Нашрияи Омӯзгор

Чистон дар дарси табиатшиносӣ

Сана: 2021-06-17        Дида шуд: 867        Шарҳ: 0

 

Омӯзгор вобаста ба мавзӯъҳои фанни табиатшиносӣ дар мавриди мувофиқ,  ва дар лаҳзаҳои дамгирӣ аз чистонҳо истифода бурда метавонад.

Чистон аз ҷиҳати мавзӯъ ва мундариҷаи худ ҳамеша ба ҳақиқати зиндагӣ, ҳодиса ва ашёи олам, ки моро иҳота кардаанд, алоқаманд мебошад.

Чистонёбӣ дар ниҳоди хонандагон зиракӣ, ҳушёрӣ, нуктасанҷӣ, ҳозирҷавобӣ барин сифатҳоро тарбия мекунад.

Чистонҳо ба мо имкон медиҳанд, ки бифаҳмем деҳқон ва ҳунарманд ба ин ё он ҳодисаи табиат, олоти меҳнат, ба набототу ҳайвонот ва ғайра чӣ гуна муносибате дошта ё доранд.

Бо ин сабаб чистонҳои тавсифии дар дарсҳои табиатшиносӣ истифодашавандаро ба гурӯҳҳое ҷудо мекунем, ки дар онҳо олоту воситаҳои меҳнат, ҳодисаҳои табиӣ, замин ва коинот, олами набототу ҳайвонот узвҳои бадани одам акс ёфтаанд.

Инак, чанде аз ин гуна чистонҳо:

1. Чистонҳо оид ба асбобу олоти меҳнат:

Гар равад зери замин,

Пур кунад рӯйи замин.(сипор)

Осмон барояд ялаққӣ,

Замин фарояд тараққӣ.           (каланд)

Аҷоиб луъбате дидам,

Миёни сина пар дорад.

Ба пояш кафши пулодӣ,

Даҳон болои сар дорад.         (трактор)

2. Чистонҳо доир ба ҷисмҳои осмонӣ, иқлим ва фасли сол:

Бе ман ҳаёт набошад

Дар ҳама рӯйи олам.

Бе ман вуҷуд надорад,

На ҳайвону на одам.                     (об)

Ситораҳои пурҷило,

Боридаанд аз ҳаво.

Ба даст гирад чун кас,

Қатраи об асту бас.                   (барф)

3. Чистонҳо оид ба олами наботот:

Сӣ сандуқ, сила сандуқ,

Ҳама сандуқ ба як сандуқ.        (пиёз)

Он чист, ки аз барг паноҳе дорад,

Дар сар кулаҳу ҷома сиёҳие дорад.    

(боимҷон)

4. Чистонҳо дар бораи олами ҳайвоноту парандагон:

Як ҷонваре бидидам,

Аҷаб хуш месарояд.

Сари ғунча нишаста,

Шабро саҳар намояд.            (булбул)

Ҳавзи қулум – қулум,

Почадарози калтадум.            (шутур)

5. Чистонҳо оид ба узвҳои бадани одам:

Ду бодоми шукуфта

Холи сиёҳдоранд

Дар як лаҳза замину

Осмонро тай месозанд        (чашмон)

Омӯзгор метавонад, ки дар вақти дарс хонандагони синфро ба гурӯҳҳо ҷудо карда, дар байни онҳо оид ба чистонгӯйӣ ва чистонёбӣ мусобиқа ташкил намояд.

Ин мусобиқаҳо то 3 – 5 дақиқа давом меёбанд. Хонандагон дар ин вақт мондашавиро ҳис намекунанд, диққаташон мутамарказ мешавад ва вақт босамар мегузарад. 

Инчунин, омӯзгор ҳангоми истифодаи чистонҳо бояд ба чунин саволҳои хонандагон: “Ҷондор ё беҷон?”, “Хӯрданӣ ё не?”, “Дар дур ё дар наздик”ва ғайра ҷавоб диҳад. Зеро бе ин гуна таркибҳои ёрирасон ёфтани ҷавоби чистон душвор мегардад.           

Аз ҷумла ҳангоми истифода бурдани чистони зерин:

“Чист он он луъбате, ки ҷонаш нест,

Сулфаҳо мекунад, даҳонаш нест.

Гиряҳо мекунад, надорад чашм,

Хандаҳо мекунад, лабонаш нест” омӯзгор бояд гӯяд, ки ин воқеаи табиат буда, маконаш дар ҳаво ва ё осмон аст. Пас, бачаҳо каме фикр карда, ҷавобашро меёбанд. Онҳо тахмин мекунанд, ки сухан дар бораи чӣ меравад, яъне абр ва пайдо шудани раъду барқ ва борон.

Ҳангоми гузаштани ҳар як мавзӯъ чистонҳои ба мавзӯъ мувофиқро истифода барем, дониш ва маҳорати хонандагон оид ба мавзӯъ мустаҳкам мегардад. Зеро истифодаи чистон дар таълими фанни табиатшиносии синфҳои ибтидоӣ аҳамияти калон дорад.

Р.Муҳиддинова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби № 1,  ноҳияи Зафаробод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш