Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар тайёр намудани мутахассисони варзида барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳми арзанда дорад. Вобаста ба фаъолият ва дастовардҳои донишгоҳ, суҳбате доштем бо ректори он, доктори илмҳои педагогика, профессор Абдусалом Мирализода.
Мавсуф зимни суҳбат иброз дошт, ки дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илму маориф аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки давлату ҳукумати Тоҷикистон муайян гардида, то имрӯз даҳҳо санади меъёрию ҳуқуқӣ таҳия, такмил ва барномаҳои давлатӣ амалӣ карда шуданд. Ҳайати олимону устодон ва донишҷӯёни ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои татбиқи барномаҳои давлатӣ корҳои назаррасро ба сомон расониданд, ки ба рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ такони ҷиддие бахшид.
Донишгоҳ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯйи 36 нишондиҳандаи таълимию илмӣ роҳандозӣ гардид, дар ҷойи 12 қарор гирифт, ки нисбат ба соли гузашта 5 зина боло аст.
Дар донишгоҳ 562 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 1 нафар академик, 8 нафар доктори илм, 78 нафар номзади илм ба фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд.
Дар 31 кафедраи донишгоҳ аз рӯйи 23 равия, 30 проблема ва 39 мавзӯъ омӯзгорон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул буда, ҳамасола ба табъу нашр ва таҳияи рисолаву монография ва китобҳои илмию таълимӣ машғул мебошанд.
Донишгоҳ барои пешрафти соҳаҳои илм ва омода кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ шурӯъ аз соли 2013 дар асоси қарори Шӯрои олимони донишгоҳ омӯзгоронро барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ бо маблағи 3000 сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаҳои докторӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ҳавасманд мегардонад.
Дар соли 2021 барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ 4000 сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаҳои докторӣ 6000 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Дастаи олимпии донишгоҳ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки 12-13-уми марти соли 2020 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, сазовори 1 ҷойи аввал ва 2 ҷойи сеюм шуданд.
Дар озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” аз фанҳои математика ва технологияҳои иттилоотӣ Бахтинур Ахмедов, донишҷӯи курси 4-уми факултаи физика ва математика, аз фанни математика сазовори ҷойи 1-ум гардида, бо диплом ва 5000 сомонӣ қадрдонӣ шуд.
Инчунин, узви маҳфили “Барномасози ҷавон” Саъдӣ Розиқзода донишҷӯи курси дуюми факултаи физика ва математика дар озмуни “Лоиҳаҳои инноватсионии соҳибкорӣ”, ки дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, ҷойи ифтихориро ба даст овард.
Донишҷӯи курси 4-уми факултаи филологияи хориҷӣ Омина Юсуфзода дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин лоиҳаи тиҷоратию инноватсионӣ дар соли 2020” ғолибият ба даст оварда, бо диплом сарфароз гардонида шуд.
Ҳамчунин, аз ҷониби устодону кормандони донишгоҳ як зумра лоиҳаҳо дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ дар ҷараёни таълим ва илм татбиқ гардидаанд. Дар соли гузашта муаллими калони кафедраи химия Тешахон Ҳусайнов оид ба “Истеҳсоли нуриҳои фосфорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо технологияи навин” соҳиби “Нахустпатент ба ихтироъ” гардид. Дар маҷмӯъ, аз соли 2013 то имрӯз 12 нафар омӯзгор ва 1 нафар донишҷӯ соҳиби “Нахустпатент ба ихтироъ”гаштанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карданд ва инро метавон аз тадбирҳои ояндасози миллату давлат донист.
Дар робита ба ин, дар ду соли охир дар донишгоҳ 4 конфронс баргузор гардид.
Инчунин, давоми 2 соли охир 5 нафар саромӯзгори факултаи физика ва математика рисолаҳои илмии худро ҳимоя намуда, 4 нафар омӯзгор дар арафаи ҳимоя қарор доранд.
Донишгоҳ дар самти илм ва инноватсия бо 95 ташкилоту муассисаи хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Танҳо дар соли 2019 донишгоҳ бо 11 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ, маркази илмӣ ва созмони байналмилалӣ созишнома ва ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба тасвиб расонид.
Соли 2019 бештар аз 40 нафар устод, корманд, докторанти PhD, аспиранти донишгоҳ барои иштирок дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳсил, коромӯзӣ ва ҷиҳати ширкат дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба донишгоҳҳо ва марказҳои илмии хориҷи кишвар сафарбар гардиданд. Ҳамчунин, дар соли таҳсили 2020-2021 озмуни грантҳои хурд барои дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои илмию инноватсионии донишҷӯён, магистрантон ва докторантони PhD эълон шуд, ки дар он 32 лоиҳа ворид гардид. Пас аз ҷамъбаст 8 лоиҳаи беҳтарин интихоб ва барои маблағгузорӣ пешниҳод гардид.
Дар давоми соли сипаригашта хобгоҳи донишҷӯён пурра аз таъмир бароварда шуда, дар 2 ҳуҷраи корӣ дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва дар саҳни ҳавлии хобгоҳ 2 адад равшанидиҳандаи баланд насб карда шуд. Ҳамзамон, дар назди хобгоҳи донишҷӯён чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд.
Барои боз ҳам беҳтар гардидани фаъолият дар ин самт ва дастрасии омӯзгорону донишҷӯён ба китоб фонди китобхонаи донишгоҳ сол то сол зиёд гардонида шудааст. Миқдори умумии китобҳо зиёда аз 296 801 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 196 325 адади онро китоби электронӣ ташкил медиҳад.
Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон факултаи сол, кафедраи сол, омӯзгори сол, олими сол, сарпарасти гурӯҳи академии сол, варзишгари сол ва маҳфили солро муайян намояд.
Таҳияи Шариф АБДУЛҲАМИД,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр