Нашрияи Омӯзгор

Натиҷаҳо умедворкунандаанд

Сана: 2021-06-17        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

Гузориш аз рафти аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатми мактаб дар муассисаҳои таълимӣ

Тавре маълум аст,  шурӯъ аз 08.06.2021 дар  тамоми муассисаҳои таълимии кишвар  аттестатсияҳои  аз синф ба синф  гузаронидан ва хатми мактаб оғоз гардида, бо муваффақият идома ёфта истодааст. Бо мақсади  огоҳӣ ёфтан аз раванди  баргузории аттестатсияҳои мазкур ба чанд таълимгоҳи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ рафтем.  Рӯзи 10 июн ба муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 107-и ноҳияи Шоҳмансур омадем. Бо мушояати директори мактаб Раҷабгул Холова дар имтиҳон аз фанни технологияи иттилоотӣ дар синфи 11-и а иштирок намудем. Моро он чиз хурсанд кард, ки мудири шуъбаи маорифи ноҳия  Каримзода Матлуба Латиф дар  аттестатсия ҳузур дошта, бевосита ба ҷавобҳои хонандагон шинос мешуд. Мавсуф дар суҳбат иброз  дошт, ки соли ҷорӣ 2441 нафар хатмкунандаи синфи 11-и ноҳия тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишкадаю донишгоҳҳои кишвар ва берун аз он ҳуҷҷат супурдаанд, ки ин 88 фоизи  нақшаро ташкил медиҳад. Ба тасдиқи мудири шуъбаи маорифи ноҳия, имсол  муассисаҳои таълимии қаламрави ноҳияро 30927 нафар хонандаи синфи 9 хатм мекунанд, ки аз ин теъдод нафарони зиёде ба коллеҷҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҳуҷҷат месупоранд. Муовини директори муассиса оид ба таълим Зеварой Сафарова мегӯяд, рӯзи аввал (08.06.2021) 8 синфи 4 аз  фанни забони модарӣ диктант навиштанд.

Чунонки З.Сафарова иттилоъ дод, натиҷаҳои аттестатсияҳои баргузоршуда умедворкунандаанд. Аз ҷумла, дар синфи 4-и а аз фанни забони модарӣ диктант аз рӯйи матни «Жола» гузаронида шуд, ки 8 нафар сазовори баҳои панҷ, 23 нафар баҳои чор, 11 нафар баҳои 3 гардидаанд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ҳамин ноҳия яке аз  таълимгоҳҳои пешқадаму намунавии пойтахт маҳсуб ёфта, дар он 868 нафар хонанда таҳсил мекунанд.  Рӯзи аввал дар синфи 11 аз забони англисӣ ба таври шифоҳӣ аттестатсия гузаронида шуд, ки ҳамагӣ 26 нафар  иштирок доштанд. Дар синфҳои 9 -и а, б, ки аттестатсия аз фанни алгебра шифоҳӣ баргузор шуд, 67 нафар хонанда пурра иштирок намуданд. Дар  синфи 4  115 нафар аз фанни математика кори хаттӣ навиштаанд. Хонандагони синфи 8 аз забони модарӣ аз рӯйи матни «Тӯтии озодихоҳ» нақли хаттӣ навиштанд.

-Натиҷаҳои аттестатсияҳо қонеъкунанда мебошад, - мегӯяд директори мактаб  Анора Исматуллоева ва меафзояд, ки аз забони модарӣ дар синфи 8-и б аз  нақли хаттӣ  ҳашт нафар баҳои панҷ, ҳафт нафар баҳои чор, 20 нафар баҳои се, дар синфи 4-и а аз диктант 12 нафар баҳои панҷ, 10 нафар баҳои 4, 12 нафар баҳои 3 гирифтанд.

Рӯзи 11-уми июн ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и пойтахт омадем. Тибқи иттилои  муовини директор оид ба  таълим Рӯзигул Ёрматова, имрӯз дар 11 синфи 4 аз фанни математика ба таври хаттӣ, 3 синфи 10 аз фанҳои забони русӣ (шифоҳӣ), забони англисӣ (шифоҳӣ) ва адабиёти тоҷик  (эссе), дар  2 синфи 8 аз фанҳои забони тоҷикӣ (нақли хаттӣ), технологияи иттилоотӣ (шифоҳӣ), дар  2 синфи 7 аз фанҳои география (шифоҳӣ)  ва забони англисӣ (диктант), 3 синфи 6 аз математика  кори хаттӣ ва 3 синфи 5 аз ҳамин фан  кори хаттӣ гузаронида мешавад.

-Чанд дақиқа пеш аттестатсия аз фанни забони англисӣ (имлои санҷишӣ) дар  синфи 7-и ғ ба анҷом расид, - гуфт Р.Ёрматова.

Дар  таълимгоҳи зикршуда 3720 нафар хонанда таҳсил мекунанд, ки ба онҳо 114 нафар омӯзгор дарс мегӯянд. Соли равон аз 147 нафар хатмкунандаи синфи 11-и муассиса 117 нафар тариқи Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба ММТ ҳуҷҷат супурдаанд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдакӣ, аз ҷумла, ҷамоатҳои деҳоти Роҳатӣ ва  Гулистон аттестатсияҳои  аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар сатҳи баланд баргузор гардид.

-Шахсан худам рӯзҳои баргузории аттестатсия дар мактабҳои №№ 41,51,180-и Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ ва рақамҳои 179, 42, 43, 166-и Ҷамоати деҳоти Гулистон қарор доштам ва бо раванди аттестатсияҳо аз наздик шинос гардидам,- мегӯяд корманди раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Умаралӣ Раҳимов.  Омӯзгорон сари вақт ба мактаб ҳозир шуда, бо ҳисси масъулияти баланд аттестатсияҳоро тибқи талабот баргузор менамуданд. Мактабҳо бо маводи аттестатсионӣ аз тарафи раёсати маориф  пурра таъмин гардида буданд, - изҳор дошт Умаралӣ Раҳимов.

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш