Нашрияи Омӯзгор

Амнияти ҳаётат дар дасти туст!

Сана: 2021-06-17        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Оё ту медонӣ, ки қоидаҳои ҳаракат дар  роҳ на танҳо ба ронандагон, балки ба пиёдагардону мусофирон низ дахл дорад? Оё ту гуфта метавонӣ, ки аломату нишонаҳои роҳ, рангҳои сурху сабзи чароғаки раҳнамо чиро ифода мекунанд  ва чӣ аҳамият доранд?

Дар  ҳамин  хусус  ва   дар  бораи  чизҳои  дигаре,  ки  ба  роҳ  ва  қоидаҳои  дурусту  ҳаракату  рафтор  дар  он  вобастагӣ  дорад, бо ту суҳбат мекунам.

Вақте  ту  қоидаҳои  ҳаракат  дар  роҳро  медонӣ  ва  онҳоро  риоя  менамоӣ,  роҳи  ба  муассисаи  таълимӣ  рафтану  омадан  бароят  осон  ва  бехатар  мегардад.

Ҳам  рӯз,  ҳам  шаб, дар  ҳама  гуна  боду  ҳаво,  дар  роҳу   кӯчаҳо  воситаҳои  нақлиёти  бисёре  ҳаракат  мекунанд.  Шумораи  воситаҳои  нақлиёт  сол  ба  сол  бештар  мешавад.

Бинобар  ин,  тамоми  иштирокдорони  ҳаракат  дар  роҳ   бояд  хеле  боэҳтиёт,  бодиққат  ва  боинтизом  бошанд. Яке  аз  шартҳои  асосии  бехатарии  ҳаракат  донистан ва иҷро  намудани  қоидаҳои  ҳаракат  дар  роҳ  ва  риоя  намудани  талаботи  аломату  нишонаҳои  роҳ  мебошад.

  Иштирокдорони  ҳаракат  дар  роҳ  пиёдагардон,  мусофирон  ва  ронандагон  мебошанд.  Тамоми  кӯдакон  якҷо  бо  калонсолон  бояд  мунтазам ва  дақиқ қоидаҳои  ҳаракат  дар  роҳро  омӯзанд.

Муроҷиат ба пиёдагард:

Дар вақти қадам задан дар роҳҳои мошингард ҳеҷ гоҳ шитоб накун, ки шитобкорӣ ба пушаймонӣ мерасонад. Барои амнияти саломатии худ беҳтар аст аз пиёдароҳ қадам занӣ. Ҳангоми гузаштан аз чорроҳа бодиққат бош ва аз телефони мобилӣ истифода набар. Аломатҳои роҳ мазмуну моҳияти вижаи худро доранд, ки ту аз рӯйи китоби «Қоидаи ҳаракат дар роҳ» онҳоро медонӣ. Аз ҷойҳое, ки тибқи нишонаҳои махсус қадам задани пиёдагард манъ карда шудааст, ҳаргиз ҳаракат накун. Барои он ки ба қоидаҳои ҳаракат пурраву ҳаматарафа шинос шавию худро эҳтиёт намоӣ, ба созмони «Нозири ҷавон» узв шав! Маслиҳатҳои судманди худро аз хонандагони хурдсол дар масъалаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дареғ надор.

Фарангиз БОБОҶОНОВА,

мураббияи кӯдакистони №17-и

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш