Дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав донишҷӯёни хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва ғайра таҳсил мекунанд. Аз тарафи маъмурияти донишгоҳи мазкур донишҷӯёни хориҷӣ дастгирии доимӣ ёфта, дар маркази таваҷҷуҳ мебошанд.
Бо мақсади таҳлили вазъ ва натиҷагирӣ санаи 11-уми июни соли 2021 дар толори Қасри фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрӣ бо донишҷӯёни аз хориҷи кишвар таҳсилкунанда баргузор гардид, ки дар он ректори донишгоҳ Сайфиддин Давлатзода, муовинонаш - Қудратулло Абдураҳимзода, Холмурод Раҷабзода, Икром Фатҳуллоев иштирок доштанд.
Сайфиддин Давлатзода зикр намуд, ки дар раванди иҷрои нақшаи раёсати робитаҳои байналмилалӣ оид ба пешбурди корҳо масоили робитаҳо, ҷалб, таълиму тарбияи донишҷӯёни аз хориҷи кишвар таҳсилкунандаро дар бар мегирад. Дар баробари ба таълим фаро гирифтани шаҳрвандони ҷумҳурӣ, яке аз самтҳои фаъолияти ҳар муассисаи олии касбӣ хуб ба роҳ мондани робитаҳо бо хориҷи кишвар мебошад, ки ҷиҳати иқтисодӣ, сиёсӣ ва азхудкунии илмҳои муосир ва ғайраро дар бар мегирад.
Гуфта шуд, ки сол то сол таҳсили ҷавонон аз хориҷи мамлакат дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бештар мегардад.
Ректори донишгоҳ донишҷӯёнро барои риоя кардани талаботи ягонаи донишгоҳ, давомот дар дарсҳо ва риояи интизоми намунавӣ даъват намуд. Дар рафти вохӯрӣ ба 9 нафар донишҷӯи хориҷӣ Ифтихорнома ва Сипосномаи раёсати донишгоҳ ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқҳои касабаи донишгоҳ барои дар раванди таҳсил фаъолият нишон додан супорида шуд.
С.АЗИЗӢ,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр