Ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Куҳнақӯрғони Ҷамоати деҳоти ба номи Гожо Бердибаеви ноҳияи Мурғоб сохтмони толори варзишӣ бомаром идома дорад. Барои тезонидани кор дар иншоот аз ҷониби ҳукумати ВМКБ 40 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар сохтмони он хоҷагии фермерии «Турғунбой Шаимқулов» ва бошандагони ин русто саҳмгузорӣ доранд. Айни замон дар иншоот 25 нафар сокинони таҳҷоӣ ва омӯзгорони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и ба номи Салоҳиддин Кожокбаев ба корҳои бунёдӣ машғуланд. Хиштчинӣ дар деворҳо анҷом ёфта, корҳои андовакунӣ идома доранд.
Ҷ.Қозибеков,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр