Нашрияи Омӯзгор

Зардушт ва тамаддуни ориёӣ

Сана: 2018-07-25        Дида шуд: 768        Шарҳ: 0

Шинохту бозтоби чеҳраи бузургтарин абармарди таърихи оламу башарият Зардушти Спитамон қарнҳост таваҷҷуҳи аҳли хирад, фозилону ҳакимонро ба худ кашидаасту то кунун чун гавҳари ноёб дар садафи баҳри тахмину гумонҳо пинҳон мондааст.

Ҳарчанд бузургтарин файласуфону донишмандони олам Х. Барталома, Ҷ. Мултон, Ф. Шпигел, М. Бойс, С.П.Толстов, Ф. В. Нитше, В.А.Лившитс, Муҳаммад Муин, Муҳаммад Иқбол, олимони тоҷик Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ, Акбари Турсон, Комил Бекзода, Бобохон Бобоназар, Юсуфшоҳ Яъқубов ва чанде дигар дар боби зиндагиномаву кешу ойини Зардушт кашфиёти нодир намудаанд, аммо ҳоло ҳам бозтоби рӯшани асрори ҷаҳони андеша ва шахсияти Зардушт дақиқ нест. Хушбахтона, дар даврони Истиқлолият ва бо иқдоми хештаншиносонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи арзишҳои ориёии миллат ва шинохти чеҳраҳои мондагори он тадбирҳои наҷибу таърихӣ андешида шуданд. Пажӯҳиш ва бозшинохти таърихи миллат, фарзонагону давлатсолорони он бо ибтикори Сарвари давлат бо тамоми нозукиҳо ва марҳилаҳои баҳору хазони он бо диди тозаву илман асоснок оғоз гардидааст, ки баҳри хештаншиносӣ ва  ба асли худ баргардонидани миллат хеле арзишманд аст. Агар дар таърихномаҳои тоҷикшиносии гузашта чун «Тоҷикон» (1807)-и Монс Стюарт Элфилстон , «Тоҷикон» (1909)-и А.Шишов ва «Тоҷикон» (1972)-и аллома Бобоҷон Ғафуров бо тақозои сиёсати давр баъзе паҳлуҳои таърихи пуртакопӯи тоҷикон бозгӯй нашуда бошанд, дар асарҳои мондагори Пешвои миллат «Тоҷикон дар ойинаи таърих» ва «Чеҳраҳои мондагор» ба шарофати истиқлолияти миллӣ ҳақиқати таърихӣ ошкоро баён шудааст.

Бояд аҳли хирад оқилонаву зиракона зина–зина дар кушудани равзанаи хотироти миллат пешгом бошанд, то наслҳои бедору ҳушёрро ба сарчашмаи поку мусаффои хиради ориёӣ роҳбаладӣ намоянд. Имрӯз бо шарофати истиқлолияти миллӣ марҳилае расидааст, ки тоҷик озодона бояд ба асли хеш, бар андешаву тафаккури созандаву бунёдкор, ростҷӯиву некишиори оини Зардушт шинос гардад ва пардаҳои тарсу ваҳм, ҷаҳлу гумроҳиро канор андозад.

Дар илм Зардушт зода ва парвардаи сарзамини Арияна – Вайҷаҳ (Паҳнои Ориёно), гоҳо Балху Хатлон, гоҳе Суғду дигар маскунгоҳи ориёнишин (канори дарёҳо) шинохта шуда, бостоншиносон осори ӯро дар ҳазораи III то милод, гоҳе дар ҳазораи VII – X то милод меҷӯянд. Нисбат ба зодгоҳ, сафарҳо, авлоду аҷдод давру замон, инчунин, шоҳони даври ӯ андешаҳои зидду нақиз бисёр аст. Ҳатто перомуни қисматҳои «Авасто», «Занд» ва мазмуну муҳтавои онҳо андешаҳо гуногунанд. Аз таърих маълум аст, ки Искандари бадкин аз рашку ҳасад бар фарҳангу тамаддуни ориёӣ «Авасто»-и зарандударо сӯхту маъбади муғони Зардуштиро дар Истахр вайрон сохт ва наслҳои ориёӣ ба ватани хешовандони худ дар паси кӯҳҳои Синд ба Ҳинд фирор намуданду кешу ойини хеш нигоҳ доштанд. Танҳо дар асри XVII аз ҷониби олими бузурги фаронсавӣ Анкетил дю Перрон 5 пораи «Авасто» аз забони зардуштиёни Ҳинд гирд оварда шуд ва ба забонҳои аврупоӣ тарҷума гардид. Аммо то имрӯз мо, меросбардорони асили ин ганҷи бебаҳои яздонӣ, аз он ба забони имрӯзаи хеш бебаҳраем, яъне то кунун тарҷумаи комилу шоиронаи «Авасто» ва шарҳу тафсири он бо забони тоҷикӣ мавҷуд нест. Ҳарчанд дар Эрон тарҷумаи комили «Авасто»-и Пури Довуд кайҳост маъруфият дораду чандин тарҷумаи дигар низ мавҷуд аст. Зарурияти сиёсию таърихист, ки барои ваҳдати андеша, идрок ва ғоявии миллат ин шоҳкории нубуғи хиради ориёӣ «Авасто» бо забони шоиронаи тоҷикӣ гирдоварӣ, тарҷума ва паҳну тарғиб карда шавад. Дигар, амри таърихӣ ва виҷдонии миллат тақозо дорад, то бо шарофати истиқлолияти ҳуқуқӣ, марзӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ бар шоҳрагҳои хотироти андеша, ҷаҳонбинӣ, кешу оин ва боварҳои ориёии хеш парчами истиқлолиятро барафрӯзем.

Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мақому мартабаи баланд дорад чун иқдомгузори чандин пешниҳоди наҷиб дар боби об ва масрафи оқилонаи он барои рушди инсоният, ки аҳли сиёсату хиради ҷаҳон пазируфтаанд. Об яке аз чаҳор унсури ҳастиофарини яздонист, ки дар «Авасто» ситоиш ёфтаву олиҳаи худ Адвисураро дорад,ки  парастиши он ҷоиз аст. Ин ҳикмати Зардушт аст, ки обро манбаи ҳаёт медонад. Дигар унсурҳо - хок, ҳаво ва оташ низ муқаддас шуморида шуда, пок доштану истифодаи оқилонаи ин унсурҳои чаҳоргона асоси бақои ҳаёт дониста шудааст. Имрӯз онҳо яке аз масъалаҳои асосию муҳим гардидаанд, ки ҳалли мӯшикофонаи хешро тақозо доранду бар муаммоҳои ҷаҳонӣ табдил шудаанд. Дигар, намунаи фарҳанги сулҳофаринии тоҷикон дар ҷаҳон аст чун беҳтарин нишонаи тамаддунии инсоният дар боби ҳалли ихтилофоти байни тарафҳои даргири ҷанг ва низоъ. Ин зузанаби кафшергари фитрати ориёии тоҷикон буд, ки пайванд бо аҳкоми некуи ҳурмуздии Зардуштро дошт ва аз умқи зеҳнияту шараф, ору номус, бо шуълаҳои хиради ориёӣ булуғ кард.

Дурустии вусъати ғоя, андеша ва комил будани ҷаҳони маънавии шахс, ҷомеа беҳтарин восилаи ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу ваҳдат, суботу  оромӣ, кору фаъолияти осоишта, садоқат ба марзу бум, посдории мероси моддиву маънавии ниёгон ва дар ниҳоят, модар – Ватан аст. Пас, мебояд ғояи ягонаи миллӣ дар поя ва асоси арзишҳои ориёии Зардушт гирдовариву таҳия шуда, ҳакимонаву оқилона пешкаши наслҳо дар омӯзишу парвариш, кору фаъолияти аҳли маориф, хусусан, аҳли раёсату сиёсат гардонида шавад. Ин масъалаи саҳлу сода нест, зеро  шахсияти Зардушт, қимати таълимоти ӯ ва ҳикмати ҷовидонаи ӯро натанҳо оммаи мардум намедонанд, балки ҳатто қисмате аз аҳли илму фарҳанг ва раёсату сиёсат аз он бехабару бо фатвои бегонапарасте  мухолифи он ҳастанд.

Баҳри эҳёи арзишҳои бузурги тамаддуни ориёӣ ва пайванди гусастаи  наслҳои озодагон дар ин вартаи бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо зарур аст, то баҳри бақо паси тадбири ин иқдом гардем, зеро:

«Об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност».

 

Аминҷон ЗАРИФӢ,

сардори шуъбаи таълими

коллеҷи политехникии

ноҳияи Зафаробод,

Аълочии маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш