Нашрияи Омӯзгор

Лоиҳа амалӣ мешавад

Сана: 2021-06-17        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Бо мақсади такмили методҳои инноватсионии омодасозии мутахассисони соҳаи муҳандисӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ лоиҳаи «Мукаммалгардонии таҳсилоти олии техникӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар асоси таҷрибаи донишгоҳҳои аврупоӣ» татбиқ  мешавад.

Ин лоиҳа имкон дод, ки такмили фазои маҷозии ҳамгироии донишгоҳ бо дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмӣ бо роҳи таъсис додани 5 маркази технологияҳои инноватсионии таълимӣ, ки ба баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон тавассути иштироки донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва ҳайати профессорону устодон дар онлайн-лексияҳои олимону муҳаққиқон аз донишгоҳҳои хориҷӣ доир ба масоили мубрами илм ва технология, ташкили онлайн омӯзишҳо барои омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ аз ҷониби мушовирони байналхалқӣ, баргузории вебинарҳо ва конфронсҳои илмӣ-амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, гузаронидани мизҳои мудаввар оид ба масоили мубрами таҳсилоти муҳандисӣ ва рушди бахши иқтисодиёти кишвар бо иштироки корфармоён, натиҷаҳои мусбат ба даст оянд ва барои омода кардани замина ҷиҳати тақвият додани фаъолият дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим (пеш аз ҳама, дар ихтисосҳои техникӣ) мусоидат намоянд. Таъсиси марказҳои инноватсионӣ имкон дод, ки бахшҳои гуногуни донишгоҳ дар заминаи технологияҳои инноватсионии иттилоотӣ бо ҳам дар шакли онлайн доим пайваст бошанд. Дар баробари ин, шароити баргузории онлайн-лексия, вебинар, видеоконфронсҳо ва дигар маросимҳо бо иштироки намояндагони донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ фароҳам оварда шуд. Мавриди зикр аст, ки барои ба сатҳи сифатан нав баровардани фаъолияти таълимӣ дар донишгоҳ видеостудияи замонавӣ таъсис дода шуда, он ҷиҳати ба роҳ мондани наворбардорӣ, монтаж ва коркарди рақамии видеомаводи таълимӣ, беҳтар намудани имкониятҳои дастрасии маводи таълимию методӣ ва таҳияи видеокурсҳои фаннӣ имкониятҳои технологӣ-инноватсионии васеъ дорад. Дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Русе ба номи Ангел Канчев (Булғористон), Донишгоҳи давлатии Урали ҷанубӣ (ЮУрГУ), Иттиҳодияи ҷамъиятии «Маърифати шаҳрвандӣ» ва Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон” Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳамчун донишгоҳи асосии техникии кишвар мунтазам заминаи моддию техникиро такмил дода, усулҳои инноватсионии таълимиро таҳия менамояд.

Зимни суханронии худ дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки «…тайи солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон барои пешрафти фаъолияти инноватсионӣ дар мамлакат, ташаккули низоми самараноки инноватсионӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи технологӣ ва рақобатнокии истеҳсолот, ба бозори дохиливу хориҷӣ баровардани маҳсулоти инноватсионӣ, истеҳсоли молҳои ивазкунандаи воридот, суръатбахшии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ мусоидат менамояд, заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодиро фароҳам овардааст. Аз ҷумла дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020» ва «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» асосҳои ҳуқуқии фаъолияти инноватсионӣ муҳайё гардидаанд». Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва дар амал татбиқ намудани талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқии болозикр лозим аст, ки дар самти рушди фаъолияти инноватсионӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин замина аз таҷрибаи марказҳои таълимӣ-инноватсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ истифода намоем.

Мамадамон АБДУЛЛО,

муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи

академик М.С.Осимӣ,

Ардашер ШЕРЗОДИЁН,

раиси Ҷамъияти илмии донишҷӯёни

донишгоҳи мазкур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш