(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)
Дар синфи 2 аввалин коре, ки бояд ба анҷом расад, шинос намудани хонандагон бо ҳарф ва овозҳои забони русӣ аст. Фаромӯш набояд кард, ки дар забони русӣ танҳо овози садоноки «ы» чӣ душвориву муаммоҳое ба сари хонандагон меорад. Бархе аз хатмкунандагони мактабҳо ҳатто дар синфҳои 10 ва 11 ин овозро талаффуз карда наметавонанд. Талаффузи нодурусти ин овоз ва иваз намудани он бо овози муқаррарии «и» ба талаффузи нодурусти овозҳои ҳамсадо сабаб мешавад. Дар забони русӣ 10 овози ҳамсадо ҷуфтҳои худро дар самти нарму мулоим ва ё сахту шадид талаффуз шудан тақозо мекунад.
Бо назардошти мавҷудияти душвориҳо дар самти таълим ва омӯзиши забони русӣ, ба хотири парвариши маҳорат ва малакаи забондонӣ, ташаккули унсурҳои нахусти салоҳиятмандии талаба тавсия менамоем, ки нахуст китобҳои дарсии босифат ва ҷавобгӯйи талаботи илми методика ва дидактика, забоншиносӣ ва равоншиносӣ таҳия гарданд. Ба ҳайати муаллифон нафароне шомил бошанд, ки мутахассиси ҳар ду забон бошанд. Дар омӯзиши забони ғайримодарӣ ба назари эътибор гирифтани хусусиятҳои забони модарии сокинони маҳал, фарҳанги миллӣ, урфу одат, анъанаҳо ба аҳамияти бузург соҳиб аст.
Чунончи, дар синфи 2, ки оғози омӯзиши забони русӣ аст, қабл аз ҳама, ба ташаккули малакаҳои артикуллятсионӣ (талаффузи хоси овозҳои забони русӣ дар таркиби ҳиҷо, калима, ибора, ҷумла, интонатсияи ҷумлаҳои начандон душворфаҳм дар доираи қолаби синтаксисии гуфтор), омӯзиши захираи муайяни луғат, хондан ва навиштан, дарки мазмуни чизи хондашуда, тарҷумаи калимаву ибораҳои супоришшуда зарур аст. Ҳамчунин, аввалин мисолҳои дар ҷинсият, шахс ва шумора мувофиқ гардонида шудани ҷузъҳои таркиби ибора ба ахамияти калон ноил аст. Маҳз аз ҳамин давраи омӯзиш ба маҳорати ибора ва ҷумла сохтан, ба саволҳои одӣ ҷавоб додан, ба ташаккули нишонаҳои нахусти тавонмандии шогирдон муваффақ шудан зарур дониста мешавад.
Сабаби асосии нотавонӣ дар омӯзиши забон ва умуман, забонҳо (ҳатто забони модарӣ) дар нодуруст гузоштани хишти аввали забономузӣ аст. Салоҳиятмандии хонанда дар мавриди омӯзиши ин ё он фан (аз ҷумла, забони русӣ) аз чанд омил вобастагӣ дорад: аз китоби хушсифат ва бомазмун (дар доираи мувофиқат ба синну сол, мавҷудияти муҳити забон ва гуфтор), аз омодагии назариявӣ ва методии омӯзгор, аз истифодаи мақсадноки роҳу усули навгониҳои таълим, аз нутқи намунавии омӯзгор, ки ба хонандагон намуна, ибрат ва таъсир дошта бошад.
Моҳиятан, салоҳиятмандӣ/тавонмандӣ дар пояи чунин арзишҳо имконпазир мегардад:
- салоҳиятмандӣ муносибат набуда, он тарзи муваффақшавӣ ба дарк ва фаҳмиши маводи таълим, амал кардан, фаъол будан, хоҳиш доштан ва тавоноии зеҳнӣ ва қобилиятнокиро пешбинӣ менамояд;
- салоҳиятмандӣ - татбиқи амалии донишҳои назариявист;
- салоҳиятмандӣ маҳорати дуруст дарк ва фаҳмидани маводи таълим аст;
- салоҳиятмандӣ аз маҳорати истифодаи воситаҳои забон (калима, ибора, ҷумла) дар раванди гуфтор ва баёни матлаб арзёбӣ шуда, истифодаи дурусти овоз, ҳарф, зада, интонатсияро тақозо мекунад;
- салоҳиятмандии муаллим дар интихоби роҳу усули самарабахши баёни мавзӯъ ва маводи таълим аст.
Замоне олими машҳури Юнонзамин Аристотел мафҳуми “компетентностный подход”-ро зимни ифодаи “atera» - неру, қудрат, қобилият, тавоноӣ, лаёқат”, ки доимо дар ҷараёни такмил ва рушд қарор дорад, шарҳ дода буд. Яъне салоҳият/салоҳиятмандӣ дар заминаи қабл аз ҳама фаҳмиш ва қобилияти фикрронӣ ташаккул меёбад. Яъне, он донистан ва тавонистан аст.
Аслан, дар мавриди омода кардани омӯзгори забон (модарӣ, русӣ, хориҷӣ) дар робита бо ташаккули салоҳиятмандӣ/тавонмандӣ таъмину татбиқи чунин рукнҳои муҳимми таълим пеши назар меояд: рушди муоширати шифоҳӣ ва хаттӣ, нутқи фардӣ (монолог), диалог (муошират ва ё муколамаи ду нафар), нақли мазмун ва мундариҷаи матни шунида ё хондашуда, эҷоди “маҳсули” фикрии хеш доир ба гузориши суол ва ё масъала, донистан ва риоя кардани анъанаҳои миллӣ, фарҳангӣ, худшиносии миллӣ, урфу одат, ҳусни баён, кирдору гуфтор, муоширати байнифарҳангӣ, мукотибаи расмӣ (переписка), муошират дар сатҳи тиҷорат, сиёсат, ҷомеа, таъсир расондан ба ҳамсуҳбат ва ғайраву ҳоказо. Андешаҳои зикршуда тавассути таълим ва омӯзиши матнҳои ҷолиб аз адабиёти бадеӣ, маводи фаннӣ ва соҳавӣ, иттилооти махсус, маводи воситаҳои ахбори умум (рӯзнома, маҷалла, радио, ТВ) ба роҳ мондаву самаранок ба иҷро мерасад.
Пас ҷавҳари салоҳият ва салоҳиятмандӣ дар мантиқи масъала аст. Чунончи, омӯзгор дар раванди таҳсилот дар сурате ба мақсад мерасад ва салоҳиятмандии шогирдонро таъмин месозад, ки агар худи ӯ дониш, маҳорат ва малакаҳои зарури касбӣ дошта бошад. Омӯзгор ҳамеша дар андешаи такмили маҳорат бояд қарор гирад, барои расидан ба ҳадафҳои таълим кӯшиш ба харҷ диҳад, ба қадру қимати кори худ ва касби интихобкарда расад. Вақте омӯзгор дониши худро дар амал татбиқ карда наметавонад, фаъолияти вай бесамар арзёбӣ мешавад. Ба дигар маънӣ вай бесалоҳият аст (салоҳиятманд/тавонманд нест).
Инак, салоҳиятмандӣ = медонам +метавонам + мехоҳам + иҷро мекунам мебошад. Чунонки мебинем, тавонистан аз донистан, хоҳиш доштан ва дар амал татбиқ кардан ҳосил мегардад. Осонтарин ва фаҳмотарни шарҳи салоҳият “қобилият” аст, яъне қобилияти дар амал истифода кардани донишу малакаҳои ҳосилшуда аст. Ба пиндори мо, дар раванди ҷорӣ намудани муносибати босалоҳият ба таълим, пеш аз ҳама, ягонагӣ ва дурустии истифодаи вожаҳо ва истилоҳот таъмин ва мушаххас гардад. Барои ноил гардидан ба ин мақсад бояд аввал ба маънои калимаву мафҳумҳои мавриди истифода, алалхусус дар раванди тарҷума ва баргардонии онҳо аз як забон ба забони дигар (манзури мо -забони тоҷикӣ) таваҷҷуҳ кунем. Чӣ лозим майнаи омӯзгор ва хонандаро гиҷ кардан ва дар атрофи мафҳумҳои душворфаҳм ҳарф задану қадам гузоштан.
Воқеан, салоҳият ва салоҳиятмандии омӯзгор кори якрӯзаву дурӯза нест. Омӯзгор давра ба давра, ҳини андӯхтани таҷрибаи касбиву амалӣ, ҳосил намудани донишу малакаҳои ҷадиду нав ба такмили салоҳиятмандии хеш мерасад.
Дар мавриди ташаккул ва рушди салоҳиятмандии хонандагон кӯшиши донишандӯзӣ ва парвариши маҳорату малакаи амалии суханварии онҳо бештар мавқеъ пайдо мекунад. Ҳадафи асосӣ ташаккули тавонмандӣ ва қобилияти ба фазои муоширати озод ворид шудани хонадагон маҳсуб меёбад. Чунин салоҳиятмандӣ аз қобилияти онҳо дар бобати омода будан ба гуфтугӯи мустақил тавассути воситаҳои забон арзёбӣ мегардад.
Мавриди зикр аст, ки дар заминаи кӯшиш, рағбат, ҳавас, қобилият ва меҳнатдӯстии шогирдон рушду такомули забондонии онҳо пайваста такмил меёбад. Дар ин бобат мундариҷаи таълим дар ҳар як давраи таҳсил дар робита бо интихоби матни таълимӣ, минимуми луғат, мавқеъ ва мавриди гуфтугӯ, синну соли муҳассилин, қобилияти идрок ва ҳавасмандии онҳо бояд ба назар гирифта шавад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар стандарти ҳар як синф таҳияи ҳадафи таълиму омӯзиш ва ташаккули салоҳиятмандии хонадагон равшан ва мушаххас дарҷ ёбад.
Саъдулло Неъматов,
доктори илмҳои
педагогӣ, профессор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр