Нашрияи Омӯзгор

Консепсияи таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сана: 2021-06-17        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

Академияи таҳсилоти Тоҷикистон лоиҳаи “Консепсияи таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба муҳокимаи умум гузошта, аз омӯзгорон ва мутахассисони соҳа хоҳиш менамояд, ки барои мукаммал шудани он фикру пешниҳодҳои худро ба нашрияи “Омӯзгор” ирсол намоянд. 

1. МУҚАДДИМА

1.1. Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми кишвар имкониятҳои васеи бунёди давлати демократӣ, соҳибихтиёр, дунявӣ ва комилҳуқуқро дар арсаи байналмилалӣ фароҳам овард. Дар ин замина тамоми сохторҳои давлатӣ ба таҳаввулоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гаштанд, ки низоми таҳсилот яке аз онҳост. Дар даврони истиқлолият дар соҳаи маорифи Тоҷикистон дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омаданд, заминаҳои мустаҳками таълиму тарбияи миллӣ бунёд гардида, барои пайдо кардани мақоми шоиста дар арсаи байналмилалӣ дар самти ислоҳоти соҳа чораҳои қобили назар андешида шуданд ва татбиқи ҳадафҳои он идома дорад.

Китоби дарсӣ дар ҷараёни таълиму тарбия мақоми хосса дорад. Дар шароити кунунӣ китоби дарсӣ натанҳо махзани илму дониш, роҳи аз худ кардани асосҳои илмҳои гуногун, балки василаи муҳимми ташаккули шахсият дар рӯҳияи  ватандӯстӣ, пос доштани арзишҳо ва фарҳанги миллӣ аст. Ба ин маънӣ, китоби дарсӣ дар пиёда сохтани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф нақши муҳим мебозад.

1.2. Яке аз аввалин вазифаҳои мақомоти идораи давлатии соҳаи маориф ноил гардидан ба таҳия ва нашри китобҳои дарсии ҷавобгӯ ба ҳадафҳои сиёсати давлати соҳибистиқлол ва арзишҳои миллӣ аст. Дар ин замина дар тӯли солҳои истиқлолият неруи кадрии муаллифони китобҳои дарсӣ бунёд гардид, тамоми китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ аз нав таҳия шуда, бо назардошти хусусиятҳои миллӣ ва сиёсати дохилии кишвар такмил ёфтанд. Ҳоло масъалаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ аз ҳамаи фанҳои таълимӣ ҳалли худро ёфтааст, низоми иҷоравии истифодаи китобҳои дарсӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, давра ба давра ташхису арзёбии китобҳои дарсии ҷорӣ аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ ва коршиносони соҳа доир гардида, барои таҳриру такмили онҳо тавсияву пешниҳодҳои судманд ироа мегарданд.

1.3. Ҷаҳони имрӯза пайваста дар ҳоли тағйирёбӣ ва рушди бемайлон қарор дорад. Ҷараёнҳои ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироӣ дар соҳаи маориф, аз як тараф ва зуҳуроти номатлуби дорои характери террористӣ ва ифротгароӣ, ки ба пояҳои амнияти байналмилалӣ ва миллӣ таҳдид мекунанд, аз ҷониби дигар, таваҷҷуҳи доимиро ба масъалаҳои таълиму тарбия тақозо мекунад. Ҳамаи ин зарурати таҷдиди назарро ба таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ ба миён овардааст. Консепсияи мазкур маҳз ба хотири танзими раванди таҳия, ташхис ва нашри китобҳои дарсӣ дар асоси талаботи замони муосир ва мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф қабул ва татбиқ мегардад.

2. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ

2.1. Шарҳи мухтасари мафҳумҳои асосие, ки дар консепсия истифода шудаанд, чунин аст:

- адабиёти таълимӣ – асарҳои хаттӣ, чопӣ ва электронӣ, ки ҳамчун воситаи таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагӣ интишор меёбанд;

- адабиёти таълимии асосӣ – нашрияҳои таълимие, ки нишони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва (ё) шӯроҳои илмию методии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро доранд;

- адабиёти таълимии иловагӣ – нашрияҳои таълимие, ки барои омӯзиши амиқи фанни мушаххас дорои маводи иловагӣ ба барномаи таълимӣ мебошанд;

- адабиёти таълимии электронӣ – маҷмӯи иттилооти графикӣ,  матнӣ, рақамӣ, нутқӣ, мусиқавӣ, тасвириву бисёррасонавӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ки дар шаклҳои гуногуни электронӣ мавҷуданд;

- барномаи таълим - ҳуҷҷате, ки дар он мазмуни фанни таълимӣ, мақсаду вазифаҳо, тарзи ташкили раванди таълим, талабот ба сатҳи донишу маҳорат ва малакаи таълимгиранда ифода ёфтаанд;

- дастури таълимӣ – маводди иловагӣ, ки бо мақсади такмили донишу малака ва салоҳияти хонандагон аз рӯйи фанҳои гуногуни мактабӣ таҳия мегардад;

- зинаҳои таҳсилот - марҳилаҳои таълиму тарбия, ки давраҳои таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ), ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дар бар мегиранд;

- китоби дарсӣ - воситаи таълимие, ки тибқи барномаи таълимӣ асосҳои соҳаи муайяни илмро пайдарҳам ифода менамояд. Китоби дарсӣ китобест, ки барои таълими фанни алоҳида, соҳаи илм пешбинӣ шуда, мутобиқ ба барномаҳои таълим таҳия мегардад.

- мазмуни таълим - сохтор, мундариҷа ва ҳаҷми барномаи таълиме, ки азхудкунии он имкони гирифтани дараҷаи таҳсилот ва ихтисоси муайянро медиҳад;

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф - мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф амалӣ мекунад ва раванди таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, назорат ва роҳбарӣ менамояд;

- нақшаи таълим - ҳуҷҷате, ки омӯзиши фанҳои таълимӣ ва тақсимоти солонаи онҳоро барои тамоми давраи таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ муайян менамояд;

- натиҷаи таълим - маҷмӯи дониш, маҳорат, малака, ақида, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои маънавие, ки таълимгирандагон дар давоми таҳсил дар муассисаи таълимӣ соҳиб мегарданд;

- роҳнамои омӯзгор – дастури методӣ барои омӯзгор, ки аз рӯйи китоби дарсӣ таҳия гардида, барои дурусту самаранок ба роҳ мондани таълими фан кумаки амалӣ мерасонад.

- сифати таҳсилот - маҷмӯи нишондиҳандаҳои стандарти давлатии таҳсилот ва талаботи давлатӣ;

- стандартҳои давлатии таҳсилот – маҷмӯи меъёрҳое, ки мазмуни таҳсилот, моҳияту муҳлати таълим, ҳаҷми сарбории таълимӣ, сатҳи азхудкунии донишро аз тарафи таълимгирандагон ифода намуда, талаботи асосӣ ба таъмини раванди таълим, мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва баҳогузории сатҳи донишро дар муассисаҳои таълимӣ бо назардошти дастовардҳои миллӣ ва умумибашарӣ муайян мекунанд;

- ҳадди ақалли номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ – миқдори  кофии номгӯйи адабиёти таълимӣ, ки барои азхудкунии ҳадди ақалли ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимии зинаҳои таҳсилот дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ зарур мебошад.

- ҳадди ақалли ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимӣ  – мазмуни ҷамъбастшудаи илму дониш, ки муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ уҳдадоранд ба таълимгирандагон пешниҳод намоянд;

- экспертиза (ташхис)-и сифати адабиёти таълимӣ – арзёбии мутобиқати адабиёти таълимӣ ба стандартҳои давлатии таҳсилот, талаботи ба сатҳи омодагии хатмкунандагони зинаи дахлдори таҳсилот тасдиқгардида, дастовардҳои муосири илмӣ бо назардошти барномаи таълимӣ ва имконияти  худомӯзӣ, инчунин, талабот нисбат ба сохтор ва дастгоҳи усулии адабиёти таълимӣ мутобиқи хусусиятҳои синнусолӣ ва равонии таълимгирандагон.

3. ЗАРУРАТ ВА АСОСНОКИИ КОНСЕПСИЯ

3.1. Консепсияи таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ дар заминаи қонунгузории ҷории соҳаи маориф, аз ҷумла, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адабиёти таълимӣ”, Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030, стандартҳои давлатии таҳсилот ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия гардида, стратегия ва методҳои таҳия, арзёбӣ ва нашри китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методиро муайян ва танзим менамояд.

3.2. Вазифаи асосии консепсия қабул ва татбиқи нуқтаи назари ягона ва умумии ҳадафу мақсад, сифат ва натиҷаҳои истифодаи адабиёти таълимӣ дар фазои муносибати босалоҳият ба таълим аст. Консепсия ба се рукни калидӣ – муҳити таҳсилот, ҳадафҳои таҳсилот ва талаботи соҳаи маориф такя мекунад. Дар шароити кунунӣ зимни таҳияи адабиёти таълимӣ ба эътибор гирифтани ҷанбаҳои асосии зерин дар назар дошта мешавад:

- китоби дарсӣ набояд бо ҳимояи талабот ва манфиатҳои хонандаи сатҳи миёна ва ё сустхон маҳдуд гардад. Моҳият, мазмун ва мундариҷаи китоби дарсӣ бояд аз нуқтаи назари илмӣ мусаллаҳ бошад;

- интихоб ва ҷобаҷогузории маводди таълим дар китоби дарсӣ тасаввуроти илми муосир ва фанни омӯзиширо инъикос намуда, тавассути роҳу усулҳои фаҳмо ва дастрас пешниҳод гардад;

- китоби дарсӣ қудрати таъмини  сатҳи амиқ ва дахлдори омӯзиши фанро дошта бошад;

- китоби дарсӣ бо барномаи таълим робитаи зич ва ногусастанӣ дошта, воситаи асосии таъмини натиҷаҳои он маҳсуб мешавад; 

- тарзи баён, шарҳ ва нақли муҳтавои маводди таълим дар китоби дарсӣ, таҳия ва интихоби матнҳо, коркарди маҷмӯи машқҳову супоришҳо бояд дар заминаи муносибати босалоҳият ба таълим сурат гирифта, ба даст овардани натиҷаҳои таълимро таъмин намоянд. 

Ҷанбаи асосии китоби дарсӣ таъмини муттасилияти донишандӯзӣ, принсипи асосӣ – донистан ва тавонистан ва вазифаи асосӣ рушди маҳоратҳои андешидан, дарки қонунҳо ва робитаҳои ашёву ҳодисаҳо, ташаккули масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба калонсолон, арзишҳои миллӣ ва забони модарӣ аст. 

3.3. Татбиқи амалии муносибати босалоҳият ба таълим аз муаллифони китобҳои дарсӣ тақозо мекунад, ки он ниёзи ҷомеаи муосирро дар мавриди омодагии ҳамаҷонибаи хонандагон дар истифодаи амалии донишу маҳоратҳои бадастомада ба эътибор гирад.

3.3.1. Талаботи умумӣ ба китобҳои дарсии муосир чунин аст:

- мутобиқат ба стандарту барномаҳои таълим;

- мутобиқати комил ба синну соли хонандагон;

- мусоидат ба ташаккул ва рушди салоҳиятҳои калидӣ;

- мусоидат ба рушди мустақилияти хонандагон, ҳамкорӣ бо дигарон;

- мусоидат ба ташаккули шахсият дар заминаи арзишҳои миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ, ҳифзи амнияти давлатӣ, таҳаммулнопазирӣ ба зуҳуроти номатлуби сиёсӣ ва иҷтимоӣ.

3.3.2. Таҳияи китоби дарсӣ бояд ягонагӣ ва ҳамгироии се рукни асосиро дар бар гирад: иттилооти илмӣ-таълимӣ, навгониҳои дидактикӣ ва технологияҳои иттилоотӣ.

3.4. Китоби дарсӣ ба таври ҳатмӣ бояд бо васоити иловагии таълим – стандарти фаннӣ, барномаи таълим, роҳнамои омӯзгор, маҷмӯаи матнҳо (машқҳо), дастурҳои методӣ, фаъолиятҳои озмоишӣ, машқҳои коммуникативӣ (иртиботӣ) ва эҷодӣ, имконоти мултимедӣ ва воситаҳои аёнӣ пурра гардонида шавад.

3.5. Ҳар як китоби дарсӣ омӯзиши фанни алоҳидаро дар бар мегирад, аммо он дар робитаи қавӣ бо китобҳои дарсии фанҳои дигари зинаи таҳсилот ва ё силсилаи ҳамон китобҳои дарсӣ дар синфҳои гуногун таҳия ва нашр мегардад. Дар ин замина танзими матнҳои китоби дарсӣ барои зинаҳо ва фанҳои ҳамсон, аз ҷумла, таъмини истифодаи истилоҳоти ягонаи расмӣ ва риояи ҳатмии қоидаҳои имло мавқеи хосса дорад.

4. ПРИНСИПҲОИ МЕТОДОЛОГИИ УМУМИИ  ТАҲИЯИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ

4.1. Таҳияи китоби дарсӣ дар заминаи риояи принсипҳои асосии дидактика, ки қонунҳои раванди таълимро инъикос мекунанд, сохт, мундариҷа, функсияҳо ва дигар унсурҳои китобро ҳамчун низоми ягонаи мушаххас ба тариқи меъёрӣ танзим мекунанд, ба роҳ монда мешавад. Дар интихоби мундариҷа ва тарҳрезии сохтори фанни таълимӣ принсипҳои тавсифоти илмӣ, дастрасӣ ва иҷрошавандагӣ, бошуурона ва фаъол, робитаи назария ва амалия, пайдарпайӣ, муттасилӣ, возеҳият ва ғайра ба асос гирифта мешаванд.

4.2. Принсипҳои методологии умумӣ. Зимни таҳияи китобҳои дарсӣ принсипҳои умумии зерин ба эътибор гирифта мешаванд:

- риояи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот, муқаррароти асноди меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф оид ба таҳияи китоби дарсӣ;

- такя ба дастовардҳои навтарини педагогика, методика, илму технологияи муосир;

- ба ташаккули маҳорату малака ва салоҳиятҳои амалии хонандагон равона гардидани маводди китоби дарсӣ;

 - ба назар гирифтани муносибатҳои диалектикӣ-материалистӣ ва робитаи байни ҳодисаҳои гуногуни табиат ва ҷомеа зимни интихоби матнҳои китобҳои дарсӣ;

- мусоидат ба таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ, фарҳангӣ, техникӣ, иқтисодӣ, экологӣ, демографӣ ва иттилоотии хонандагон;

- мусоидат ба тарбияи худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори ватандорӣ, ташаккули шахсияти комил;

- мусоидат ба рушди тафаккури интиқодӣ, таҳаммулпазирӣ ва салоҳияти ҳалли масъалаҳо;

- муттасилии шаклҳои омӯзиши мундариҷаи таълим ва механизми татбиқи он;

- асоси озмоишӣ доштани маводди китоби дарсӣ;

- аниқу дуруст ва фаҳмо истифода кардани таърифи қонуну мафҳумҳо;

- қобили дарк ва фаҳмову равон будани забони китоби дарсӣ;

- устувор сохтани иттилооти бадастомада тавассути машқу     супоришҳо, намоишҳо, корҳои озмоишӣ, лоиҳаҳо ва ғ.;

- риояи тамоюли омӯзиш аз сода ба мураккаб, аз осон ба мушкил;

- омезиши методҳои индуктивӣ ва дедуктивӣ;

- таърихнигорӣ ва робитаи омӯзиш ба ҳаёт;

- мувофиқат ба хусусиятҳои синнусолии хонандагон;

- мутобиқат ба стандартҳои байналмилалӣ.

5. ПРИНСИПҲОИ МЕТОДОЛОГИИ МИЛЛӢ (ХУСУСӢ)

5.1. Дар китобҳои дарсӣ, новобаста ба зинаи таҳсилот ва равияҳои фаннӣ, риояи принсипҳои методологии миллӣ (хусусӣ) низ дар назар дошта мешавад, ки муҳимтарини онҳо чунинанд: 

- воқеъбинона инъикос ёфтани дастовардҳои ватании даврони истиқлол;

- ба арзишҳои миллӣ такя кардан аз нигоҳи таърих ва фарҳанг;

- канораҷӯӣ аз яктарафа маънидод кардан;

- ҳифзи манфиатҳои миллӣ;

- истифода аз назария ва консепсияҳои миллӣ, дастовардҳои илмӣ ва   фарҳангии ватанӣ.

 5.2. Дар китобҳои дарсӣ барои ақаллиятҳои миллӣ, ҳамчунин, забонҳои русӣ ва хориҷӣ низ ба назар гирифтани хусусиятҳои миллӣ ва принсипи тарбияи шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, фароҳам сохтани муҳити дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар байни халқу миллатҳои гуногуни Тоҷикистон, эътирофи фарҳанги миллии тоҷикӣ ва халқиятҳои маскуни Тоҷикистон, эҳтиром гузоштан ба забони давлатӣ ва забонҳои ақаллиятҳои миллӣ ба эътибор гирифта мешаванд.

6. ПРИНСИПҲОИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ТАЪЛИФИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ВА ДАСТУРҲОИ ТАЪЛИМИЮ МЕТОДӢ

6.1. Ҳамзамон бо риояи принсипҳои умумӣ ва миллӣ, ки бештар ба муаллифони китобҳои дарсӣ равона гардидааст, мақомоти давлатии идораи соҳаи маориф принсипҳои зеринро ба эътибор мегиранд:

- мутобиқат ва мусоидат ба раванди муттасили таълиму тарбия;

- пешниҳоди ҳадди ақалли номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ ба     cубъектҳои раванди таълиму тарбия;

- бо адабиёти таълимӣ таъмин кардани таълимгирандагони ятиму   бепарастор, кӯдакони имконияташон маҳдуд, маъюбон ва дигар шахсони  муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- кафолати дастрасии озоди адабиёти таълимии фондҳои китобхонаҳои   муассисаҳои таълимии давлатӣ ва дигар китобхонаҳои дастраси умум;

- мутобиқати адабиёти таълимии нашршаванда ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф;

- риояи муттасилӣ ва инноватсионӣ дар масъалаҳои таҳия, нашр ва нашри такрории адабиёти таълимӣ;

- таъмини нашри теъдоди зарурии ҳадди ақалли номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ мутобиқ ба шумораи хонандагон ва дурнамои афзоиши онҳо;

- кафолати пардохти ҳаққи хизмат барои таҳия, мураттибӣ, тақриз, тарҷума, нашр ва нашри такрории адабиёти таълимӣ.

7. ҶАРАЁНИ ТАҲИЯИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ

7.1. Таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ бо назардошти муқаррароти стандартҳои таҳсилот ва нақшаи таълим, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешаванд, ба роҳ монда мешавад.

7.2. Таҳияи китоби дарсӣ ба барномаи таълим, ки мазмуну мундариҷа, ҳадафҳо, ҳаҷми маълумот, мавзӯъҳо, миқдори соатҳои таълимӣ ва синфҳои дахлдорро муайян мекунад, такя мекунад.

7.3. Ба таҳияи китобҳои дарсӣ мутахассисони касбӣ, ки дар соҳаи таълими фан ва методҳои таълими он таҷрибаи кофӣ доранд, ҷалб карда мешаванд. Таълифи китобҳои дарсӣ дар ҳаммуаллифӣ, аз ҷумла. бо ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба ва дорои малакаҳои ҳақиқии таълифи китобу дастурҳои таълимӣ ба мақсад мувофиқ аст.

7.4. Дар сурати мавҷуд будани имконият ва захираҳои кадрӣ, моддӣ ва молиявӣ таълифи китобҳои дарсӣ метавонад ба тариқи озмуни озод ва шаффоф ба роҳ монда шавад.

7.5.  Тибқи муқаррароти асноди меъёрию ҳуқуқӣ таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ аз рӯйи фанҳои дахлдори таълимӣ барои муассисаҳои таълимии равияҳои гуногун, муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, муассисаҳои таълимии типпи нав (литсейу гимназияҳо) ва дигар навъи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот ба роҳ монда мешавад.

7.6.  Таълифи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таълимии ақаллиятҳои миллӣ дар заминаи китобҳои ҷории муассисаҳои таълимашон ба забони тоҷикӣ (ба ғайр аз китоби алифбо ва забони модарии ақаллиятҳо) бо роҳи тарҷума ва мутобиқ сохтани онҳо ба талаботи воқеии хонандагони муассисаҳои мазкур ба роҳ монда мешавад.

8. ЭКСПЕРТИЗА (ТАШХИС ВА АРЗЁБӢ)-И КИТОБҲОИ ДАРСӢ

8.1. Экспертизаи китобҳои дарсӣ тибқи муқаррароти қонунгузорӣ дар соҳаи маориф ва адабиёти таълимӣ ба роҳ монда шуда, шаклу намуд ва ҳадафҳои зеринро дар бар мегирад:

- экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ метавонад касбӣ ва ҷамъиятӣ бошад.

- мақсади экспертизаи касбии сифати адабиёти таълимӣ арзёбии адабиёти таълимӣ аз ҷиҳати мутобиқати мазмуни он ба илми муосир, стандартҳои давлатии таҳсилот, ҳадди ақалли ҳатмии мазмуни барномаҳои таълим, хусусиятҳои синнусолӣ ва равонии таълимгирандагон мебошад.

- тартиби ташкил ва гузаронидани экспертизаи касбии сифати адабиёти таълимӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян карда мешавад.

- мақсади экспертизаи ҷамъиятии сифати адабиёти таълимӣ арзёбии адабиёти таълимӣ аз нуқтаи назари талаботи истифодабарандагон ва ба маълумоти сохторҳои масъули нашри адабиёти таълимӣ расонидани натиҷаҳои он мебошад.

- экспертизаи ҷамъиятии сифати адабиёти таълимӣ механизми иловагие мебошад, ки ҳангоми қабули қарор оид ба нашр ё нашри такрории адабиёти таълимӣ дараҷаи амиқи воқеиятро таъмин мекунад. Тартиби гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии сифати адабиёти таълимиро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.

8.2. Ба ташхису арзёбии китобҳои дарсӣ ва дигар адабиёти таълимӣ омӯзгорон ва мутахассисони соҳа низ метавонанд тавассути васоити ахбори омма, назарсанҷӣ зимни баргузории семинару мулоқотҳо, курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ аз рӯйи фанҳои алоҳидаи таълимӣ ҷалб гарданд.

8.3. Ҳангоми мавҷуд будани зарурат, пеш аз нашри оммавӣ, озмоиши пешакии китоби дарсӣ дар муассисаҳои интихобшудаи таълимӣ ба роҳ монда мешавад.

9. ҶАРАЁНИ НАШР ВА МУОМИЛОТИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ВА ДАСТУРҲОИ ТАЪЛИМИЮ МЕТОДӢ

9.1. Китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ пас аз гузаштани ҷараёни арзёбӣ (экспертиза, ташхис, тақриз, таҳрири қаблӣ), тавсияи Шӯрои миллии таҳсилот ва қарори дахлдори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мутахассисони муассисаи нашриявии тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр омода карда мешаванд.

9.2. Нашри китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ ба тариқи озмун (тендер) ба роҳ монда мешаванд. Дар озмун (тендер)-и нашри китобҳои дарсӣ муассисаҳои табъу нашри ватанӣ тибқи муқаррароти пешбинишуда иштирок мекунанд.

9.3. Теъдоди нашри китобҳои дарсӣ вобаста ба талаботи воқеӣ (шумораи хонандагон) ва дурнамои афзоиши он муайян мешавад.

9.4. Китобҳои дарсии нашршуда мутобиқи муқаррароти асноди меъёрии ҳуқуқӣ (аз ҷумла, ба тариқи иҷора) ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби мақоми дахлдори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда мешаванд.

9.5. Нашри такрории китобҳои дарсӣ вобаста ба дархости раёсатҳо ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда мешавад.

10. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР САМТИ ТАҲИЯ, НАШР ВА МУОМИЛОТИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ

10.1. Татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ, таҳия ва тасдиқи қоидаҳо, меъёрҳо, тавсияҳо оид ба таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, ҷой додани шаклҳои электронии китобҳои дарсӣ ва дигар адабиёти таълимӣ дар сомонаҳои расмӣ, тасдиқи талаботи ягона оид ба таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, таъмини хароҷоти буҷети давлатӣ барои таҳия, экспертиза, нашр ва дастрасии китобҳои дарсӣ, тасдиқи номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ ва амалӣ сохтани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф мебошанд.

10.2. Вазорату идораҳое, ки дар сохторҳои худ муассисаҳои таълимию тарбиявӣ доранд, ваколатҳои худро тибқи муқаррароти қонунгузории ҷорӣ оид ба таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ амалӣ месозанд.

10.3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи имкониятҳои худ муассисаҳои таълимиро бо китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ таъмин мекунанд, имтиёзҳои иловагиро барои хонандагони ятиму бепарастор, кӯдакони имконияташон маҳдуд, маъюбон ва дигар шахсони эҳтиёҷманд муайян намуда, таъмини онҳоро бо адабиёти таълимӣ амалӣ месозанд.

10.4. Мақомоти маҳаллии идораи соҳаи маориф таъминот бо адабиёти таълимӣ ва дастрасии онро дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста ба шакли фаъолият ва забони таълим, таҳлил намуда, дар асоси он ба мақомоти ваколатдори боло дархост пешниҳод мекунанд, тартиби тақсими адабиёти таълимии нашршударо дар байни муассисаҳои таълимӣ муқаррар ва назорат мекунанд.

10.5. Муассисаҳои таълимӣ дар доираи имконияту салоҳиятҳои худ хонандагонро бо китобҳои дарсӣ таъмин менамоянд, усулҳои инноватсионии таъминоти адабиёти таълимиро ҷорӣ мекунанд, шахсони эҳтиёҷмандро тибқи муқаррароти қонунгузории ҷорӣ бо адабиёти таълимӣ ба тариқи ройгон таъмин мекунанд, дигар вазифаву фаъолиятҳоро доир ба таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ дар асоси оинномаҳои худ амалӣ месозанд.

11. МАСЪУЛИЯТИ МУАЛЛИФОНИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ, МУҚАРРИЗОН, МУҲАРРИРОН ВА МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ ТАБЪУ НАШР ДАР ТАЪМИНИ СИФАТИ КИТОБИ ДАРСӢ

11.1. Муаллифони китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ дар таъмини сифати китоби дарсӣ ва дигар адабиёти таълимӣ, истифодаи методҳои фаъоли таълим, дуруст ҷо ба ҷо гузоштани матнҳо ва риояи талаботи барномаи таълим, бартараф кардани камбудиву норасоиҳои китоб ва такмили даврагии он масъулияти аввалиндараҷаро ба уҳда доранд.

11.2. Муҳаррирон, аз ҷумла, муҳаррирони муассисаҳои табъу нашр дар таъмини риояи қоидаҳои имло, роҳ надодан ба ҷой доштани иттилооти нодуруст, таъмини услуби ягона ва қобили дарки хонандагон будани забони китоби дарсӣ масъуланд.

11.3. Муқарризони китобҳои дарсӣ барои арзёбии холисона ва беғаразона, пешниҳоди тавсияҳо барои беҳтар шудани сифати китоби дарсӣ дар доираи салоҳиятҳои худ вазифадор буда, ташхиси китоби дарсиро метавонанд ғоибона ва ё дар ҳамкорӣ бо муаллиф (он)-и китоби дарсӣ ба роҳ монанд.

11.4. Мутахассисони техникии муассисаҳои табъу нашр барои риояи қоидаҳои типографӣ ва дизайни китобҳои дарсӣ вобаста ба фанни таълимӣ ва хусусиятҳои синнусоли хонандагон масъул буда, таъкиду тавсияҳои муҳаррирон ва муқарризони китобҳои дарсиро ба эътибор мегиранд ва ислоҳ мекунанд.

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш