Нашрияи Омӯзгор

Дар санҷиши дониш масъулият эҳсос мешавад

Сана: 2021-06-17        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Имрӯзҳо давраи муҳим – аттестатсияи аз синф ба синфгузаронӣ  ва хатм дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҷараён дорад. Бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни аттестатсияи имсолаи чанде аз хонандагон ба муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб ҳозир шудем.

Рафти аттестатсия дар муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб нишон дод, ки кормандони соҳаи маорифи шаҳр ва омӯзгорону хонандагон ба ин чорабинии муҳим омодагии хуб дидаанд. Дар муассисаи таълимии №11-и ҷамоати деҳоти Зарбдор (директораш С. Шомуродов) хонандагони синфи 11 (б, в)  аз фанни забони англисӣ (шифоҳӣ) ва хонандагони синфи 11-и а, ки бо равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ таҳсил мекарданд, аз фанни технологияи иттилоотӣ (шифоҳӣ)  ба имтиҳонсупорӣ оғоз намуданд. Натиҷаи имтиҳон аз фанни забони англисӣ дар синфҳои 11(б,в) чунин буд: аз шумораи 42 нафар хонанда бо баҳои «аъло» 7 нафар,  «хуб» 6 нафар ва «миёна» 29 нафар. Дар синфи 11-и а аз 22 нафар хонанда 2 нафар баҳои «аъло», 15 нафар баҳои «хуб» ва 5 нафар бо баҳои «миёна» имтиҳони фанни технологияи иттилоотиро чамъбаст намуданд. Дар синфҳои 9 (а,б)   аз фанни адабиёт (эссе) муаллими имтиҳонгир  Н. Раҳимова, ёвар З. Даминова ва раиси имтиҳонот Б. Абдураҳмонов  маводи имтиҳониро дар соати муайяншуда кушода, дастраси хонандагон намуданд. Аз шумораи 58 нафари дар имтиҳон иштирокдошта 16 нафар баҳои «аъло», 24 нафар баҳои «хуб» ва 18 нафар баҳои «миёна» гирифтанд. Аз рафти аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаи таълимӣ  маълум мегардад, ки маъмурият ва коллективи омӯзгорону хонандагон ба ин маъракаи муҳим ба тайёрии пухта омадаанд.  Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Насимҷон Ғоибзода дар бораи нақшаи аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таълимии ноҳия  чунин иттилоъ дод:  - Баъди анҷоми соли таҳсили 2020-2021 дар муассисаҳои таълимии ноҳия тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як моҳ пеш аз саршавии аттестатсия,  ҷадвали аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатми муассисаҳои таълимӣ тасдиқ гардида, тамоми маводҳои аттестатсияи шифоҳии аз синф ба синф гузаронидан ва хатмро, ки омӯзгорони фаннӣ дар асоси барномаҳои таълимӣ тартиб додаанд, як моҳ пеш аз саршавии аттестатсия тасдиқ ва дар ҷойи махсус маҳфуз нигоҳ дошта шудаанд.

Барои ошноӣ аз рафти ҷараёни аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатми хонандагон, мо ба  муассисаҳои таълимии №№ 8, 18, 39 ва 41 рафтем. Дар муассисаи таълимии №18 (директораш Ш.Камолов) аттестатсияи хатм дар синфҳои 11 (а,б) аз фанни забони англисӣ (шифоҳӣ) ҷараён дошт. Аз ҷавоби хонандагон ба саволҳои аъзои комиссияи аттестатсионӣ маълум гардид, ки хонандагон ба имтиҳон бо тайёрии хуб омадаанд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор» 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш