Нашрияи Омӯзгор

Як рӯз бо Улуғзода

Сана: 2021-06-17        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Шаб то дер хобам набурд. Китоби «Ривояти суғдӣ»-и устод Сотим Улуғзодаро ба даст гирифтам. Гарчи пештар хонда будам, боз ба хондан оғоз кардам.

Ин китобро аз мағоза харида будам. То вақти субҳонаи Рамазон ними китобро хондам.

Як коса шир рӯи миз гузоштам, аммо дилам нахост. Як бурда нону чор дона хурмо, як пиёла чои тановул кардаму беихтиёр оҳи талхе аз сина берун омад.

Боз хаёлам ба он рӯз рафт…

Ба муносибати рӯзи Ғалаба, дар идораи «Машъал» мулоқоти кормандони маҷалларо бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқ кормандон ва аъзои ҳайати таҳририя баргузор намудем. Хоса, кормандони ҷавони мо - шоира Мавҷигул Зардодхонова, мусаҳҳеҳ Истамгул Иброҳимова бо шӯру шавқ ва фараҳмандӣ даводав доштанд. Дастархон рост мекарданд.

– Наход? Наход, устодро ман бо чашмони худ бинам-а? Ана, ҳамин хел рӯ ба рӯ, аз наздик…? – нобоварона ҳар гоҳ аз ман суол мекард Мавҷигул.

– Мебинӣ. Мебинӣ, ҳатман, – посухаш додам, гарчи худам низ дар авҷи изтироб будам.

Масъули ин мулоқот корманди мо, рӯзноманигори шинохтаю соҳибтаҷриба ва ошиқи каломи фасеҳу ҷаззоб Насибҷон Амонбоев буд.

Тақдир то ин муддат имкону вақт надода буд, ки бо устод Сотим Улуғзода ҳамдидор бошам.

Худ намедонам чанд бор китоби устод «Субҳи ҷавонии мо»-ро хондаам. Ин китоб гоҳ таги болинам буду гаҳ дар таҳи камзӯлчаи куҳнаи ман, ки гоҳи харсавор алафчинию ҳезумчинӣ рафтан раҳораҳ мехондам. Чӣ қадр ба саргузашти ятимонаи ман монанд буд, лаҳзаҳои муассири зиндагии ман гӯё дар ин китоб оварда шуда буданд. Чӣ қаробати наздике дошт таппиши дили ин китоб бо набзи ман, бо ҳар нафаси кашидаам.

Худовандо! Ғамбахшо будиву ғамкушо ҳам, дардбахшоянда ҳастиву дардрабо ҳам. Чӣ сеҳру асрор ва ҷони зинда суханро дода будиву чӣ мақом ба ин соҳибсухани бузург. Бароям устод пайғамбари ҳақиқии сухан буд. Мепарастидам. Орзуи як бор диданаш мекардам. Мехостам бубинам ва аз ашкҳои миёни сафҳаҳои ин китоб хушкидаам қисса кунам.

Аммо лол будаму сеҳрзада. Ба ташнагии ҳамон айёми кӯдакии хеш ҳар як сухан, ҳар як ҷумлаи ӯро гӯш медодаму ба чашм бовар намекардам.

Гирди мизи хоксорона ороста ҳамроҳи меҳмонони азиз, Шоири халқии Тоҷикистон Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, академик Раҷаб Амонов, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдумалик Баҳорӣ, рассоми варзида Виктор Чечётка, устод Сотим Улуғзода паҳлуи ман нишастанду мулоқотро оғоз бахшидам.

Суҳбати онрӯзаи устод як саҳифаи гарм дар зиндагии ман, як субҳи равшану беғуруб дар эҷоди ман гашт. Гуфтугӯи боназокат, адаби воло, фурӯтании хизрона, баёни андеша ва ҳусни сухани ӯ воқеан ба инсони одӣ ҳеҷ шабеҳе надошт. Ман гӯё ба устод не, ба як муъҷизаи зиндае менигаристам. Кӯдакии ман баргаштаву гӯё бо «Субҳи ҷавонии мо» аз нав ҳамсухан будам…

Ҳамкорони мо низ он рӯз як рӯзи бахтро ҳадия гирифтанд. Мавҷигулу Истамгул на танҳо устодро диданду шуниданд, балки ҳамроҳ рақсиданд. Аҷаб зебо мерақсидаанд Улуғзодаи бузург, солор, вазнин, батамкин.

Фурсати гусел ҳам расиду устод Сотим Улуғзода ба китоби харидаам соядаст монданд.

Устод дар он соядаст менавиштанду таппиши дилам фузунтар мешуд. Чашмонам гӯё нур гирифтанд. Чи ҳусни ҳати зебо ва мураттабе!

…Яке аз рӯзҳои сияҳи ҷангҳои шаҳрвандӣ, ки назди боғчаи хона чанд либосу зарфро барои фурӯш паҳн карда будам, то ба ноне бирасад, аз таваҷҷуҳи бонуе шод гаштам.

Ӯ ба косаю табақи чинии хушгули ман дурудароз хира шуду нарх пурсид.

Банохост дар дасти ман китобро дида, аз косаву табақ фаромӯш кард.

– О, китоби устод Сотим Улуғзода! Медонед, ман чӣ қадар ин китобро кофта будам. Намефурӯшед?

Ба инкор сар ҷунбонидам.

– Як рӯз барои хондан намедиҳед?

Дар чашмони бону, ки омӯзгори забон ва адабиёт будааст, он гуна шодие барқ мезад, ки гумон мекардед, кони ганҷ ёфта бошад.

Дар он рӯзҳои шуму беранг дидани чунин чеҳраи шукуфта аз нон не, аз китоб, маро мутаассир сохт.

– Хуб. Вале баъди хондан мебиёред. Ин китоб бароям хеле азиз аст, бо соядасти устод…

        – Ҳатман, ҳатман, – бонуи омӯзгор китобро чун тӯмор ба сандуқи сина пахш кард.

– Ташаккур.

Аз пасаш хеле нигоҳ кардам. Дар хамгашти кӯча нопадид гашту яке гӯё маро барқ зад. «Ному насабашро напурсидам. Рақами мактабашро ҳам. На, охир ӯ омӯзгор аст. Наход?,.

Дареғ, ки то имрӯз интизораму интизор… Агар ӯ зинда аст, бояд китобро баргардонд…

Аждари ҷанг гавҳари қиматтарини маро низ фурӯ бурд.

Ин китоби «Ривояти суғдӣ»-и устоди бузург Сотим Улуғзода буд.

Латофат КЕНҶАЕВА


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш