Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии озмуни «Мо бо шумоем!» баргузор гардид. Чорабинӣ бо суханони муқаддимавии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ Рустам Фелалиев оғоз ёфт. Аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят ба даври вилоятӣ 22 нафар роҳ ёфта, аз рӯйи се номинатсия сабқат оростанд. Ҳунарнамоии атфоли имконияташон маҳдуд ҳозиринро ба шавқу завқ овард.
Ҳакамон аз байни беҳтаринҳо ба маҳорати баланди 7 нафар иштирокчӣ баҳои баланд дода, барои иштирок дар даври ниҳоии озмун, ки дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе баргузор мегардад, роҳхат доданд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ ба ғолибон сипосномаю роҳхат ва ба 22 нафари баромадкунанда туҳфаҳо тақдим намуд. Ҳамзамон санъаткорони мактаби мусиқии шаҳри Хоруғ барои иштироки фаъолона дар озмун бо сипосномаи КИВ ҲХДТ қадрдонӣ шуданд. Дар озмун муовини раиси ВМКБ Анвар Имматшоҳзода иштирок ва суханронӣ кард.
Найри Аъзам
Иловакунӣ
Иловакунии фикр