Нашрияи Омӯзгор

Cимои зани асили тоҷик

Сана: 2021-06-17        Дида шуд: 822        Шарҳ: 0

 

Дар тӯли таърихи адабиёти пурғановати тоҷик, чи давраи классикӣ ва чи муосир, адибон бисёр кӯшидаанд, то чеҳраҳои арзандаи симои асили зани тоҷикро тасвир намуда бошанд. Ба ин муваффақ ҳам гаштаанд

Воқеан, симои зан-модар дар адабиёти тоҷик ҷовидона аст. Чеҳраҳои беҳамтои Малика Томирис, Гурдофариди далер, Таҳмина, Ширин ва Аноргул то имрӯз таъсири амиқи тарбиявию ахлоқӣ доранд. Олимони соҳаи адабиёт (Л. Демидчик ва М. Шукуров) роҳи эҷодии Сотим Улуғзодаро бо чанд самт тақсим кардаанд: роҳи илмӣ ва бадеӣ ва дар як вақт офаридани асарҳои драматургӣ. Дар охир ду роҳи эҷодии адиб – илмӣ ва бадеӣ омезиш ёфта, адиб имкон пайдо кард, ки як силсила асарҳои ҷолиб дар насри таърихӣ офарад. Романи «Восеъ» намунаи барҷастатарини онҳост. Устод Сотим Улуғзода дар романи «Восеъ» симоҳои мусбату манфии занони зиёд, аз ҷумла Аноргул, Гулъизор, Фотима, Марзияи «зансурати морсират» ва Лутфияи бадкору беномусро офаридааст. Вале аз миёни ҳамаи инҳо симои Аноргул ба куллӣ фарқкунанда аст. Шояд ин аз дӯстдоштатарин симоҳои офаридаи худи адиб ҳам бошад. Воқеан, Аноргул бо беҳтарин хислатҳои неки инсониаш диққатҷалбкунанда аст. Вай, пеш аз ҳама, дар ишқу муҳаббат устувор аст, барои муҳофизати ишқи пок нотарсона кӯшиш мекунад. Вақте ки Аноргул ҳамроҳи ҷавони дӯстдоштааш Восеъ дастгир мешавад, худро гум намекунад, балки Восеъро низ дилбардорӣ менамояд. Духтар ҳозир буд, ки бадтарин пешомади худро ҳам бетарсу ҳарос истиқбол намояд. Ё ин ки ҳангоми аз ҷониби бандиён ба Балҷувон бурдани Восеъро дида, Аноргул фарёд мекунад: – Илоҳӣ хонаи золим сӯзад… ман худам ӯро хостам! Ӯ гуноҳ надорад, озодаш кунед…

Тавсифи Аноргулро ҳамчун зани беҳтарин нависанда аз забони Назир, ки дӯсти наздики Восеъ буд, чунин меорад; «Аноргул зани хуб аст, оқила, боҳаё, меҳрубон. Шукр кун, ки толеат аз зан баланд будааст, додар! Кошки, ман зане медоштам, ки лоақал андак ба Аноргул монанд мебуд». Восеъ беҳтарин хислатҳои инсониро доро буд; нотарс, паҳлавон, хайрхоҳ, дилсоф ва баномус. Айнан ҳамин хислатҳо дар кору амали Аноргул ҳам дида мешаванд. Восеъ на барои худнамоӣ ё ғарази шахсӣ, балки барои ҳимояи мардӣ ва нангу номуси мардум ҷангидааст. Масалан, ӯ ҳангоме ки бо тамоми ҳастӣ ба мубориза бархеста, чунин як кори азим – сарварии шӯриши халқро ба уҳда гирифт, ба ҳамсари меҳрубонаш Аноргул чунин гуфт: «Гиря накун. Далер бош, ҷони ширин. Ман ба ту гап дорам. Ба писаронам ва агар насиб бошаду набераҳоямонро бинӣ, ба набераҳоямон ҳам саргузашти маро, корҳои маро бигӯ, падару бобояшонро фаромӯш накунанд. Насиҳати ман ин ки онҳо ҳамеша мард бошанд, баномус бошанд; ба ҷабру зулм, беҳақиқатӣ асло тан надиҳанд. То аз дасташон меояд, бо мардум некӣ кунанд… Ман бист сол аст, ки бо ту ба як болишт сар мемонам; ба ту меҳр бастам – меҳрубонӣ дидам; ғаматро хӯрдам – ғамгусорӣ дидам. Муҳаббати ту баъди мурдан ҳам аз дилам намеравад, ёри азиз. Ман аз ту розиям, ту ҳам аз ман розӣ бош».

Аноргул низ ба Восеъ чунин ҷавоб мегардонад: «Зонаи манғит бисӯзад, ки ба сари мо ин аламу кулфат, ин зиндаҷудоиро овард. Аммо ту хаёл накун, ки ман аз ту гиламандам, Восеъ. Не, ман агар мард мебудам, дар ҷойи ту ман ҳам бо манғит теғ мекашидам. Ман туро аз барои шердилӣ, мардонагӣ, ростқавлият дӯст доштам, ҳозир аз пештара ҳам дӯсттар медорам. Дар куҷое ки бошӣ, ба сарат ҳар чи ки ояд, хоҳ ғам бошад, хоҳ шодӣ, ту маро ҳамроҳи худат бидон…»

Воқеан, ин гуфтугӯйи Восеъ ва Аноргул ҷолиб аст. Аввал, муҳаббати поку самимии онҳо аён мешавад. Онҳо ягдигарро дӯст дошта гирифтаанд, ҳамдигарро аз таҳти дил ҳурмату эҳтиром мекунанд, дар ҳама кор маслиҳату машварат менамоянд. Гузашта аз ин, ҷасорату мардонагии Аноргул ӯро чун зани мубориз нишон медиҳад, ӯ нияти шавҳарашро хуб мефаҳмад ва омода аст, ки теғ ба даст гирифта, баробари ӯ бар зидди амалдорон ҷанг кунад.

Маълум мешавад, ки сиришти Аноргул аз азал чунин офарида шудааст ва ӯ дар ботини худ беҳтарин ва самимитарин хислатҳои зани асили тоҷикро таҷассум намудааст. Ин хислатҳо имрӯз низ бояд хоси ҳамаи занҳо бошанд, чаро ки бузургии зан ба ҳамин ниёз дорад.

Нависандаи мумтоз устод Сотим Улуғзода муваффақ гаштааст, то симои зани асили тоҷикро дар тимсоли Аноргул хеле моҳирона бо риштаи тасвир кашад, ки ин амали неки ӯ аз ҳар ҷиҳат омӯзанда мебошад.

Умарбек ШАРИФОВ,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики  мактаби №13-и

ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш