Нашрияи Омӯзгор

Фориғболӣ ба ҷиноят мекашад

Сана: 2021-06-17        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

Замин ганҷинаи бебаҳост ва онро бояд самараноку оқилона истифода бурд

Дар моддаи 13-и  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки “Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ, моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад”.

Объектҳои номбаршуда натиҷаи меҳнати инсон набуда, ба сифати боигарии табиӣ эътироф карда мешаванд. Яъне, объектҳои мазкур ҳамчун объекти ҳуқуқи моликияти дигар субъектҳо баромад карда наметавонанд, ин объектҳо аз тарафи дигар субъектҳо танҳо бо иҷозати давлат истифода бурда мешаванд. Дар Паёми набатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне, соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд.

Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст”.

Мутаассифона, баъзе аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Панҷакент зимни иҷрои вазифаҳои хизматии худ беэътиноӣ зоҳир карда, ба ҷои ҳифзу эмин нигаҳдории захираҳои моддию техникӣ, таъмини мақсаднок ва аз рӯи таъйинот истифодабарии қитъаҳои замини муассисаҳои таълимӣ, баръакс, бо шахсони масъули шуъбаи маориф забон як карда, аз беамалӣ ва бетарафии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва Кумитаи идораи замин истифода бурда,  қитъаҳои замини муассиаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бидуни қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Раиси шаҳр ба шахсони алоҳида барои сохтмони ҳар гуна иншоот ҷудо карда додаанд, ки фавран ошкор, пешгирӣ, бартараф накардани ин омилҳо ва ба ҷавобгарӣ накашидани шахсони гунаҳгор ҳуқуқу манфиатҳои давлат ва ҷамъиятро халалдор месозад.

Аз ҷумла, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 (воқеъ дар  Ҷамоати деҳоти Моғиён) Қурбоналиев Қаҳҳор Муродуллоевич дар асоси маслиҳати пешакӣ бо нозири шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент Усмонов Музаффар Ҳадияевич моҳи марти соли 2020 ба сокини шаҳри Панҷакент, Ҷамоати деҳоти Моғиён Мутаиллоев Суннатулло Мирзошарифович бидуни қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси шаҳр аз ҳудуди заминҳои муассисаи таълимии мазкур барои сохтмони мағоза ва ошхона ғайриқонунӣ майдони 30  метри мураббаъ  қитъаи замин ҷудо кардааст ва шаҳрванд Мутаиллоев С.М. дар қитъаи замини ҷудогардида ба сохтмон шурӯъ намудааст.

Дар заминаи санҷишҳои прокурорӣ 16 феврали соли 2020 нисбат ба директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61, Қурбоналиев Қ.М. ва дигарон бо моддаи 338, иловаи 1, қисми 2 бандҳои «б, в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Ба ин монанд директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63 (воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Амондара) Шехимов Мурод Бозорович моҳи апрели соли 2020 бидуни қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳр ба сокини шаҳри Панҷакент, Ҷамоати деҳоти Амондара, деҳаи Роҷ Баҳриев Алиҷон Асрорович барои сохтмони мағоза аз ҳисоби заминҳои ҳудуди муассисаи таълимӣ ғайриқонунӣ дар масоҳати 100 метри мураббаъ қитъаи замин ҷудо кардааст. Ғайриқонунӣ Баҳриев А.А. дар ин замин  таҳкурсии мағозаро бунёд намудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса низ, нисбат ба директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63 Шехимов М.Б. бо моддаи 338, иловаи 1, қисми 2, банди «в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Дар баробари ин, санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳоеро ошкор намуданд, ки аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи маориф ва Кумитаи идораи замин бо баҳонаҳои таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони алоҳида аз ҳисоби заминҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, бахусус, заминҳои корами обии хоҷагиҳои ёрирасони муассисаҳо ғайриқонунӣ майдони 1000 метри мураббаъ қитъаи замин ҷудо карда шудааст.

Бо қарори дигари раиси шаҳри Панҷакент (№435 аз 21 августи соли 2014) ба ширкати «Чилмеҳроб» аз ҳисоби заминҳои муассисаи давлатӣ (Машқгоҳи тайёрии ҳарбӣ барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Панҷакент) барои сохтани меҳмонхона майдони  2100  метри мураббаъ қитъаи замин ҷудо карда, бо ин роҳ манфиатҳои давлат ва ҷамъиятро халалдор сохтаанд, ки дар натиҷа ин ҳолат боиси муроҷиатҳои пай дар пайи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти давлатӣ гардидааст.

Гарчанде ки тибқи талаботи моддаи 60-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва сархатҳои 2 ва 3-и моддаи 172 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба заминҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ қитъаҳои замин, бино, иншоот, коммуникатсия, таҷҳизоти таълимӣ ва воситаҳои нақлиёт дохил гардида, хилофи таъйиноти мақсаднок истифода намудани китъаҳои замин ба муассисаҳои таълимӣ барои истифодаи бемуҳлат додашуда, манъ ва дар онҳо сохтмони дигар бино ва иншооти ғайрисоҳавӣ мумкин набошад ҳам, вале масъулини соҳа баҳри пешгирии ин қонунвайронкуниҳо сари вақт чораҷӯӣ накардаанд.

Ҳамин тариқ, санҷишу таҳлилҳои прокурорӣ нишон доданд, ки дар аксари маврид фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар ин самт аз мадди назари масъулини шуъбаи маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дур мондааст. Роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз ин беамалию фориғболӣ ва беназоратӣ истифода бурда, бо салоҳдиди худ захираҳои моддию техникӣ ва қитъаҳои замини ҳудуди муассисаҳои таълимиро истифода бурда, ғайриқонунӣ онҳоро бо ҳар гуна баҳонаҳои беасосу бофта ба шаҳрвандони алоҳида дода истодаанд, ки таъҷилан ошкору пешгирӣ ва бартараф накардани ин қонунвайронкуниҳо  метавонад дар андак вақт боиси дар ҳудуди шаҳр авҷ гирифтани чунин таҷрибаи номатлуб гардад.

Масъулини шуъбаи маориф, Кумитаи идораи замин ва ҷамоатҳои деҳот ҳамарӯза аз назди ин муассисаҳои таълимӣ гузар карда, сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар қитъаҳои замини муассисаҳои таълимиро дида бошанд ҳам, вобаста ба ин ҳолат чораҷӯӣ накарда, бетарафӣ зоҳир намудаанд.

Бояд қайд намуд, ки мутобиқи моддаи 93-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд».  Аз ин рӯ, Прокуратураи шаҳри Панҷакент ваколати конститутсионии худро истифода бурда, бо мақсади таҳкими қонуният дар самти қонунгузории замин диққати зарурӣ дода, ҷиҳати пурзӯр намудани назорати иҷрои қонунгузории замин тадбирҳои зарурӣ меандешад.

 

С.Б. АЗИМЗОДА,

прокурори шаҳри Панҷакент,

мушовири адлияи дараҷаи 1


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш