Нашрияи Омӯзгор

Ҳадаф: тайёр намудани мутахассисони ҳирфаӣ

Сана: 2021-06-17        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

Бо мақсади амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушди Бонки ҷаҳонӣ созишнома ҷиҳати маблағгузории Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» имзо гардид.

Дар ин замина, дар асоси натиҷаҳои озмун барои гирифтани грант байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Данғара Созишномаи грантӣ аз 30.11.2018, №09/1 ҷиҳати маблағгузории лоиҳаи барномаи грантии озмунӣ “Мукаммалгардонии нишондодҳои сифати омода намудани мутахассисони соҳаи сохтмони гидротехникӣ дар асоси талаботи стандартҳои байналмилалӣ” маблағи 2257394 сомонӣ ҷудо гардид.

 Мақсад ва вазифаҳои асосии татбиқи лоиҳа, таҳияи стандарт, нақша ва модулҳои таълимӣ, ташкили ҷараёни таълим аз рӯи соҳаҳои сохтмони гидротехникӣ ва беҳсозии муҳит, ҷорӣ намудани масъалаҳои таъмини амнияти бехатарии иншооти гидротехникӣ дар асоси стандартҳои аврупоӣ ва таъсиси маркази озмоишӣ-тадқиқотӣ дар заминаи донишгоҳ буданд.

Дар амал татбиқ намудани лоиҳаи “Мукаммалгардонии нишондодҳои сифати омода намудани мутахассисони соҳаи сохтмони гидротехникӣ дар асоси талаботи стандартҳои байналмилалӣ” дар марҳилаҳои гуногуни гузаронидани мониторинги мавҷудияти ҷойдошта дар ҷаҳон сарчашма гирифта, аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иншооти зиёди гидротехникии вобаста ба неругоҳҳои обии барқӣ сохта ба истифода дода шудааст, асоснок карда шудааст.

Дар марҳилаҳои аввали иҷрои ҳадафҳои лоиҳа, гурӯҳбандии масъалаҳо вобаста ба мушкилоти ҷойдошта аз нигоҳи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ва дар ин замина, таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ ба асос гирифта шуда, таҳлили модели мутахассисони оянда, барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ (стандарт), ки ба таҳияи нақшаҳои таълимӣ мувофиқ шудааст, ба роҳ монда шудааст.

Мазмуну мундариҷаи онҳо бо назардошти азбар намудани донишу малакаҳои касбӣ, гузаронидани мониторинг, истифодаи иншооти гидротехникӣ, лоиҳакашии иншооти гидротехникӣ, интихоби масолеҳи истифодашаванда, аз худ намудани технологияҳои эминдорӣ аз ҳодисаҳои физикии гидрогеологӣ ва дигар масъалаҳо ба инобат гирифта шудааст.

Дар марҳилаи дуюми татбиқи лоиҳа, асоснокнамоии таҳлили Маркази озмоишгоҳӣ-таҳқиқотӣ (МОТ) бо интихоб ва ҷиҳозонидани таҷҳизоти лозимӣ ба роҳ монда шудааст.

Асоснокнамоии МОТ аз ҷониби мушовирони маҳаллӣ ва хориҷи кишвар ташкил гардида, бо истифода аз он дар донишгоҳ на танҳо озмоишгоҳи муосири омӯзиш ва хулосабарории таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ, инчунин, дар оянда табдил додани он ба маркази сертификатсионӣ дар назар дошта шудааст.

Масъалаҳои стратегии иҷрои лоиҳа аз ҷониби иштирокчиён ва масъулони лоиҳа дар давлатҳои Аврупо (Швейтсария ва Ҷумҳурии Лаҳистон) мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифта шуда, дар заминаи Донишгоҳи давлатии Данғара амалӣ гардидааст.

Ҷиҳати омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, аз ҷумла, таҷрибаҳои муассисаҳои олии касбии хориҷи кишвар (Иттиҳоди Аврупо) оид ба тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи сохтмони гидротехникӣ, таъмини амнияти бехатарии иншооти гидротехникӣ, баҳогузории онҳо, сафари шиносоии гурӯҳҳои мушовирони лоиҳа, аз ҷумла, як зан аз муассисаҳои олии касбии Аврупо (Донишкадаи федералии Швейтсария, ш. Сюрих, Донишгоҳи политехникии Люблин, Ҷумҳурии Лаҳистон) дар санаи 02-юм то 10-ум апрели соли 2019 бо истифода аз маблағҳои пешбинишудаи лоиҳа амалӣ гардид.

 Ҳамзамон, бо таълимгоҳҳои бонуфузи дорои таҷрибаи тайёр намудани мутахассисони соҳаи сохтмони гидротехникӣ ва таъмини бехатарӣ, дар мисоли Донишгоҳи миллии захираҳои об ва истифодаи табиат (ш. Ровно, Украина) ҳамкорӣ ба роҳ монда шуд.

Дар муҳлатҳои муқаррар-гардидаи татбиқи лоиҳа корҳои зерин ба сомон расонида шуданд:

1. Стандарти давлатии таълимии фанни умумикасбӣ таҳти унвони “Бехатарии иншооти гидротехникӣ” (таҳия гардид).

2. Стандарти давлатии таълимии фан таҳти унвони “Сохтмони гидротехникӣ” (таҳия гардид).

2.1. Дар нақшаи таълимии ихтисоси 1-70040101 - “Сохтмони гидротехникӣ” таълими чунин фанҳо бо кафолати надоштани аналог дар амалӣ гардонидани ин нақша фанҳои зерин ворид карда шудаанд:

- Таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ (таҳия гардид).

- Регламенти техникӣ ва асноди меъёрӣ-ҳуқуқии бехатарии иншооти гидротехникӣ (таҳия гардид).

3. Стандарти давлатии таълимии фан таҳти унвони “Лоиҳакашӣ ва истифодаи сохтмони деҳот бо назардошти талаботи бехатарӣ” (таҳия гардид).

3.1. Дар нақшаи таълимии ихтисоси 1-74040101 - “Сохтмони деҳот ва беҳсозии муҳит” таълими чунин фанҳо бо кафолати надоштани аналог дар амалӣ гардонидани ин нақша фанҳои зерин ворид карда шудаанд:

- Дигаргунсозиҳои меъморӣ ва иҷрои талаботи бехатарӣ дар сохтмони деҳот (таҳия гардид).

- Лоиҳакашӣ ва таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ дар сохтмони деҳот (таҳия гардид).

Дар доираи татбиқи лоиҳа, аз тарафи гурӯҳҳои кории лоиҳа ва мушовирони хориҷӣ Стандарти фанни умумикасбӣ таҳти унвони “Таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ” дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ ва дохилӣ (стандарт бо забони русӣ дар ҳамкорӣ ба мушовирони хориҷии Донишгоҳи миллии захираҳои об ва истифодабарии табиат (ш.Ровно, Украина) ва бо забони англисӣ дар ҳамкорӣ бо шарики хориҷии Донишгоҳи политехникии Люблин (Ҷумҳурии Лаҳистон) дар асоси талаботи байналмилалӣ ва дар мувофиқа ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуд.

Насим АЛИМОВ,

менеҷери лоиҳа


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш