  доштанд ва  алифбои ниёгонро зуд  аз худ мекарданд. Суҳбатҳои устод А. Пиримов дар Хонаи омӯзгорон дастуру роҳнамои аҳли таълиму тарбия буданд.

Тӯли  фаъолияти беш аз 50-солашон шогирдони беҳтарин ва фарзандони  соҳибҳунару соҳибдонишро ба воя росонданд. Мактаби фаъолияту таҷрибаи  устод Абдурауф Пиримов шоистаи омӯзиш аст...

Дареғо, марг ҳамин сон устодро  24 майи соли равон аз мо рабуд.

Таҷриба, маърифат, маҳорату малака, одаму одамгарӣ аз он кас ба мо мерос монд.

Ёдашон бахайр!

Баҳриддин КИРОМОВ,

Маъруфи ҲИСОМ,

Ғолиби ҲАСАНЗОД


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш