Нашрияи Омӯзгор

«Тоҷикон» - фурӯғи сафҳаи таърих

Сана: 2021-06-17        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Надонистани гузаштаи аҷдодони худ далели инсони комил набудан аст.Таърихро хотираи инсоният меноманд. Бузургони илму адаб аз қаъри асрҳо моро ҳушдор медиҳанд, ки аз таърихи миллату сарзамин, расму русум ва дину оини худ воқиф бошем.

Миллати тоҷик дар тӯли асрҳо баҳри ноил шудан ба озодӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ сарнавишти пурпечутоберо аз сар гузаронида, сафҳаи таърихи худро ғаниву рангин сохтааст. Таҳти раҳнамоии асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, фарзанди нобиғаи миллати тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров дар солҳои мушкил ба тадқиқ ва таълифи китобе аз таърихи халқи тоҷик шурӯъ намуд. Ҷустуҷӯи пайвастаи ӯ дар ин роҳ самараи дилхоҳ дод. Соли 1947 нахустасари илмии Бобоҷон Ғафуров «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» аз чоп баромад. Бо заҳмати беандозаи хеш академик Бобоҷон Ғафуров барои миллати худ аз таърих равзанае кушод. Тавассути ин асар хонандаи тоҷик ба бисёр саволҳои худ, аз қабили кӣ будани аҷдодони худ ҷавоби дақиқ ёфт. Бояд қайд намуд, ки донистану омӯхтани таърих танҳо ба хотири гузашта нест, балки барои ояндаи дурахшони халқу миллат низ муҳим аст. Миллат бояд гузаштаи худро донад ва дар асоси он ба оянда қадами устувор гузорад. Шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» чун шиносномаи миллат пазируфта шудааст. Вай бо ин асари худ номи некашро абадан сабт намуд ва на танҳо миллати тоҷик, балки тамоми форсизабонони оламро шодком сохт. «Тоҷикон» фурӯғ ё равшангари сафҳаи таърих аст ва арзиши ниҳоят бузург дорад.

Осори академик Бобоҷон Ғафуров барои барафрӯхтани эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ маводи беҳтарин аст.

Шукри соҳибистиқлолии кишвар мекунем, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби «Тоҷикон» нашр гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда мешавад. Ин амал бори дигар моро ба дӯст доштани сарзамин, нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ ва рӯ овардан ба маърифат ҳидоят менамояд.

Сайрам ЛУТФИЛЛОЕВА,

омӯзгори таърих ва ҳуқуқи

мактаби №5-и шаҳри Хоруғ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш