Нашрияи Омӯзгор

Сарвати миллат

Сана: 2021-06-17        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Соли ҷорӣ дар кишвари азизамон 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бошукӯҳ  таҷлил мегардад. Дар ин давра дар кишварамон дигаргуниҳои  куллӣ ба амал омаданд. Ба ҳар гӯшаву канори мамлакатамон сафар намоем, мебинем, ки мардум дар иттиҳоду ҳамбастагӣ баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани кишварамон талош доранд. Роҳҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ рафтуомад бо тамоми минтақаҳои мамлакатро дар ҳамаи фаслҳои сол таъмин менамоянд. Равобити байналмилалӣ низ густариш ёфт.  Бахшида ба ин санаи таърихӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар бунёдкориҳо бомаром идома доранд. Имрӯз дар назди аҳли маориф вазифаи пурмасъулият – таълиму тарбияи насли наврас қарор дорад. Мо бояд, пеш аз ҳама, хонандагонро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намоем ва наслеро ба камол расонем, ки ба қадри озодиву сулҳу ваҳдат бирасанд ва дар рушду пешрафти Ватанамон саҳмгузор бошад. Дарвоқеъ, мо танҳо бо роҳи сулҳу ваҳдат, иттиҳод ва якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва Ватани аҷдодии худро ҳифз карда метавонем. Дар диёре, ки сулҳу амонӣ ва дӯстиву якдигарфаҳмӣ ҳукмфармост, тараққиёту пешрафт ва  шукуфоӣ бештар ба чашм мерасад, иқтисодиёташ рушд кардаву фарҳанг, маориф ва сиёсат ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардад.

Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем, дармеёбем, ки  миллати тоҷик ранҷу азобҳои  зиёдеро аз сар гузаронидааст ва баҳри ба даст оврдани истиқлол марҳилаҳои зиёдеро пушти сар намудааст.  Аз ин рӯ, ба қадри ин неъмати бебаҳо расидан  ва дар рушду пешрафт ва шукуфоии бештари он саҳм гузоштан вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту хештаншинос мебошад.

Қурбонгул АСРОРОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №75-и

ноҳияи Фирдавсӣ   


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш