Нашрияи Омӯзгор

Литсейи  ДПХ 10-сола шуд

Сана: 2021-06-17        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Таъсиси литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ талаби давру замон  маҳсуб меёбад. Литсей тибқи Қарори Шӯрои олимони донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ соли 2011 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таъсис ёфта, теъдоди хонандагон то имрӯз ба 550 нафар расидааст. Литсей таҳти роҳбарии директори кордону пуртаҷриба, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, шодравон Улфат Ахмедова ба фаъолият шурӯъ намуда, тӯли 6 соли роҳбарӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Сипас, идомадиҳандаи кори ӯ - шогирди муаллима, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Президент дар соҳаи маориф Зебоҷон Аминова  гардид.

Таҳсил дар литсей бо забони тоҷикӣ ва забони русӣ сурат гирифта, забони русӣ ва забони англисӣ барои синфҳои тоҷикӣ ва забонҳои давлатию англисӣ барои синфҳои русӣ забони дуюми таҳсил мебошад. Алҳол, дар литсей 42 нафар омӯзгор фаъолият доранд, ки ҳамаи онҳо дорои маълумоти олии педагогӣ мебошанд.

   Пояи моддию техникии литсей мунтазам мустаҳкам шуда, теъдоди синфхонаю кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳою таҷҳизот бамаротиб афзудааст. Алҳол, дар литсей се бинои таълимӣ, ду озмоишгоҳи фаннӣ-физика ва химия, як китобхона, ду синфхонаи компютерӣ, толори маҷлисгоҳу майдончаи варзишӣ, 24 адад кабинети фаннию 8 адад синфхона амал мекунанд. Ҳамаи кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо бо 13 адад тахтаи электронӣ, 27 адад мултимедиа проекторҳо ҷиҳозонида, ба системаи баландсуръати Интернет  пайваст шудаанд.

Биноҳои таълимии литсей бо системаи ягонаи гармидиҳӣ дар мавсими зимистон таъмин буда, дар ҳамаи синхонаҳою озмоишгоҳҳо ва роҳравҳои дохили биноҳо камераҳои назоратӣ (48 адад) насб шудаанд.

Хонандагони литсей дар Олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд. Дар солҳои 2011-2018 якнафарӣ, дар соли 2019 дунафарӣ, дар соли 2020-2021 сенафарӣ хонандагони литсей дар Олимпиадаи фаннии сатҳи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Ҳамасола як қатор  муҳассилини литсей сазовори  Стипендияи президентӣ  ва раиси шаҳр мегарданд.  Соли 2020 ду нафар хатмкунанда – Мадинахон Абдувоҳитова ва Аминҷон Шерматов муассисаро бо аттестати аъло ва медали  нуқра хатм намуданд.

Нуъмон РАҶАБЗОД,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш